,
Якшанбе, 22-декабр
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут халқи тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо замони амалисозии ормонҳои ҳазорсоа помолгаштаи миллат фаро расида буд. Вале сад афсус. Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва харидашудаҳои душманони миллати тоҷик ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини ачдодӣ ба фурухтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарону чок кардани чодари исмоти модарону хоҳарони худ пардохтанд ва бадтар аз ин тамоми ин аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини ислом омезиш доданд ва аз ангезаҳои динии мардум ба манфиати шахсиву сиёсии хеш ва хоҷагони хориҷии худ истифода намуданд. Ин тоифа бехабар аз гуфтаҳои шоир будаанд, ки доир ба паёмади чунин аъмоли ношоиста фармудааст:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар чунин марҳилаи ҳасоси таърихӣ, ки халқи тоҷик ба ду қисмати нобаробар ва Тоҷикистони тозаистиқлол ба минтақаҳо, ба шаҳрҳо ва ҳатто ба маҳаллу кучаҳо байни ифротиёни аз ақл дур тақсим шуда буд, муттаҳид намудани халқи парешонгашта дар ҷои аввал меистод ва масълаи ҳастиву нестии давлати точикон барои ҳар фарди ватандӯсту солимақл масъалаи ҳаёту мамот ба ҳисоб мерафт. Шояд зиёд буданд хайрхоҳони миллату давлати тоҷикон, вале ҷуръати ба арсаи сиёсату ҳукумати фалаҷгаштаи давлати ҷавонро надоштанд. Дар чунин шароит кассе ба ояндаи давлат бовар надошт ва гӯё мунтазири муҷизае буданд, то онҳоро аз вартаи нобудӣ раҳонад. Хушбахтона ба бахти мо тоҷикон, бо инояти Яздон ва аз эҷози офаридаи модари тоҷик абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам овард ва аз ҳама муҳим айбҷӯи накарда, ҳамагиро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшид ва аз онҳо умеди некӣ дар қалби поки худ парвариш дод, аммо ин тоифаи намакношиносу хиёнатпеша дар аввалин фурсат ба ҷои бовариву вафо, хиёнату номардиро ба Пешвои хеш ва мардум раво дида, хостори боз аз нав ба ҷаҳолату гирдоби хун кшидани миллати тоҷик гаштанд, ки аъмоли ношоиставу ноҷавонмардона ва рафтори ношоистаи эшон порчаи назмиеро ба хотир меорад, ки гӯё шоир маҳз барои чунин афроди қадрношинос таълиф намудаад:
Сад ҷон бикани аз раҳи бад мор нагардад.
Чун ахтари бахт ахтари думдор нагардад.
Сад ҷӯй агар канда ба умед барии об,
Як зарра мулоим дили кӯҳсор нагардад.
Бо вуҷуди ҳама хиёнату аҳдшиканӣ ва найрангу макри рақибони миллати куҳанбунёди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки тамоми масъулияти давлаториву ватанхоҳӣ, бо баҳои ҷон, бо заҳмти фаровон, вале дар муддати кутоҳ ба ҳамаи ин парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, ҷои он сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои муаззами миллати мо мактаби омӯзиши кулли башар гардидааст.
Гадомад Зулфиев, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ