, Шанбе, 12-октябр

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЭҲЁГАРИ ОЯНДАИ ДАВЛАТДОРӢ

 22.06.2023 245

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЭҲЁГАРИ ОЯНДАИ ДАВЛАТДОРӢ

Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибгохи пайвастаи заминагузорӣ ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилали дар муддати кутоҳи таърихӣ ба қавли Президенти кишвар "то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид".

Дар арсаи таърих бисёр халқҳои ин ё он кишвар дар оғози марҳилаи навини давлатдории хеш ба ихтилофоту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки баҳри устуворӣ ва пойдорсозии дастовардҳои миллиашон пайгирона талош варзидаву чоннисориҳои зиёд намуданд.  Бо тоҷикон низ дар марҳилаи аввали истиқлолият чунин ҳодиса рух дод ва зиддиятҳои гурӯҳӣ ба миён омаданду оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зад  ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва дар баробари ин боз хатари парокандашавии миллати тоҷик ба миён омад. Дар чунин вазъият ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду хушбин ва иродатманду миллатдӯст ниёз дошт.

Дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар ш. Хуҷанд дар қасри “Арбоб” Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон гузаронида шуд. Дар ичлосия 19-ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздихии пинҳонӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан барномаи сиёсии хешро ба таври мушаххасу возеҳ иброз дошт, ки “ Баҳри истиқрори сулҳ  дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам”.

Вале ҳамоно ҷангӣ шаҳрвандӣ идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда он лахзаҳои пурдоғу пурдардро мебинем ва дарк мекунем, ки Сарвари давлатамон,  мухтарам Эмомалӣ Раҳмон  он вақт ҷонашро ба гарави сулҳ монда будааст. Чуноне, ки ин абармарди ватанпараст дар рӯзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш, чунин гуфта буд: “ Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам ё дар  ин роҳ ҷони худро нисор мекунам ”.

Дар чунин шароит бо максади аз ин вазъи сангин раҳои ёфтан, моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди ҳайати ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва иттиходи мухолифини тоҷик оғоз ёфта, то моҳи июни соли 1997 давом кард ва 8-давраро дар бар мегирад. Гуфтушунидҳои мазкур дар Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон ва дар ҳузури созмонхои байналхалкии ҷаҳон, аз он чумла СММ, Созмони амняту ҳамкори дар Аврупо, ИДМ ва монанди инхо дар тӯли 40 моҳ сурат гирифт. Дар натича 27 июни соли 1997 дар шахри Москва “Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризояти милли дар Точикистон” қабул гардид, ва ин сана дар таквими миллати мо хамчун Рузи Вахдати милли сабт гардид.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиклол ва сохибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Аллакай имрӯз истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари чахон муаррифи намуда ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитахои байналхалки сиёсати дӯстона ва сулхчӯёнаро пеш гирифта, дар рохи расидан ба қуллахои баланди истиклолият ва таъмини сулху амният мавқеи худро устувор намуд.

Вақте Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд, пайи хам чандин мушкилихое пеш омад, ки чумхури дар танҳоӣ имкони ҳаллу фасли онхоро надошт. (5) Бо вуҷуди мушкилоти дохили ва таъсири харобиовари вазъи маъмулии кишвар мо тавонистем кишвари худ ва истиқлолияти давлатиро хифз намоем. Ин раванд дурустии мавқеву манзалати роҳбарияти давлату ҳукуматро собит сохт, ки кишвари мо тавонист аз чунин мушкилии бузурги пешомада рахои ёбад.

Хушбахтона имрӯз Тоҷикистон ва мардуми сохибфарҳанги он дар остонаи чашни миллӣ – Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ қарор доранд. Ин ҷашн дар шароите таҷлил гардида истодааст, ки бо таҳким бахшидани сиёсати давлат ва фаъолиятхои ҳукумат дар рохи расидан ба ҳадафхои милливу стратегӣ суръати нав пайдо менамояд.

Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун як давлати соҳибихтиёр ва тозаистиқлол ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзи хастӣ дорад. Ин боиси ифтихору ватандории хар яки мо мебошад. Ҳамзамон дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ дар муносибатҳои судманди сулҳхоҳона нуфузу эътибори хоса пайдо кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва субъекти комилҳуқуқи муносибатхои байналхалқӣ шинохта шуд.

Тамоми ин натиҷаи сулҳу субот, оштии миллии тоҷикон, неъмати Ваҳдати миллӣ талошу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат мебошанд, ки насиби Тоҷикистон ва миллати тоҷик гардидааст.

Мирзоев Некқадам, унвоҷӯйи кафедраи сиёсатшиносии  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат