,
Якшанбе, 22-декабр
Олимон ва донишмандони ҷаҳон яроқу аслиҳа ихтироъ сохта истодаанд, ки барои қатли инсоният дар рӯйи замин истифода шуда истодааст. Лекин Сарвари давлати тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Ҷаноби олӣ, Президенти кишвари тоҷикон, Пешвои муаззами миллат аслиҳае ихтироъ намуд, ки аслиҳаи дӯстӣ, оҳанрабое, ки мардумро бо як тан будан сарҷамъ намудан хизмат карда истодааст, ки ин ҳам бошад «аслиҳаи дӯстии миллати тоҷик» Ваҳдат мебошад.
Ин аслиҳа дар зери сисёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аслиҳаи сиёсии сарҷамъкунанда, ки то имрӯз мардумро мутаҳҳид сохта тинҷиву оромии халқи тоҷикро таъмин намуда истодааст.
Агар мо имрӯз андак ба дуриҳо назар афканем бо ақли солим фаҳмида мешавад, ки на ҳамаи роҳбарони давлатҳои абадқудрат, чунин аслиҳаи сиёсиро истифода карда метавонанд. Мисол: халқҳои Аврупо ва Руссия тарзи гашту гузорашон, либоспӯшиашон, дину мазҳабашон умуман зиндагиашон бо якдигар сахт монандӣ дошта, лекин то имрӯз фикру мулоҳиза забони якдигарро наёфтаанд ва дар натиҷа ҳазорҳо хуни бегуноҳ рехта истода ба ваҳдат омода натавониста, баръакс алангаи ҷанг рӯз ба рӯз боло рафта истодааст.
Сарвари давлати тоҷикон дар ин масъала заҳматҳои вазнинро паси сар кард, ва имрӯз аслиҳаи сохтагии худро аз ҳосилаш мардуми шарафманди тоҷикон истифода намуда ба ҳар як гӯшаи беканори Тоҷикистон бод или пур сафар намуда аз тинҷиву аммонии кишвар истифода намуда, ҳатто хориҷиҳо ба сайру гашти Тоҷикистони гул-гул шукуфта қадам ранҷа карда, аз обу ҳаво, сайру саёҳати ин кишвар ба хотираҳои худ нақши Тоҷикистонро ба тамоми курраи замин бурда истодаанд.
Сарчашмаи ваҳдати тоҷикон бо роҳбарии Сарвари кишвар 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгори миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Имрӯзҳо дар кули ҷаҳон давлатҳое, ҳастанд, ки солҳои зиёд муноқишаи дохилиашонро хомӯш карда натавониста, истодаанд, айни замон аз ин «аслиҳаи дӯстии сиёсӣ» Президенти кишварамон истифода карда истодааст. Ин аслиҳаи сиёсии Ваҳдат сарҷамъии миллат, як дилу як тан буданро аз ҳар як шаҳрванд талаб месозад.
Ин қонуне ҳаст, ки дар тамоми курраи замин дар байни махсусан гурӯҳҳое, ки дар дохили худ нофаҳмиҳо пайдо шудааст, ин аслиҳаи сиёсӣ метавонад мардумро муттаҳид сохта якдигарфаҳмиро истифода, кинаву адоватро аз байн барад.
Президенти кишвари мо низ яке аз шахсони барҷаста мебошад, ки алангаи ҷанги шаҳрвандиро дар муддати кӯтоҳ хомӯш намуда, тинҷиву оромии миллатро таъмин намуда халқро ба хонаи худ даъват намуда, аз паси нақшаи ояндасози миллат шуд.
Имрӯз мактаб сиёсии Роҳбари давлатамон дар давлатҳое, ки ниёз ба чунин роҳи наҷот доранд ба истифода аз мактаби Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда халқашро ба Ваҳдат, якдили даъват карда истодаанд.
Пешвои миллати мо низ арзанда аст, ки ҳар сол рӯзи Президентро барои хизматҳое, ки барои халқу миллат кардааст, чун хизматҳое, ки барои халқу миллат кардааст, чун хизматҳои беназир нисбати миллату Ватан ин рӯзро ҷашн гирем ва ба ҳар як шаҳрванд ин рӯз рӯзи фаромӯшнашаванда абадӣ нақш бандад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тоҷикони ҷаҳон дониста шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун Пешвои ҳақиқии халқ бо ниятҳои неку созанда, мақсадҳои наҷиди бунёдкорона кишвари моро ба шоҳроҳи тараққиёт ворид карданд. Ин буд, ки халқ эътимоди худро ба Роҳбари ягона ва арзандаи интихобнамудаи худ эҳсос намуда, ҳамеша ҷонибдории хешро аз сиёсати ин абармарди таърих иброз медорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои давлатҳои давлатӣ боз як рӯзест барои муттаҳиду сарҷамъ гардидан дар атрофии Пешвои муаззами миллати худ маҳсуб шуда, санаи таконбахш ба хотири боз ҳам ободу зебо, пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлату миллати худ мебошад.
Боиси фараҳмандӣ, сарбаландӣ ва ифтихору номуси ҳар як фарди миллат аст, ки тоҷикон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягона ва дурустро интихоб намудаанд, ки таърих дурустии ин роҳи интихобнамудаамонро дар эҳёи давлатдории навин ва таъмини заминаҳои рушди шукуфоии ҳаёти осоиштаи ҷомеа собит сохт.
Азимов Раҷабалӣ - мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ