, Якшанбе, 22-декабр

ПЕШВОИ ВАҲДАТГАРО ВА АРЗИШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 20.06.2023 307

ПЕШВОИ ВАҲДАТГАРО ВА АРЗИШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

 Эмомалӣ Раҳмон.

Имсол мардуми шарафманди тоҷик 26 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил менамоянд. Зеро маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27 июни соли 1997 бо талошҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат, дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аммо ҷанги хонумонсӯз боиси ҳалокати зиёда аз 100 ҳазор қурбониён, беш аз 1 миллион гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ гардид. Хисороти иқтисодии он беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, илова бар ин раванди рушду пешрафти Тоҷикистони тозаистиқлолро нисбат ба кишварҳои ҳамҷавор даҳсолаҳои дигар қафо партофт.

Тавре шоҳидони он рӯзҳои даҳшатбор иқрор меоян, аҳамияти бузургу беҳамтои сулҳу ваҳдати миллиро муҳоҷирону он гурезаҳои иҷборие бештар дарк мекунанд, ки азобу азияти ғурбатро чашидаву борҳо бо силоҳбадастони бехуну рӯй ва лаҳзаҳоти маргу мир рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар вазъи пурташвиши минтақа ва ҷаҳони муосир арзиши зиндагисозе чун ваҳдати миллӣ дар ҳаёту рӯзгори мо аҳамияти бештар касб намуда, таблиғи густурдаи он ба манфиати ҷомеа ва рафоҳи зиндагист. Зеро ҳамин ваҳдати миллӣ, ки бо фазли хирад ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, кишвари соҳибистиқлоли моро ба масири бонизоми рушд ворид сохта, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд бахшид.

Миллати тоҷик ҳарчанд аз дасти миллатгароён ранҷу кулфати зиёд дида бошад ҳам, аммо ҳеҷ гоҳ миллатгаро набуд. Маърифати миллии суннатӣ аст, ки халқу миллати дигареро бад дидану дар асоси он худро ватандӯст нишон додан камоли хирад нест. Тоҷик ҳеҷ гоҳ дар вуҷуд ин дарди тираро надошт ва шояд ҳамин бошад, ки ҳасудон дар тули таърих нисбат ба он чашми ҳасодату тамаъ доштанд ва боз ҳам ифтихори миллати мост, ки ҳеҷ рақибе дар фано сохтани тоҷик муваффақ нашудааст. Халқе, ки қаҳрамон надорад, аз таърих маҳрум аст ва хушбахтии миллати тоҷик аст, ки бо фарзандони қаҳрамонаш поянда мебошад. Шеракҳо, Спитаменҳо, Муқаннаъҳо, Темурмаликҳо ва даҳҳои дигар садҳову ҳазорҳо буданд. Имрӯз тоҷик ба он мефахрад, ки монеаҳову мушкилоти зиёдро паси сар намудааст ва дар ҳар як сангар қаҳрамонони худро мешиносад. Ҷадидтарин қаҳрамон ва фарзанди сарсупурдаи миллат –Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки миллатро аз нобудиву хатари бузург наҷот бахшид. Корномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамин аст, ки ҳар чи гуфту ваъда дод, хилоф наварзид. Комёбии аз ин бузургтар он аст, ки бо халқ хостаи халқро, ки он сулҳу сафову оромӣ буд, амалӣ гардонидааст.

Китоби таърихи миллати мо ҳокӣ аз он аст, ки дар ҳама давраҳои таърихӣ бештар бо надоштани лидерҳои тавоно бо шикастҳо ва парешониҳо мувоҷеҳ гардидааст. Дар аҳди Сомониён миллати тоҷик тавониста буд, ки дар атрофи давлати миллии хеш муттаҳид гардад. Баъдан ин имкону муҳити давлатдорӣ тули қарнҳо имконнопазир гардид. Дар ин ҷода фарзандони бошарафу баномуси миллат ҳар кадом рисолати (сиёсатмадор, шоир, олим, мутафаккир ва ғ.) алоҳидаеро бар дӯш дошт. Ҳокимиятхоҳон дар масири таърих кам набудаанд, аммо ҳунару сифати пешвоӣ дар тинати онҳо кам буд, ё набуд. Ҳамин буд, ки тоҷик марзу буми худро аз даст медод. Баъди ҳазор сол тоҷик аз нав истиқлолият ба даст овард ва бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон асосҳои давлати миллиро бунёд ва пойдор гардонид.

Давлати миллӣ аз даҳо унсур (халқ, марз, қонун, дин, оин, адабиёт, санъат, сиёсат, иқтисод ва ғайра) иборат аст. 4-5 даҳсола қабл аҳолии Тоҷикистон чандон бисёр набуд. Акнун шумораи аҳолӣ зиёд гардид, ки боигарии мост ва мо аз шумори давлатҳои камаҳолӣ берун баромадем. Ин худ гувоҳи як давлати миллӣ будани Тоҷикистон аст ва ин андеша ба он ваҷҳ аст, ки дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта кӯрдилони алоҳида тоҷикро як қавми камшумори забонгумкарда меномиданд.Ҷойи инкор ҳам нест, ки имрӯз нуфузу шумораи аҳолии як давлат миллияти онро нишон медиҳад. Ин ҳам дар суратест, ки тоҷикон дар рӯи замин зиёданд ва Тоҷикистон чун як давлати миллимеҳварӣ, ба таъбири Пешвои миллат, хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон маҳсуб меёбад. Акнун шарафи мо он мешавад, ки агар ин теъдод сифатан такомул ёбад ва миллати тоҷик боз ҳам бо хислати заҳматписандиву меҳмондӯстияш ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад.

Ҳар як халқу миллат танҳо дар сурати озод будан метавонад, ки аз ҳастии комили худ ба ҷаҳониён дарак диҳад. Истиқлолият ин озодиро барои давлати миллии тоҷикон дар давоми се даҳсола таъмин намуд. Ва ин озодӣ боис гардид, ки манфиати миллӣ пайгирӣ карда шавад. Таҷрибаҳо ва замонҳо муайян намудаанд, ки бузургтарин, муқаддастарин ва олитарин қонун ин манфиати халқ аст.

Бароям ифтихори бузург муяссар гаштааст, ки бо шумо дар бораи ҷавонмардиҳои ҷавонмарди нодири аср Эмомалӣ Раҳмон дар ғайб сӯҳбат ороям. Агар ягон сиёсатшиноси дақиқкор баногоҳ номгӯи корнамоиҳои давлатии Эмомалӣ Раҳмоновро аз соли 1992 то инҷониб ба низом дароварданӣ шавад, он гоҳ як ҷадвали бузурге ҳосил мешавад, ки ба ҳар як рӯзи он воқеаи муҳим ва иқдоми муҳими Президенти мо рост меояд. Дар гузашта чунин корномаҳо бо ченаки панҷсола - аз як анҷуман то анҷумани дигари ҳизб андозагирӣ мешуданд. Дар давраи президентии Эмомалӣ Раҳмон чунин сусткорӣ ғайри қобили таҳаммул ба ҳисоб меравад. Замон аз ӯ тақозо мекунад, ки масъалаҳои давлатиро дар мӯҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳ, баъзан ҳатто дар зарфи якчанд рӯз ҳал намояд. Воқеан ҳам агар аз рӯи ҳаҷм ва миқёси корҳои анҷомёфта баҳо диҳем, он гоҳ чунин хулоса бармеояд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ ин шахс он қадар корҳоеро ба субут расонид, ки то ӯ дар зарфи ҳафтод сол аз ҷониби ҳамаи роҳбарони Тоҷикистони шӯравӣ анҷом наёфта буданд.

Дар фарҷом мехоҳам як нуқтаро ёдрас кунам, ки орзуву умеди ягонаи мо тоҷикон сулҳ ва ваҳдат, ки бо қиммати зиёди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва барои тамоми мардум арзонӣ доштаанд, мисли гавҳараки чашм, мисли қимматтарин чиз муҳофизат кунем ва дар атрофи сарвари давлат муттаҳид гашта, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бубандем.

Ман моли гаронбаҳоям арзон надиҳам,
Мушкил ба каф омадааст, осон надиҳам.
Номуси ватандории худ ҳифз кунам,
То он нафасе, ки гавҳари ҷон надиҳам.

Фаризаи Давлатмурод – ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат