,
Якшанбе, 22-декабр
Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ИҶШС ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ ҳисороти зиёд ворид сохт. Бар асари ин нобосомонӣ ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили иқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбонии ин фоҷиаи миллӣ гардиданд.
Новобаста ба ин халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта бо чунин андеша тасаллӣ меёфт:
Аз ноумедиҳо басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшношуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад.
Бешубҳа, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахтари фазои боз намуд: Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақщ ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати руйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардши куллиеро ба вуҷуд овард.
Дар Иҷлосияи фавқ ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид.
Хулоса, давлати навтаъсисе, ки миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардондани гурезагон, таъмини ҳуқуқии инсон ибтидо бахшид.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Воқеан, донаи умед ба таровату файзи борони оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.Оре:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Аз таҳлили мавзуъ чунин хулоса бармеояд, ки пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллат девори муҳаббати халқи тоҷик гашта, осудагии мардумро таъмин намуд.
Бажова Маликамо, муаллими калони кафедраи математика ва методикаи таълими он