, Якшанбе, 10-ноябр

ЧАНД ДАЛЕЛИ ҚАТЪӢ ДАР МАВРИДИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ  БУДАНИ  ТТЭ ҲНИ

 16.06.2023 198

ЧАНД ДАЛЕЛИ ҚАТЪӢ ДАР МАВРИДИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ  БУДАНИ  ТТЭ ҲНИ

Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз оғози пайдоиш то ба имрӯз дар фаъолияти тахрибкоронаи худ, ташкили бетартибӣ, ҷанг ва иҷрои амалҳои террористиро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Даҳҳо далелҳои таърихӣ ва даҳҳо намунаи таҳлили коршиносони дохиливу хориҷӣ мавҷуданд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати исломро собит намудаанд. Яке аз далелҳои равшан ва раднопазир, ин ташкили ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар  Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ дар кишвар беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо иншоотҳои гуногуни таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо хароб гардиданд. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар он вақт яке аз ҳадафҳои асосии ТТЭ ҲНИ ин аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик ташкил медод, ки хушбахтона бо ҷонфидоии фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик давлати тозаистиқлол аз хатари ТТЭ ҲНИ ҳифз карда шуд.

Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пас аз ҷанги шаҳрвандӣ низ чандин амалҳои террористиро анҷом додааст. Аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони зиёиён ва равшанфикрони миллати тоҷик, кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2015, ба мактабҳои экстремистии хориҷа барои таҳсил равон кардани ҷавонони тоҷик аз ҷониби роҳбари Ҳизби наҳзати ислом, ба ташкилоти террористии Давлати исломӣ бо роҳи фиреб равон намудани ҷавонони гумроҳгашта аз ҷониби ҳизби болозикр, иштирок дар террори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ва ғайраҳо аз амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он мебошад. Маҳз бо назардошти чунин ҳолат соли 2015 нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелу фактҳои радношаванда исбот намуда буданд, ки Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти экстремистиву террористӣ аст ва дар асоси далелҳои раднопазир Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳизбро террористӣ ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ намуд.

Аммо доираҳои наҳзатӣ ва роҳбарони он ҳамеша даъво менамоянд, ки ташкилоти террористӣ нестанд ва мақсади ноором сохтани ҷомеаро надоранд. Албатта чунин иддаоҳои онҳо аз воқеияти амалкардҳояшон фарсахҳо дур аст. Зеро таърихи фаъолияти наҳзат бозгӯи террористӣ ва экстремистӣ будани он аст.

Як воқеияти аҷоиб дар он аст, ки то имрӯз ҳеҷ яке аз созмони экстремистиву террористие худро террорист ва ё экстремист нагуфтааст. Ва бештраи ин гуна созмонҳо бар ҳамон даъвое будаанд, ки дар роҳи дурустанд. Чӣ гунае, ки “ДОИШ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва дигар созмонҳои ифротгаро худро шабакаи террористӣ намепиндоранд, Ҳизби наҳзати ислом низ худро ифротгарову террорист намеҳисобад. Ҳақиқат ин аст, ки ин созмонҳо воқеан шабакаҳои ифротгарову террористӣ мебошанд ва муассисони онҳо бо чунин шева мехоҳанд амалҳои ифротиву террористии онҳоро зери чодар қарор диҳанд. Аммо, кайҳо исбот гардидааст, ки таҳриру толиб ва наҳзативу ансорӣ ифротгарову террористанд. Ҳамасола, қатл гардидани ҳазорҳо одамони бегуноҳ аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва ба харобазор табдил ёфтани давлатҳои ором маҳз натиҷаи фаъолияти чунин ташкилотҳо аст. Яъне, дигар ҳама чиз маълум аст, амалҳои иҷро намудаи ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он, қатли даҳҳо олиму журналисту ҳунарманду равашанфикру сиёсатмадор аз ҷониби наҳзатиён далели экстремисту террорист будани онҳо аст. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.

Умуман, бояд қайд кард, ки ТТЭ ҲНИ ҳоло ҳам ҳадафҳои ғаразноки қаблиашро пайгирӣ намуда, ноором сохтани ҷомеаи тоҷикро яке аз мақсадҳои асосии худ қарор додааст. Аъоёни ин ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фиреби корбарон ва туҳмат нисбати давлату миллат машғул мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз сокинони кишварро зарур аст, ки беш аз пеш ҳушёр бошанд ва фирефтаи чунин ташкилотҳои террористии тахрибкор нагарданд.

Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик имрӯз соҳиби истиқлолияти сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, арзишҳои олии давлатдорӣ ва тамаддуни бузурги созандагӣ аст. Барои сокинон фазои сулҳу субот ва оромиву осудагӣ таъмин аст. Ҳар як шаҳрванд метавонад, аз ин фазои осуда истифода намуда, зиндагии дурахшони худро пеш барад.

Бинобар ин, имрӯз шаҳрвандони кишвари моро лозим аст, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бахусус фирефтаи ТТЭ ҲНИ ва аъзоёни он нагарданд. Аз фазои ором ва суботи сиёсии кишвар шукрона намуда, дар пешрафти давлати худ саҳми муносиби худро гузоранд.

Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ




Ба рӯйхат