, Якшанбе, 22-декабр

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АСОСГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 20.06.2023 283

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АСОСГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем»  (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе).

Миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик анъанаҳои неку волои ниёгони хешро ҳифз намуда, имрӯзҳо бо тарҳрезию корбаст намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар ҷодаи устувор намудани ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту осоиш, якдигарфаҳмиву сулҳу оромӣ қадами устувор гузошта, ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил гашта истодааст.Ба чунин комёбиҳо ноил гаштани миллати тоҷикро  таърихи башарият ёд намедиҳад.

Мо сад  шукр аз он дорем, ки ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон тавассути ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон танинандоз гашт ва рӯз то рӯз мустаҳкаму қавитар гашта истодааст.

Сиёсати пешгирифтаи  сарвари мо сиёсатест, ки дигар халқияту миллатҳои кишварамонро дар радифи миллати тоҷик гузошта, ҳуқуқҳои онҳоро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, як узви ҷудонопазири Тоҷикистони соҳибистиқлол медонад.

Боиси ифтихори баланд аст, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ, сангарҳои бо ҳам зид якдигарро фаҳмиданду бо ҳамдигар оғӯши гарми оштию  дӯстӣ, узру бахшишро кушоданд ва ақлу хирадро сармашқи амалҳои неки ояндаи хеш қарор доданд.

Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки сиёсати пешгирифта ва таҷрибашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ростои сулҳу ваҳдат ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ на танҳо сокинони ватани азизамон хуш қабул намуданд, балки  дигар мамлакатҳои хурду бузурги тамоми дунё тарафдорӣ карданду карда истодаанд. Дастгирӣ ёфтани сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз қаъри дуриҳои дури гузаштагонамон шодоб гардидаасту ба мо ҳамчун мероси аҷдодӣ омада расидааст, бори дигар исбот намуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик сулҳдӯст буду сулҳдӯст мемонад.

Ҳар як фарди солимақл ба кишварҳои дуру наздик, бахусус, ба кишвари ҷангзадаю ноороми Афғонистон сафар кардани Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (ҳоло Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои

миллат, Президенти  мамлакатамон) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нағз дар хотир дорад, ки бо мақсади таҳким бахшидани ваҳдату дӯстӣ, оштӣ додани  гумроҳшудагону баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ҷони худро дар хатар гузошта, аз борони тиру туфанги мухолифин наҳаросида, пайи амалӣ намудани ниятҳои неки худ гардиданд ва ба мақсади хеш расиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали ҷавонмардонаи худ ба дили сарди мардуми гумроҳшудаи тоҷик гармӣ, ба рӯҳи шикастааш шикастнопазирӣ,   ба хонаҳои мардуми бехонумонмонда шуълаи умед ва ба чароғи хираи зиндагии ноумедшудагон нури ҷовидона бахшид.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём соҳибилму соҳибфарҳанг буд. Дар ҳама давру замонҳо ваҳдатгарою сулҳпарвар буд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари халқу миллате шамшер набардоштаанд ва ҳеҷ гоҳ шаҳреву деҳотеро ғасб накардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллату кишварҳои хориҷ  ба сарзамини тоҷикон сар халонидаанд. Халқро ғорат ва бойигарии онро ба яғмо бурдаанд. Шаҳрҳои ободу зеборо харобу валангор ва сокинони онро сарсону саргардон ва гурезаю дарбадар кардаанд. Аммо ақлу фаросат, илму дониш ва хиради ин мардумро гирифта  натавонистанду рӯҳи солимашро шикаста.

Солҳои 90-уми қарни гузашта тоифаҳое буданд, ки тавассути дастгирии ғаразноки хоҷаҳои хориҷии худ халқро ба гумроҳӣ кашиданд.  Ин тоифа мардум, ки худ «дилбохтагони мансабу курсиҳои вазифа» буданд,  мақсади нопоки худро ба воситаи халқ  амалӣ карданд.

Хушбахтона, боиси хурсандиву таҳсин аст, ки дар ҳамон рӯзҳои мудҳишу душвор хиради азалии мардуми тоҷик тадриҷан боло гирифт,мардум дӯстро аз душман ҷудо  намуд ва дарк намуд, ки ягона   роҳи аз вартаи ҳалокат раҳонидани Тоҷикистони дар он шабу рӯз ба қисматҳо ҷудошуда, танҳо ваҳдат асту халос.

Дар ин самт хизматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру қиёснашаванда мебошад. Маҳз бо шарофати талошу ҷонбозиҳои ин марди ватандӯсту фидоии роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷумҳурии мо аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфт. Он давлатеро, ки дар хазинааш як пули сиёҳ надошт, имрӯз ба як ҷаннати рӯйи замин табдил дод ва тамоми хушиҳои зиндагиро на танҳо ба миллати тоҷик, балки ба кулли шаҳрвандони ин сарзамин насиб гардонид.

Кунун мо дар мамлакати рушду тараққикардаистода умр ба сар мебарем. Тавассути  ҷаҳду  талошҳои пайгиронаи ин марди хирадманду маорифпарвар мо соҳибдавлату комилҳуқуқ гардидем.

Вазифаи мо, аҳли маориф ва илм аз он иборат аст, ки музаффариятҳои кишвари маҳбубамонро ҳифз намоему баҳри амалӣ намудани ниятҳои поки сарвари давлатамон тамоми донишу неруи худро равона созем. Нагузорем, ки ҷаҳони маънавии ҷавонони моро, ки Сарвари кишварамон онҳоро ояндаи ҷомеаи тозабунёдамон гуфтааст, касе заҳролуд созад ва ҷаҳд бар он намоем, ки  ҷавононро аз гаравидан ба ҳизбу равияҳои гуногун нигоҳ дорем.

Шукронаи ҷумҳурии озодамон, шукронаи зиндагии хушу гуворо ва орому осудаамонро бояд намоем. Шукри он намоем, ки Худованди меҳрубон ба мо чунин Роҳбари хирадманду чунин сарзамини биҳиштосоро  арзонӣ додааст. Ва ниҳоят шукри ваҳдати миллию шукри дӯстию бародарӣ намоем.

Садбарг Шералиева, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат