,
Якшанбе, 22-декабр
Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ буда, сарчашмаи асосии равобити ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳо, суботу амнияти ҷомеаҳо, рушду тараққиёти кишварҳо ва муҳимтарин заминаи пешрафтҳои иқтисодиёт ба шумор меравад.
Зарурати таърихии инкишофи ҷомеаҳои мутамаддин дар замони муосир тақозо дорад, ки фаъолияти амалии мақомоти гуногунзинаи давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ баҳри рушду такомули давлат, соҳибмаърифат шудани шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа ҳадафмандона равона гардад. Воқеъияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд нахоҳад омад ва билохира дар байни онҳо ноиттифоқӣ ва моҷаро сиёсӣ сар хоҳад зад. Ба андешаи донишманди тоҷик А. Маҳмадов «ваҳдат пойдевори ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Миллати тоҷик даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз хотираҳо дур карда наметавонанд, аммо арзиши ваҳдату бародариро хеле болову воло ҳис кардаанд» [6, с.249]. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз тамоми нерую имкониятҳо ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқ, беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем. Ба андешаи М. Убайдуллоев «барои он, ки сулҳу ваҳдат устувор гардад, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хуб корбаст карда шавад» [8, с.34]. Иқдоми давлат дар татбиқи сиёсат фароҳам овардани фазои ягонаи сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба арзишу анъанаҳои ниёгонамон мебошад.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ эҳтироми васеи арзишҳои мафкуравӣ зарурати аввалиндараҷа доранд. Онҳо омили муҳимми таъминкунандаи талаботи амниятии одамон, мустаҳкамсозии асосҳои суботи ҷамъиятӣ мебошанд. Бо таъмини халалнопазирии ин ниёзҳои аввалия дар давраи ҳозираи тараққиёти ҷомеаҳо талабот ба зиндагии шоиста ташаккул ёфта, рисолати ваҳдати миллӣ низ аз мусоидати созанда ба ин равандҳо иҷро мегардад. Давлат на танҳо таҳкимбахши ваҳдати миллӣ, балки мақоми ҳалли манфиатноки масъалаҳои мубрами ҳаёти гуногунҷабҳаи ҷамъиятӣ низ мебошад.
«Бояд гуфт, ки дар ҷодаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ саҳми маориф бештар аз пештар меафзояд, чунки он ба воситаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ рисолати эҷоди заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро бар дӯш дорад. Пушида нест, ки ояндаи мамлакат ба фаъолияти бо самар ва рушду нумуи маориф вобастагии зиёд дорад» [1, с.5]. Ин табиист, зеро имрӯз ҷомеае нест, ки дар таҳаввулу пешрафти он низоми таълиму тарбия нақши чашмгир надошта бошад. Нақши низоми маориф дар таҳкими ваҳдати миллӣ одатан дар ду самт намудор мегардад. Низоми маориф на танҳо барои афзоиши нерӯи истеҳсолии аъзои ҷомеа, инчунин дар дигаргунии шеваи зиндагии иҷтимоии мардум, аз ҷумла, ҷавонон хидмат менамояд. Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи пурмасъулияти иҷтимоию сиёсӣ ба дӯш дошта, дар тарбияти маънавии насли ҷавони мамлакат нақши муассир мебозанд. Бар ин бино ба ҳар андоза, ки тарбият беҳтар ба роҳ монда шавад, таъсири мутақобилаи он ба таҳкиму инкишофи ваҳдати миллӣ бамаротиб афзун хоҳад шуд. Сиёсатшиноси тоҷик Х. Қудусов дар ин маврид чунин менигорад: «Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик хеле арзишманд буда, ба оромию сулҳу салоҳ вобастагӣ дорад. Дар баробари ин, истиқлолият ва фазои солими ҷомеа барин арзишҳои олӣ вобастаи Ваҳдати миллӣ буда, ниёзмандии хешро нисбат ба таҳкими он зоҳир менамояд [5, с.191]. Воқеан ҳам муассисоти таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи он ниҳодҳои шаклдиҳандае мебошанд, ки барои расидан ба ваҳдати иҷтимоӣ пайваста саҳим мебошанд ва ҳисси садоқатро нисбат ба давлат, ҷомеа, эҳтиром ба муқаддасоти онро дар ҷавонон парвариш медиҳанд.
Ваҳдат ва таҳкими он чун раванди асосии пешрафту тараққиёт ҳамеша саъю кӯшиши хастагинопазири аъзои ҷомеа ва кулли ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятиро тақозо дорад. Махсусан, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вусъат додани эътимоди иҷтимоии аъзои ҷомеа ба сифати яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ хеле барҷаста намудор аст ва аз ин хотир дар ин самт фазои ҳамкориҳои судмандро пайваста бо онҳо густариш додан ба манфиат кор аст. Имрӯз дар ҷомеаи мо маҳз тавассути тавсеаи ҳамкориҳои созандаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам омадааст ва минбаъд низ танҳо дар ҳамин замина мо метавонем Тоҷикистони азизро ба қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил диҳем.
Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, иттиҳодияҳои гуногун низ вазифадоранд, ки дар ҷодаи таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии мамлакат ибтикори ҳамешагӣ нишон диҳанд. Зеро бидуни фаъолияти босамари онҳо таъмини Ваҳдати миллӣ имконнопазир аст. Ба ақидаи профессор А. Муҳаббатов «ҳизбҳои сиёсӣ дар танзими равандҳо ва муносибатҳои сиёсии байни одамон, давлат ва ҷомеа саҳми беандоза доранд» [7, с.19]. Ҳар қадар эътимоди ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба якдигар густурдатар гарданд, ҳамон қадар устувории вазъи ҷомеа ва ҳамкории кулли аъзои он беҳтар ба роҳ монда мешавад. Минбаъд низ танҳо ба ҳамин васила мо метавонем баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон иқдом варзида, дар амалисозии тарҳҳои наву бунёдкоронаи он иштироки фаъол дошта бошем.
Бояд гуфт, ки яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи ҷонии худ ва тамоми ҷомеа ҳисобидан, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ саъю кӯшиши пайваста нишон додан аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам ин сифатҳо дар шуури баъзе аз аъзои ҷомеа ба қад-ри зарурӣ ташаккул наёфтаанд.
Нуқтаи муҳими дигаре, ки аз он метавон ёдовар шуд, эъломи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Пас аз ба тавсиб расидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар мамлакат пурра суботу амонӣ ҳукмфармо набуд. Зеро ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои даргири мамлакат нерӯҳои мухталифини силоҳбадаст намехостанд, ки ҳокимияти қонуниро итоат кунанд. Ҳодисаҳои нангин барои миллати тоҷик дар ноҳияи Тавилдара (соли 2009), дар шаҳри Хуҷанд (соли 2010) ва дар минтақаи Рашт (оғози соли 2011) далели муътамади онанд, ки дар он рӯзҳо душманони миллати тоҷик дар либоси экстримизму терроризм ва дар шакли ниҳоду ташкилотҳо ва ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ, мазҳабӣ ва динӣ дар байни ақшори гуногуни ҷомеа тухми иғво кошта, мехостанд бо ҳар роҳу восита сулҳу суботи кишварро халалпазир намоянд. Аз ин хотир, дар чунин шароити амну ором мо бояд ба ақлу хирад такя намуда, ҳушёрию зиракии сиёсӣ нишон диҳем, то ба доми бадхоҳони миллати тоҷик наафтем.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки стратегияи ваҳдати миллӣ ба равандҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ дар ҷомеа самти созандаву устувор бахшида, дар такмил ва рушди арзишҳои демократӣ, татбиқ ва пешбурди принсипи ҳамкорӣ бо тамоми ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, бахусус бо иттиҳодияҳои динӣ нақши муҳим мебозад. Зеро дар раванди глобализатсионӣ яке аз масълаи муҳим ин масъалаи дин ба ҳисоб рафта, давлатҳои абарқудрат кушиш менамоянд, ки манфиатҳои худро дар дилхоҳ минтақа, алалхусус дар давлатҳое, ки аксарияти бошандагони он мусалмон аст, дарёфт намоянд.
Дар иртибот ба масъалаи дин сиёсати пешгирифтаи давлати мо равшан буда, дар суханрониҳои Сарвари давлатамон борҳо возеҳ баён шудааст. Чунонки маълум аст, ҷавҳари ҳар як фарҳангу динро арзишҳои воло чун таҳаммулпазирӣ, манзалати инсон, донишу заковат ва хиради инсонӣ ташкил медиҳанд. Дар тамоми динҳо, бахусус дар дини мубини ислом имон ва асли ихтиёри шахс маҳаки асосӣ ва арзиши олӣ ҳисобида мешавад. Муҳаққиқи тоҷик Г.Н. Зокиров ба ин назар аст, ки «раванди глобаликунонӣ яке аз хусусиятҳои замони муосир буда, он ҷавоб ба мураккаб ва муқовиматомез гардидани муносибатҳои байниҳамдигарии инсон, ҷомеа ва табиат аст» [3, с.10]. Аз ин рӯ бояд донист, ки асли дунявият ва хусусияти дунявии давлати миллии мо низ маънои дахолат ба масъалаҳои имон, эътиқоди инсонҳо ва шаҳрвандонро надорад. Бинобар ин сиёсат ва стратегияи ваҳдати миллӣ бар ин авомил асос ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандонро шарти муҳимми суботу амнияти миллӣ меҳисобад.
Дар замони муосир бояд дар назар дошт, ки ваҳдати ому томи миллӣ ҳеҷ гоҳ дар асоси арзишҳои як худи дин шакл намегирад. Чунки ваҳдати миллӣ масъалаи танҳо динӣ ва сирф сиёсии як гурӯҳ ва ё ҳизбе намебошад. Он ифодаи талабот ва ниёзҳои тамоми ҷомеа, қатъи назар аз эътиқоди динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ аст. Агар аз мавқеи сиёсати байналмилалӣ назар афканем, сулҳи моро кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба хотири эътиқоди динии ин ё он ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ эътироф накардаанд. Созмонҳои байналмилалӣ онро маҳз ба хотири аз тарафи қувваҳои сиёсии ҷомеа эътироф шудани арзишҳои умумибашарии демократӣ ва дунявӣ, мухолифи экстремизми динӣ ва сиёсӣ будани аксарияти мутлақи аҳолии Тоҷикистон эътироф намудаанд.
Маҳз ҷонибдори ҳамаи арзишҳои демократӣ ва дунявӣ будан ва ҳамзамон арҷ гузоштан ба арзишҳои дини мубини ислом сиёсати ваҳдатофарини Президенти мамлакатамон ташкил дод, ки ҷониби маскунони кишвар ҷонибдорӣ ёфт ва обрӯю эътибори байналмилалии давлатамонро дар минтақа ва ҷаҳон боло бурд. Набояд фаромӯш кард, ки ҷомеа ҳамчун организми зинда мутағайир аст. Бинобар ин дар баробари ҳалли мушкилоти ҷомеа масъалаи дурнамои ваҳдати миллӣ набояд аз мадди назар дур шавад.
Бояд зикр намуд, ки яке аз мушкилоте, ки феълан ба ваҳдату суботи ҷомеа дар дилхоҳ кишвар таҳдид мекунад, масъалаи паҳн шудани амалҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин самт дар мамлакатамон тадбирҳои мушаххас амалӣ шудаанд. Ҳоло ҳамагонро зарур аст, ки бо ибрати шахсӣ, новобаста ба мақому мартаба дар ҷомеа дар мубориза бар зидди ин амали номатлуб аз худ саҳми арзанда гузорад, то тавонад ба ин васила заминаҳо ва авомили таҳдидкунандаи он ба тартиботи ҷамъиятиро ба пуррагӣ аз байн баранд.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҷиддии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, махсусан мақомоти қонунгузорро талаб мекунад, таҳлили вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва андешидани чораҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон мебошад. Бинобар ин омӯхтан ва чораҷӯйӣ кардан барои ворид шудан ба бозори меҳнат дар шароити кунунӣ аз самтҳои афзалиянок ва муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд, ки ин раванд дар айни замон ҷиҳатҳои мусбат дорад, аммо ҷанбаҳои манфии онро набояд аз мадди назар дур созем. Аз нигоҳи мо минбаъд сатҳи тахассусии муҳоҷирони меҳнатиро баланд бардошта, онҳоро дар бозори меҳнати кишварҳои пешрафта рақобатпазир сохтан масъалаи аввалиндараҷа муҳсуб мешавад. Аз сӯи дигар, кӯшиш бояд намуд, ки заминаҳои қонуниро дар эҷоди ҷойҳои нави корӣ тақвият ва густариш бахшем.
Масъалаи дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ҳифзи фазои иттилоотӣ, нигоҳ доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад, ки дар таҳти таъсири ғояҳои иртиҷоию бегона метавонанд, осоиштагии ҷомеаро халалдор менамоянд. Таъкиди Сарвари давлат дуруст аст, ки «ҳар миллате, ки бедор нест ва ё дар роҳи худшиносиву ҳам хаёлписандӣ, фориғболию ҷоҳилиро пеша мекунад, аз бузургтарин неъмати яздонӣ – Истиқлолу Ваҳдат ғояи пойдори пирӯзиҳо дар пешрафти ҳар ҷомеа мебошад, бенасиб мемонад» [8, с170].
Дар баробари масъалаҳои дар боло зикршуда инчунин таъмини амнияти иттилоотиро барои таҳкими ваҳдати миллӣ фаромуш набояд сохт. Ин падида дар ҷаҳони муосир масъалаи нав набуда, баъди инкишофи технологияи иттилоотӣ таъсири манфию мусбати худро берун аз марзҳо мегузорад. Ба андешаи Г.Н. Зокиров «имрӯзҳо амнияти иттилоотии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя дар зери хатар қарор дорад» [2, с.11]. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои ҳамсоя баҳси сарҳадӣ дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки тавассути иттилоот дар баъзе аз минтақаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ки фазои иттилоотии тоҷикӣ пойдор нест ва фазои иттилоотии кишварҳои ҳамсоя онро фарогир аст, таъсири манфӣ ба бор орад.
Масъалаи дигари доғи рӯз, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ доман густурдааст, маҳалгароӣ мебошад, ки бешак, ба аркони Ваҳдати миллӣ теша мезанад. Ин падидаи номатлуб метавонад, ки таъсири манфӣ ба бор орад. Зеро яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони қарни гузашта маҳалгароӣ буд. Муҳаққиқ У. Исаев андеша дорад, ки «мо то масъалаи дохилӣ, яъне маҳалгароиро аз байн дар дохили кишвар набарем, ба дараҷаи ақл нарасонем, дар масъалаи муносибатҳои байниҳамдигарии умумиятҳои миллию этникӣ коре анҷом дода наметавонем» [4, с.30]. Албатта, дар инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми ақалиятҳои миллӣ дида мешавад. Онҳо Тоҷикистонро кишвари бумии худ медонанд, чаро, ки шаҳрвандони онро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқа, барои ҳар як миллат новобаста ба тамаддун, фарҳанг ва ҷоншумори аҳолиаш на ҳамеша ба истиқлолияти давлатӣ даст меёбад. Маҳз ба тавассути пойдории ваҳдат худшиносии миллӣ дар шахс бедор мегардад, фарҳанги миллӣ мустаҳкам мешавад, давлат сиёсати хориҷии худро ба роҳ мемонад, нуфузашро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам мекунад. Зеро ваҳдати миллӣ каломи муқаддас ва ормонҳои деринаи дилхоҳ миллат ба шумор меравад.
Кучаров Алихон ва Комилова Раҷамо – ассистентони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ