, Сешанбе, 15-октябр

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ ВА МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

 19.06.2023 194

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - КАФОЛАТИ ИНКИШОФИ ДАВЛАТ ВА МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ ҶОМЕА

27-июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд. Дар ин фархундарӯз тоҷикони боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих бархӯрда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашиданд ва зери созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзои муборак гузоштанд.

Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ ва сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Сулҳу субот, ризояти ҷомеа, ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Ваҳдат барои миллати тоҷик чун бузургтарин неъмат дар бедорсозии дониши сиёсии мардум ва ташаккули ҳуввияти миллӣ заминаи босазое фароҳам оварда тавонист.

Ҷашни Ваҳдат барои Тоҷикистониён ҷашни тақдирсоз буда, ба санаи баҳамоии тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа рост меояд. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷати муҳим, пойдор гардидани давлати навини тоҷикон, дар даст доштани истиқлолияти воқеӣ аҳли ҷомеаро водор намуд, ки дар давлатсозии навини кишвар фаъолона иштирок намуда, оромӣ ва густаришу ташаккули давлати навинро абадан нигоҳ доранд. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз дар баробари ба даст овардани арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ масъалаи буду боши миллати тоҷик ва пойдории давлати миллиии тоҷикон масъалаи муҳими рӯз буд ва он хушбахтона ба манфиати миллати тоҷик ҳал гардид.

Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм,экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллатро пазируфта, мавриди амал қарор дод.

Ваҳдат бояд ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик ва марому ҳадафи он бошад. Ҳимояву посдории ҳастии хеш, арзишҳои фарҳангии хеш ва таъмини ояндаи дурахшони миллат аст.

Мо маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ва имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон меваҳои шаҳдори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.

Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият,таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.

Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд, зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошанд. Ин нукта дар нисбати Тоҷикистон маънии хоса дорад, чунки аксарияти аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил мекунанд.Бинобар ин мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад.

Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад. Тавре,ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад.

Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад.Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддаси табдил ёфтанд,ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд дорад.

Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои умдаи ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ бояд ҳар як фарди бонангу номус худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.

Муродова Гулчеҳра - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат