, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 22.06.2023 237

НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати милли ин якдилӣ ва якпорчагии давлати азизамон ба шумор рафта, сарнавишти Тоҷикистон ва ояндаи халқи тоҷикро муайян месозад. Дар рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ рӯзноманигорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун фикру андешаҳои худро оиди Ваҳдати миллӣ ва нақши ваҳдат дар пешрафти илму фарҳанг, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ба таври васеъ баён сохтаанд.

Воқеаниҳам бо туфайли ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон ба як давлати пешрафта табдил ёфта рӯ ба беҳбуди ниҳода истодааст. Бояд гуфт, ки нақши матбут дар пойдори ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ басо бузург аст, зеро суханоне, ки бахшида ба ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам нигоҳдории он аз ҷониби рӯзноманигорон, равшанфикрон ва зиёиён гуфта мешавад, ба воситаи матбуот сурат мегирад.

Дар солоҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳои кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи матбуот ва телевизион баромад намуда, халқро ба сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳми даъват намуд. Маҳз бо шарофати сухарнониҳои Пешвои миллат ва равшанфикрони сулҳхоҳ, ки тариқи расонаҳои хабари дарҷ гардида буд, ваҳдати миллӣ ба даст омад. Бояд гуфт, ки ба даст омадани Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон бо ташшабус ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Вобаста ба ин мавзуъ донишманди тоҷик, Зафари Мирзоён дар мақолаи хеш, таҳти унвони «Ваҳдат гувоҳи шикастнопазирии миллат аст» нақши сулҳофаринии Сарвари давлатамонро чунин арзёби кардааст:

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар садаи ХХ мелодӣ нодии ваҳдати миллӣ ва бақои қавм ва зомини давомёбӣ ва нигаҳбонии фарҳангу забон ва миллати тоҷик мебошад, роҳи паймудаи мардумони ориёитаборро бо чашми хирад омӯхта, дар зимн нигаҳи хешро бо шикастҳои пай дар пай дар пайи гузаштагонамон андӯхтааст ва ба таҳлили ҳамаҷониба дарёфтааст, ки мо тоҷикон беш аз ҳамеша ба ҳушёрӣ ва ягонагии (ваҳдати) миллӣ ва дурандешиҳои хирадмандона бар бунёди таҷрибаҳои пирӯзманди гузашта ниёзмандем».

Ваҳдат дар ҳаёти мардуми тоҷик ба калимаи Сулҳ пайванд гардида, маҳфуми бештареро фарогир гардид. Дар рӯзномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар баробари мақолаҳои илмиву таҳлилӣ, мақолаҳои хонандагони оддӣ, ки дар мавзуи ваҳдат ва сулҳу субот бахшида шудаанд, дарҷ гардидааст, ки ин ҳам як омили мустаҳкам нигоҳдории ваҳдати миллӣ мебошад.

Воқеан ҳам сулҳу ваҳдат ибораи бисёр ҳам фараҳбахш буда, бо шунидани он шахс як рӯҳу илҳоми дигар мегирад. Аз ин ибора мо дар ҳаёти ҳаррӯза хеле зиёд истифода мекунем, вале намедонем, ки барои ба даст овардани он заҳмат ва иродаи мустаҳкам доштан даркор аст. Ваҳдат ин беҳтарин неъмати бебаҳо дар ҳама давру замон буд ва ҳаст. Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо дар сурати ваҳдат мо метавонем тамоми душвориҳо ва мушкилотҳоро паси сар карда, рӯзгори мардуми сарзамини хешро беҳтар намоем. Чуноне ки Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон қайд карданд: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ба ҳам омадани мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, яъне ваҳдати миллӣ бирасем ва ҳамчун рӯзноманигорони оянда ҳамавақт дар саҳифаҳои рӯзнома доир ба ин неъмати бебаҳо мақолаҳо дарҷ намуда, ваҳдати миллиро дар саҳифаҳои нашрияҳо мустаҳкам нигоҳ дорем.

Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат