,
Якшанбе, 22-декабр
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифта, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот мегарданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ, ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум, миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таассуби динӣ ва хурофот, вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад.
Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати эмин будан аз ин падидаҳои номатлуб ҳамеша кӯшиш намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Умарова С.И. муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ