,
Душанбе, 09-декабр
Терроризм ва экстермизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин мафҳум ба ҳам пайваста аст.
Экстремизми тундрав аз андоза гузашта ба терроризм меорад. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинӣ “террор” сарчашма гирифта, маънояш тарсу ваҳм аст. Террористон мехоҳанд мақсаду маромҳои нопоки худро бо роҳи зуроварӣ ваҳм ва ноумеди пиёда созанд.
Ба ақидаи аксарияи муҳаққиқон, сиёсатшиносон ва рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор омада, ин падида дар тамоми гушаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Терроризм ва ифратгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст.
Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи иҷтимоии узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавӣ, муносибатҳои иқтисодиву иҷтимои рушду соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои ҳурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактаб равияҳои гуногуни диншиносии Ғарбу Шарқ равшангарӣ ин гуфтаҳост. Мутаассифона дар тули чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое, ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардидаанд. Чунин низоъро имрӯз мо метавонем дар баъзе аз кишварҳои олам мушоҳида кунем, ки ба ҷомеаи ҷаҳони таъсири манфӣ дорад.
Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои номатлуби худ ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд. Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторхои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем.
Бо мақсади таъмини амнияти давлат, техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир, бунёди иншооти сарҳадӣ, мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва кадрҳои баландихтисос омода намоем. Барои ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдориии суботу сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобали ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар амали он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёраи Замин аст.
Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб, бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир будани пешрафти илму техника рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омӯзиши пажуҳишоти зарарҳои дохилии атомию метагалактикаҳои олами нопайдоканори коинот масъалаи терроризм ва ифротгарӣ ҳанӯз хатарафзову ташвишовар ва даҳшатнок боқӣ мемонад.
Моро мебояд, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷавонону наврасони фаъолро барои пешгирии аз ин падидаҳои номатлуб дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намоем.
Шараф Раззоқӣ, дотсент