, Якшанбе, 22-декабр

ВАҲДАТ- ЗЕБОТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН БАҲОРИ ЗИНДАГИИ МО

 17.06.2023 221

ВАҲДАТ- ЗЕБОТАРИН ВА БУЗУРГТАРИН БАҲОРИ ЗИНДАГИИ МО

Сулҳ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле гарон ва бо роҳи мушкилу тӯлонӣ ба даст омад. Чи хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд «Бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиятҳои ҳизббӣ, гурӯҳи ва ғайра, болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли башарро муттаҳид, якдил ва якпорча созад».

Дар чунин шароит,  баҳри ҳарчӣ зудтар ва аз  нав  барқарор намудани ҳаёти иқтисодию-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нигоҳ доштани соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони намоёни давлатӣ, илму маданият ва собиқадорони ҷангу меҳнат бо ташаббуси Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баромад намуданд, то ки сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон барқарор шавад. Бинобар ин, рӯзи 18- уми июни соли 1997 қариб 600 вакил аз тамоми манотиқи  ҷумҳурӣ дар театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҷамъ омада, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таъсис доданд. Вакилон якдилона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб  карданд.

Дар оиномаи ин ҳаракат чунин қайд шудааст. «Ҳадафи асосии Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ин муттаҳид сохтани табақаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии  тарафайн аз бӯҳрони иқтисодӣ, раҳо додани  ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат» ба шумор мерафт.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар тарихи рӯзи 27 –уми июни соли 1997 оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти  сиёсии Точикистон такони бузург бахшид. Ин  сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанон, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки  маҷбуран таркӣ Ватани азизамон карда буданд ба зиндагӣ ва бо ояндаи Ватан гарм намуд. Сулҳи  ба даст омада,  натиҷаи заҳматҳои сулҳофари миллати тоҷик, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва нестӣ раҳоӣ бахшид. Дар ҳақиқат дар он замони ниҳоят мудҳиш ҷамъ намудани қариб як миллион  гуреза кори саҳлу осон набуд, новобаста аз ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ накарда гурезаҳоро ба Ватани азизамон баргардонд. Бинобар ин моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас - Ваҳдати миллиро нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу худшинос тарбия намоем, ки дар оянда  ин ҷавҳари ноёбро ҳифз намоему эҳтиромаш кунем.

Дар охир,  ба  ҳар як шаҳрванди боору номуси ин сарзамин, хусусан ҷавононро гуфтанием, ки ба ҳар як  дуруғу фиреби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фирефта нашаванд ва дар ободию оромии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Даминова КУРБОНБӢ ва Ниёзов ШОКИР, омӯзгорони кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат