, Якшанбе, 22-декабр

ВАҲДАТ – ТАҶАССУМГАРИ ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

 21.06.2023 223

ВАҲДАТ – ТАҶАССУМГАРИ ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад. Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқӣ ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи Тоҷикистон тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшави наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки таассуб, маҳалгароӣ, тангназариҳо дар шуури элитаи миллӣ ва динӣ ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ дар замони Иттифоқи Советӣ онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳни мардум табдил намеёфт. Вале дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омада омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд. Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рӯзҳои аввали соҳибистиклол гаштани ҷумҳуриамон гурӯҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Албатта, ҳар давлату ҷомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ ҷангҳои дохилӣ ва задухӯрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд. Вале табиати сулҳҷуёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаёти шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам». Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ дод. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.

Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҷама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар хҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофии роҳбарияти давлат зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.

Аз ин рӯ, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои хар як фарди ҷумҳурӣ, инчунин дӯстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳури низ ба ҳисоб меравад. Дар муддати 26 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиклоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд кайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «Инқилобхои рангин ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеахои Тоҷикистони мо хеле монанд ҳастанд. Бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварро, зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд.

Ҳар як инсоне ки ба ин дунё меояд ва дар рӯи Замин умр ба сар мебарад мехоҳад, ки дар кишвари орому осуда гом ниҳад. Ба хотири осудагии мардуми сарзамини мо 27-уми июни соли 1997 аввалин маротиба дар шаҳри Москав рӯзи Ваҳдати Миллиро эълон карданд. Аз ҳамон сол сар карда, ҳар сол 27 июнро ҳамчун рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар саросари кишвари мо ҷашн мегиранд.

Бояд гуфт дар тӯли ин солҳо Тоҷикистони азиз тавонистааст ба як кишвари зебову дилкаш мубаддал шавад. Ваҳдати Миллист, ки байни мардум дӯстӣ ва рафоқатро фароҳам месозад. Агар дӯстӣ намебуд кулли биноҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ хароб гашта буданд, обод намекарданд ва он гурезаҳое ки дур аз Ватан монда буданд дубора ба Ватан бар намегаштанд.

Маҳз ҳамин Ваҳдати Миллӣ буд, ки бо эълон намуданаш ҳисси ватандории ҳар як шаҳрвандро бедор карда рӯ ба сулҳ ниҳод ва таҷрибаи Сулҳи тоҷиконро имрӯз дар сар то сари ҷаҳон эътироф мекунанд.

Ҳасанов Бахтиёр - омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва Назарзода Бахтиёр - омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат