, Душанбе, 14-октябр

НАҚШИ АСОСГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 19.06.2023 186

НАҚШИ АСОСГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғариби аст, ман дар Ватан осуда наметавонам зист.

(Эмомалӣ Раҳмон)

Ба имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 26 сол пур мешавад. Сулҳ неъмати бебаҳои тақдирсоз, дастоварди бемисли миллати бонангу номуси тоҷик, ҳидоятгари масири ояндаи халқ аст ва ҷашнгирии Иди Ваҳдат –ин пирӯзии фитрати неку, ақли солим ва адолати таърихӣ мебошад. Зеро Ваҳдати миллӣ яке аз сутунҳои устувори якпорчагии давлати навини тоҷикон ва муҳимтарини амали пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз 27 июни соли 1997 дар солномаи халқи тоҷик ва миллати тоҷик ҳамчун санаи тақдирсоз пурарзишу сабақомӯз бо ҳарфҳои зарин сабт гардидааст.

Он воқеиятеро, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба сулҳу ваҳдату оромӣ овардани кишвар пешбинӣ карда буд, амалӣ гардид. Ширкати муташаккилонаи мардум далели равшани болоравии сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо далели он аст, ки шаҳрвандони кишвар нисбати тақдири минбаъдаи худ бетафовут нестанд.

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 26 сол сипарӣ мегардад. Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамасола мо бо шукуҳу шаҳомати хоса, дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд таҷлил менамоем. Бо имзо шудани ин санади муҳими таърихӣ мардуми азиятдидаи мо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид.

Бо шарофати сулҳу субот, ваҳдату иродаи матини кулли мардуми тоҷик, инчунин кумакҳои беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем, балки дар таъмини рушди побарҷои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар яки мо –исаҳм гузоштан дар роҳи сулҳ ва устувории ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагиамонро баланд бардошта, рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем. Ногуфта намонад, ки мо сидқан аз он шукргузорем, ки дар кишвари офтобиамон тинҷию амонӣ ҳукмрон асту ид паси ид тантана дорад. Таҳти ғамхории сарвари хирадманди давлат мардуми диёр дилпурона ба сӯи фардои дурахшон раҳсипор аст. Ҳамагон баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии диёри биҳиштосоямон часпу талош дорем. Аз пешрафту натиҷаҳои назаррас чашму дили касс об хӯрда, эътимодамон ба ояндаи неки Ватан мустаҳкамтар гашта, меҳру муҳаббатамон ба зиндагӣ афзун мегардад.

Сарзамини Тоҷикистон сарзамини Ваҳдат аст,
Зиндагии босаодат –ин талошу мақсад аст.
Шукри Ваҳдат, Шукри давлат, Шукри истиқлоли мо,
Миллати ман худ ҳамеша дар талоши ваҳдат аст.

Раҷабова Дилбар –коргузори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих




Ба рӯйхат