,
Шанбе, 12-октябр
Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ якчанд маротиба кӯшишҳои муросои миллӣ карда шуд. Ба ин кӯшишҳои моҳи майи соли 1992 дар Душанбешаҳр, августи он сол дар Хоруғ, ноябри ҳамон сол дар Хуҷанд ва ғайра мисол шуда метавонад. Аммо онҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Зеро, он давр дар баробари боло гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, мавқеи ҳукуматӣ ва мухолифин низ аз ҳамадигар дуртар мешуд. Ба ғайр аз ин тарафи ҳукумат барои ҳамчун қувваи ягонаи ҳарбию сиёсӣ эътироф намудани мухолифин, аз ҷумла гурӯҳҳои муссалаҳи он дар ҳудуди Афғонистон, ҳанӯз омода набуд. Ба қавли ин ҷониб, бо мухолифини дохилӣ забон ёфтан имконпазир аст. Аммо таъкид мекарданд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи дар Афғонистон буда, баъди ҳалли силоҳ, ба сифати гурезаҳо бояд баргардонида шаванд.
Танҳо аз соли 1993, баъди он ки амалиётҳои ҷангӣ каме суст гардид зарурияти муросои миллӣ боло гирифт. Ба ин вазъи ҳамонвақтаи Афғонистон низ таъсири худро расонид. Зеро, дар ин ҷо толибон ҳокимиятро ба даст дароварданд.
Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад, ки ҳамасола дар санна 27 июн дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.
Халқи Тоҷикистон санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт ва он рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ бо номи "Рӯзи ваҳдат" маъмул гардид.
Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем.
Нахустин иқдоми сиёсии Давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд. Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гӯё дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвари мо гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи моро мисли борони файзбори наврӯзи оламафрӯз рӯҳу равони тоза бахшид. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаву таҳкимбахш мардуми шарифи Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои хирадманду маҳбуби худ мутаҳҳид гардонидааст. Ва ҳар як шаҳрванди баору номусиТоҷикистонро баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан ҳидоят мекунад.
Муноқишаҳои сиёсӣ оқибат ба муборизаҳои мусаллаҳона табдил ёфтанд. Бархе аз минтақаҳои кишвар ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Авзои сиёсии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе торафт ноамн мегашт. Мақомоти давлатӣ барои ҷорӣ намудани тартибот нотавонтар мешуданд. Аз миёни ҳар ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф шахсияте пайдо нашуд, ки мардумро ба сулҳу салоҳ ва бо роҳи осоишта ҳал намудани моҷаро даъват кунад.
Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт ва дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд. Дар ин роҳ теша бар решаи ҳамаи фитнаангезону сияҳдилон ва ҳасудони миллати кишвари мо зад.
Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад.
Дарки оқибатҳои фоҷеабори муқовимати дохилӣ, ки бисёр халқҳои ҷаҳон онро аз сар гузарондаанд, барои мо осон набуд. Миллати бузурги тоҷик, ки борҳо аз имтиҳони таърих бо сари боло гузаштааст, ин дафъа низ чун Сиёвуши афсонавӣ аз оташи ҷанг убур кард ва бар хилофи пиндошти бадхоҳонаш аз нав дар ҷодаи таърихи чандинҳазорсолааш эҳё гардид.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад. Дар баробари ин мо аз кишварҳои дӯсту хайрхоҳ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар ин роҳ кӯмаки беғаразонаи худро дареғ надоштанд, сипосгузорем.
Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо, тоҷикон, сулҳ маъниҳои навро касб намудааст. Ин пеш аз ҳама, аз ҷониби ҳизбҳо ва созмонҳои мухталифи сиёсӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби кулли шаҳрвандон дарк шудани як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ аст, яъне ба хотири сулҳу субот ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат эътироф намудани волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбат ба манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳо мебошад.
Дар баробари чунин талошҳо дар дохил ва хориҷи кишвар шахсоне ҳам буданд, ки ба натиҷаи мусбати ин музокирот ва ҳалли масъалаҳои давлатии Тоҷикистон бо шакку шубҳа менигаристанд ва кӯшишҳои моро барои ноил шудан ба сулҳу ваҳдат танҳо бозии сиёсӣ мепиндоштанд. Ғайр аз ин, як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод менамуданд, ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, баргаштани гурезаҳо сахт муқобилият мекарданд ва ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам чандин маротиба бо ҳидояту дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табаддулоти низомӣ заданд. Ҳамчунин дар дохили Тоҷикистон баъзе гурӯҳҳо ва қувваҳое буданд, ки бо доираҳои муайяни кишварҳои дигар забон як карда, нақшаи тақсимоти ҳудуди кишварамонро мекашиданд.
Фалсафаи маълуму возеҳи таҷрибаи таърих боз ҳам он аст, ки аз ваҳдат кишварҳои хурд ба давлати бузург табдил меёбанд ва абарқудратҳои тавоно аз ихтилофу ҷудоиандозиҳо пароканда мегарданд. Аз ягонагӣ пораҳо бузург мешаванду аз нифоқу ихтилоф бузургҳо пора. Гап сари бузургиву ҳудуду сарвату боигарӣ нест. Ин ҳама сарватҳо назди ваҳдату дӯстиву бародарӣ ҳеҷ арзише надоранд, агар дар ҷомеа парокандагӣ ҳукмрон бошад. Ба ин ваҷҳ, барои ҳар миллат ва, умуман, инсоният, волотарин гавҳару ганҷ сулҳу оромиву дӯстиву бародарист.
Илова бар ин дар раванди дарёфти сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон Нерӯҳои муштараки ҳофизи сулҳи ИДМ саҳми муассир доштанд, ки дар ҳайати он ҷузъутомҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Кишварҳои зикршуда на танҳо бо ҳузури низомиашон, балки бо кӯмакҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаашон дар мӯътадил гардонидани авзоь дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд. Онҳо баробари муроҷиати роҳбарияти ҶТ хӯрокворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ғалла ва ғ. фиристоданд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар раванди дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон кишварҳои зиёд, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии зиёд, шаҳрвандони зиёди хориҷӣ ба ин ва ё он шакл ҷалб гардида буданд ва мехостанд, ки қазияи Тоҷикистон шиддат нагирад ва аз роҳи мусолиматомез ҳаллу фасл гардад.
Табиист, ки вазифаи ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо созмондиҳиҳои диду боздидҳо, вохӯриҳо ва амалиётҳои онҳо ба дӯши муассисаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳо ва сафоратҳои он дар хориҷи кишвар, мушовирони Президента ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ афтод. Аз рӯзҳои аввали раванди Музокироти сулҳи тоҷикон намояндагони дипломатияи тоҷик иштироккунандагони бевоситаи он буданд. Аммо корашон на ҳамеша бобарор ва созанда буд, хусусан дар давраҳои аввали Музокирот.
Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмуъ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷиа гирифторшударо фаро мегирифт. Таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳо муваффақона анҷом ёфта, саранҷом барои ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст. Ин рисолати деринаи фарҳангӣ халқи моро ба фарҳангсолорӣ оварда мерасонад.
Имрӯз аз фарҳанги сулҳ ва рисолати сулҳпарварӣ натанҳо ояндаи кишвари мо, балки тақдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобастааст.
Аз ин лиҳоз мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангиву сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем.
Фарҳанги сулҳи тоҷикон ва сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишварамон буда, он чун дастоварди истиқлолияти мо дар арсаи ҷаҳонӣ шӯҳрат ёфтааст.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо пеш аз ҳама тавонистем истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем.
Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдат, ки бо хираду заковати азалии миллатамон, иродаи кулли мардуми тоҷик, инчунин мадади беғаразонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои миёнарав муяссар гардид, мо тавонистем, ки дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.
Баъди имзои ин санади тақдирсози таърихӣ мо ба сарҷамъ овардани миллат, яъне ба Ватан ва маҳалли зисти доимияшон баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва ба раванди ҳаёти осоишта пайвастани онҳо ноил шудем.
Аз касе пӯшида нест, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта хатари нобуд шудани генофонди миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хатари тақсим шудани сарзамини муқаддас ва марзҳои ягонаи кишвар пеш омада буд.
Пулодов Амирҳамза, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ