, Якшанбе, 22-декабр

ПЕШВОИ МИЛЛАТ–АСОСГУЗОР ВА ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

 21.06.2023 317

ПЕШВОИ МИЛЛАТ–АСОСГУЗОР ВА ҲОМИИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

«Сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст».

    Эмомалӣ Раҳмон

Агар мо ба гузаштаи начандон дури хеш назар афканем, мебинем, ки дар ҳақиқат Пешвои миллат ба саҳифаи таърихи тоҷикон муҳри давлатии воқеиятро гузоштааст. Яъне ба шаҳрвандони мамлакатамон расонидани моҳияту аҳамияти Истиклолияти давлатӣ, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Сарвари оқилу хирадманди миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пеш аз ҳама бо ифтихор метавон гуфт, ки дар  суханрониҳои худ ба ҳамватанону олами башарӣ борҳо таъкид ҳам кардаанд, ки: «Ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили шукуфоии Ватани азизамон аст». Мавриди зикр аст, ки Пешвои маҳбубамон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи истиқлол водор намуданд. Баъди ҳазорсолаҳо аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, ба монанди: «Роҳ ба сӯи ваҳдат», «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»  ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат нахустин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забонашон борҳо садо додаанд, ки: «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!» ва ё «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» аз ҷумлаи онҳост. Бо ҳамин даъвату ҳидоятҳои ватанпарастона Президенти сулҳпарварамон чашми дили миллатро бедор ва ба андешаи истиқлол водор намуданд, чунки Истиқлолият ин тоҷи шарафу номуси ҳар як инсони ватандор аст.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, хусусан дар солҳои фоҷиабори 1992-1993 Сарвари давлати тозабунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои ҷавонмардона ва шуҷоатмандонаи худ дар дили шаҳрвандон, яъне тоҷикистониён шуълаи умедро ба фардои нек меафрӯхтанд. Бо қаҳрамонии ба худ хос ба Хусдеҳи Афғонистон сафар карданашон, вохӯриву суҳбатҳои самимонаву ватанпарастона ва самароварашон бо мухолифини давр, сазовори эҳтирому эътиқоди лашкаркаши маъруфи тоҷиктабори Афғонистон марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд гардиданашон, яке аз лаҳзаҳои зиндагиномаи пуршарафи Пешвои муаззами миллатамон мебошад. Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу ваҳдат мебинанд ва ба дигарон низ талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстон ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ки ин ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро ташкил медиҳад. Дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон тамаддунсозии нав оғоз гардидааст, ки таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ, аз ҷумла ба ваҳдат овардан ва ба дониш фаро гирифтани миллат мебошад. Зеро ҳама динбозӣ, мазҳабисозӣ ва маҳалгароӣ аз донишу ақлу заковат вобаста аст. Ин ҷасорат аз Пешвои миллат оғоз шуд ва бояд ҳамчун як дастури зиндагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

Ногуфта намонад, ки сабурӣ, ботамкинӣ ва фарҳангӣ олӣ доштанашон буд, ки барои баҳамоӣ ва якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд, чунки худашон аввалин шуда, ба бахшиш ва авф рӯй оварданд. Дар лаҳзаҳои барои ватан ҳассос ва тақдирсоз дар назди ягон ақидае ё фарде чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷӣ он сар нафароварда, бо нияти неки худ содиқ монда, роҳбару Пешвои воқеъии халқи тоҷик буданашонро исбот намуданд. Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ ва раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарстонаашон Тоҷикистонро ба донишу фарҳанги ҳама тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги тоҷикӣ табдил доданд. Яке аз амалҳои некашон бо исрор ва нерӯи бегазанди худ ба ҳамватанон талқин намудани шукргузорӣ аз сулҳу субот ва соҳибистиқлолии ватан, бо дилу ҷон қадр намудани замину обу ҳавои биҳиштосои Тоҷикистони азиз мебошад. Воқеан ҳам, танҳо дар ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар канори модар эҳсос менамоем. Истеъдоду ҳунари волои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ доштани Сарвари давлатамон шароиту имконоти фароҳамро ба вуҷуд оварданд, ки дар ватани азизамон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ ҳукмфармо гардад. Танҳо дар чанд соли охир садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, зиёда аз ҳазор таълимгоҳҳои бо таҷҳизоти замонавӣ чиҳозонидашуда бунёд гардида, ҳазорон километр роҳҳо, нақбҳову пулҳои ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгӯ сохтаву таъмир шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Худованд ба ин марди сулҳофар арзандатарин истеъдодҳоро ато намудааст ва пеш аз ҳама меҳри беандоза ба Ватан-Модар доранд. Ҳамин меҳру муҳаббат ба ватан буд, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон парешонии ҷомеаи Тоҷикистон ва дилҳои пур аз кинаву адовати халқиятҳои минтақаҳои гуногунро беҳтар аз дигарон, яъне равшантару дақиқтар эҳсос менамуданд ва суханони дар он лаҳза гуфтаашон, ҳамватанони ба гирдоби фоҷиа гирифторро хоҳу нохоҳ ба андеша водор сохтанд, ки ин пеш аз ҳама ба андешаи руй овардан ба ваҳдат ва даст кашидан аз худкушӣ мебошад. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувору бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд.

Таърих гувоҳ аст, ки оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид сар шуда, бо иштироки бевоситаи Дабири кули ин созмони бонуфуз, намояндагони махсуси ӯ ва бо дастгирии Шӯрои амнияти он гузашта буд.Ин амалиёт доир ба эҷоди сулҳ солҳои 1994-1997 амалӣ гардида, бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон, яъне «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» 27 июни соли1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид. Ин санаи тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст. Сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Ин аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Мо ҷавонон зодаи даврони истиқол ва ҷонибдори сулҳу ваҳдат дар қатори кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон худро яке аз хушбахтаринҳо меҳисобем, ки дорои чунин сарватҳои бузург чун «Истиқлол» ва «Ваҳдат» ҳастем.Ин неъматҳои бебаҳоро Худованд маҳз тавассути фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба мо Тоҷикистониён ато фармудааст. Бо шарофати ҳамин сарвати бузург, аз ҷумла бемайлон ва тадриҷан амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакатамон, имрӯз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриямон, махсусан шаҳри Кӯлоб ба яке аз манбаъҳои таъминкунандаи самтҳои асосиву стратегии рушди мамлакат: амнияти озуқаворӣ, истиклолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он табдил ёфтааст. Бояд зикр кард, ки дар ҳамаи самтҳо, чиҳати амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон мо ҷавонон, ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва пайравони асили Пешвои муззами миллат ҳамеша дар сафи пеши бунёдкорони Ватан бошем.

Ҳамин тариқ метавон гуфт, ки дар заминаи сулҳу ваҳдат ва пойдории истиқлолияти давлатӣ натиҷаи аввали ин созандагиву бунёдкориҳо он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун гардида, дар роҳи ҳарчӣ тезтар таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории мамлакат низ корҳои зиёде амалӣ ва қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Тамоми минтақаҳои Тоҷикистони имрӯза бо роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳам пайваст буда, шабакаи ягонаи барқии мамлакат бунёд гардида истодааст, ки нишони ваҳдату якпорчагии миллатро таҷассум менамояд. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастона ва сирати неки Пешвои миллатамон мешиносанду эътироф менамоянд. Эътироф намудани хизматҳои арзандаи ин абармарди сиёсат барои халку ватан ва дастгирӣ ёфтани сиёсати дохиливу хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини пойдории давлату фарҳанги миллиамон равона гаштаанд, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарзи шаҳрвандиву инсонӣ мебошад. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз чиҳати сиёсӣ ва ҳам аз чиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кушишу талошҳои пайгиронаи Сарвари оқилу доно миллати парешон сарҷамъ омад, дар даврони соҳибистиқлолӣ мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дӯстиву рафоқатӣ, якдигарфаҳмӣ падидор аст. Ин хизматҳои шоёни Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди таъриху миллат, беназиру бузург буда, номи ин қаҳрамони миллатамон дар ёдномаи таърихи тоҷикон то ба охир боқӣ хоҳад монд.

Расулова Лутфия, декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент




Ба рӯйхат