,
Якшанбе, 22-декабр
Он чи ҷамъ созад парешонии моён ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рӯзгорон ваҳдат аст.
Эй бародар, бо бародар бош чун нохуну гӯшт,
Он чи бахшад панҷаи моро тавон ин ваҳдат аст.
Оре, ваҳдат ин сарҷамъиву муттаҳидӣ, ободиву осоиштагии рӯзгор, осмони софу беғубори ватан, тавоноии миллати кӯҳанбунёди тоҷик аст. Ваҳдат аст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт, ободиву бунёдсозиҳо, нигоҳи нек ба фардои дурахшон ҷило медиҳанд. Ҳар як гӯшаву канори диёрамон сарсабзу хуррам, ободу зебо ва пурфайзу баркат мебошад. Ваҳдат аст, ки Ватани азизи моро дар тамом дунё мешиносанду эътироф мекунанд, ҳазорҳо шаҳрвандони хориҷӣ ба саёҳати кишвари биҳишосои мо меоянд ва аз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мо, табиати биҳиштосо, боғу гулгаштҳои дилрабои мо дидан мекунанд.
Ваҳдат аст, ки кишти ҳар як деҳқон пурфайз асту хони ҳар яки мо пурбаракат, фарзандон солиму хушҳол ва кишвари маҳбуб орому осуда. Ҳамаи ин бо шарофати ин неъмати бебаҳо – ваҳдати миллӣ аст, ки хушбахтона насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст. Ва тавре ки шоир мефармояд:
Ваҳдат аст имрӯзи мо, фардори мо,
Сарбаландиву сари болои мо.
Ваҳдат аст ин хони пурнони Ватан,
Ваҳдат аст имрӯзҳо ҷони Ватан.
Вақте ки дар бораи ваҳдати миллӣ ва шарофатҳои он сухан меронем, пеш аз ҳама симои абармарди таърих, чеҳраи мондагор, фарри ориёӣ, бунёдгузори давлати муосири тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Маҳз бо талошу пайкори ин фарзонафарзанди далеру шуҷои Ватан дар Тоҷикистони маҳбуб сулҳ ва ваҳдати абадӣ ҳукмфармо гардид.
Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки “мо набояд фаромӯш созем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ моро аз парокандагӣ наҷот дода, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт”. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ бо аҳамияти бузурги худ аллакай ба арзиши муқаддаси давлату миллати тоҷик табдил гардидааст.
Бо азму иродаи қавии мардуми тоҷик ва талошҳои бесобиқаи родмарди бедордилу дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст ва ин якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун таҷрибаи нодиру пурарзиши фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Мактаби сулҳу ваҳдати тоҷикон мавзӯи омӯзиши сиёсатмадорони ҷаҳон гардидааст.
Воқеан ҳам саҳми фаҳдатофарин - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати комили миллӣ ва суботи мамлакати маҳбубамон беназир аст.
Имрӯзҳо мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдилию иттиҳод кишвари ҳамешабаҳори худро ободу зебо ва сарсабзу дилрабо намуда истодаанд.
Ваҳдати миллӣ барои рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина мегузорад ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин менамояд.
Мо ҷавонон бояд дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри якпорчагии Тоҷикистони азиз, поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ, муқаддас доштани ҳар як порчаи замини кишвар ва ҳимояи он аз нотавонбинон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.
Матлаби худро мехоҳам бо чор мисраъ шеъри устод Камол Насрулло ҷамъбаст намоям, ки чи зебо гуфта шудааст:
Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осомонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.
Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,
Пешвои миллати мо – Пешвои ваҳдат аст.
Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ