, Якшанбе, 22-декабр

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАЛАНДБАРДОРИИ НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН

 20.06.2023 225

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАЛАНДБАРДОРИИ НЕРӮИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН

Ваҳдат - вожаи гаронарзишест, зеро он аз дуриҳои таърих мардумонро ба якдилию ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сулҳу осоиш даъват менамояд. Ваҳдат пояи асосии устувории ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат халқи кишвар метавонанд осуда кору фаъолият намуда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд. Маҳз Ваҳдати миллӣ маҳаки асосии эҳё ва рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон, ташаккулдиҳандаи тафаккур ва маърифати онҳо арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд, ки: «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким баҳшем. Дар марҳилаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати тадбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем».

Таҷлили ҳамасолаи Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, ки ба 27- июни соли 1997 рост омадааст, барои мардуми Тоҷикистон бисёр азизу мукаррам аст. Баъди ба даст овардани Истиқлолият ин сана, ки бо унвони «Рӯзи ваҳдати миллӣ» эътироф мешавад, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ва кулли Тоҷикистониён маҳсуб меёбад.

27 июни соли 1997 барои ҷавонони мо чун як саннаи муқаддас, рӯзи таърихӣ ва зиёда аз ҳама чун як воқеи тақдирсоз мавқеву мақом дорад. Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои манфиатбахш, таъмини онҳо ба ҷойҳои кори мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифатӣ, ҳуқуқӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод иқдомест барои таҳкиму тантанаи Ваҳати миллии кишвар ва ризоияти ҷомеаи шаҳрвандиамон.

Бо имзои созишномаи сулҳ фазои ороми сиёсӣ дар кишвари мо арзи ҳастӣ дорад. Акнун ба ҳар яки мо –ҳам роҳбару қонунгузор, ҳам олиму ҳам омӯзгор, ҳам донишҷӯ, ҳам коргару ҳам деҳқон лозим аст, ки ин оромӣ – ваҳдати миллати тоҷик, якдигарфаҳмию ҳамрайъии тамоми халқҳои Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Дар назди ҳар яки мо, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вазифаҳои муҳиму масъулиятнок, пеш аз ҳама ободкорию созандагӣ меистад. Ба ибораи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ метавонад ҷумҳурии моро аз буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ барорад.

Сулҳу ваҳдати миллӣ дар умқи зеҳни ҷавонон бо ранги тозаву самимӣ дурахшон гардид. Зеро нақшу мақоми он ба таври махсус дар ҳаёти ҷавонони кишвар хело ҳам бузург аст. Аз таърихи начандон дури миллати тоҷик пайдост, ки маҳз дар оғози марҳалаи истиқлолият ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии асосии ин набарди холӣ аз мазмун нерӯи бузурги ҷавонон буданд, ки ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифтор шуданд.

Танҳо ҳиммати фариддунонаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати моро аз ин фоҷиаи беамон наҷот бахшида, барои ҷавонони кишвар ҳаёти осоиштаву гуворро эҳдо намуд. Дар ин ҳангом такя ба қудрати зеҳнӣ ва заковату маърифати ҷавонон, аз падидаҳои муҳими сиёсие ба шумор меравад, ки имрӯз дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони мамлакат ин нуктаро мушаххас ба таври зайл тавзеҳ дода буданд: «Мо ба масъалаҳои ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд. Бинобар ин, шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар тадбиқи он такягоҳи асосӣ бошед.

Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва ояндасозу рушдкунанда фароҳам омад. Баргузории мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар ва эълон гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро низ метавон самараи ин ҳуҷҷати саодатбахши миллат ва меваи ваҳдати миллӣ эътироф кард. Танҳо таҳлили як марҳилаи хеле кӯтоҳи ҳаёти ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар, дар рӯзгори насли ҷавони кишвар падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайваста истодаанд.

Самараи ваҳдати миллии мамлакатамон буд, ки ҷавонони мо имрӯз аз шароити хуби таҳсилу кор бархӯрдоранд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи Ваҳдати миллӣ имкон доранд, ки роҳи ормонҳои худро тай намуда, дар кишварҳои хориҷ ҷиҳати камолоти тахассусии худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тариқи квотаҳои президентӣ дар макотиби олии дилхоҳи худ таҳсил намоянд. Аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода намуда, худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос барои ҷаҳониён муаррифӣ карда бошанд.

Раънои Нуралӣ - омӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат