,
Ҷумъа, 08-ноябр
Ваъзи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз ақидаҳои ифродтгароӣ, тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадд гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.
Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез
«Терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тули солҳои охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси бо ҳам задании низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.» Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳамаи арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар месозад. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷои аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифтааст ва ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш ба миён ояд. Хусусан, баъди сукути Иттиҳоди Шуравӣ созмонҳо ва ҳаракатҳои нав баромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини собиқ Шуравӣ роҳ ёфтанд.
Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона, Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият ба ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти динию сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми «Созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад.
Гурӯҳи дигари чунин созмонҳо ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсию чамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба хадафи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав барои ба даст даровардани ҳадафи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.
Чун Ангела Меркел- собиқ канслери Олмон, дар яке аз баромадҳояш нисбат ба дини ислом ва мусулмонони ҷаҳон иброз дошта буд, ки: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 миллиард аҳолӣ, 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, зиёда аз 1,8 миллиард, яъне 24,1 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил менамоянд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегӯяд: «Оллоҳу Акбар!» Зарардидааш ҳам мегӯяд: «Оллоҳу Акбар!». Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд.
Таърих дар тӯли солҳои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.
Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад.
Бояд ёдовар шавем, ки ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натичаи он садҳо ҳазор кушта шуданд, Ватан харобу валангор гардид, як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ватанро тарк намуда, теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимон қатл карда шуданд, маҳз бо дасисаи ташкилоти террористии наҳзати Ислом сар зад.
Аъзо ва роҳбарони наҳзат, ки афроди манфиатҷӯ ҳастанд, барои онҳо ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳанӯз ҳам афроди боқимонда аз ҳисоби роҳбарону пайравони ин ҳизби ифротӣ аз хориҷ истода, ба кишвар, миллат мо санги маломат мезананд ва ба ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд ба сафи худ ҷавонони ноогоҳро шомил намоянд, вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопоки худ нахоҳанд расид.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро омили нахустини бӯҳронҳо ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ маҳсуб мешаванд. Нигоҳи ифротгароӣ хело решаи чуқур дошта он ҳеҷ гоҳ алока бо дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътироф намекунад.
Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро иттиҳодияҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳадафҳо ва фаъолияту амалашонро махфӣ медоранд. Набудани меъёрҳо ва қоидаҳои асосию умумии муносибат ба иттиҳодияҳои террористию экстремистӣ корро мушкил мегардонад. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар шароити ҳозира бештар дар бораи як қатор ташкилоти овозадори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зидди террористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд.
Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар дар соҳаи дин ба амал меояд. Гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҷавонон ва духтароне таваҷҷӯҳ мекунанд, ки ба ҳурофотҳои динии кӯҳнапарастӣ гирифтор шудаанд ва ё дар зиндагӣ аз чизе рӯҳафтода ва ноумед гардидаанд, боиси ба доми ифротиҳо афтодани онҳо мебошад.
Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳои технологияҳои иттилоотии муосир ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд. Ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «Масъалаи мубориза бар зидди терроризм, хурофотпарастию ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад».
Имрӯз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавчуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурӯҳҳои алоҳидаи он кӯшишҳои гузаронидани ислоҳотҳо ба назар мерасанд. Барои ба мазмуни ин масоил расидан бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дарисломи муосир маълумот дошта бошем:
- ҷонибдорони ҷараёни аввал мӯътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд;
- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд;
- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом мақсади ислоҳ намудани оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекӯшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рӯи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.
Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Салафия» ба шумор меравад. Салафия аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он бо роҳи зӯроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.
Мутаасифона имрӯзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда бо ёрии гурӯҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиётҳои хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.
Ифротгароии динӣ ба манфиати шахс, ҷомеа ва давлат тахдид менамояд. тАз ҷумла, шахсе, ки ба равияи ифротгароии динӣ шомил шудааст:
-аз оила, хешу табор ва наздиконаш маҳрум мегардад;
-мавқеъи иҷтимоии худро дар ҷомеа аз даст медиҳад, аз имкониятҳои донишомӯзӣ, соҳиби касби хуб шудан, дар ҷомеа ба мавкеъи муносиб соҳиб шудан маҳрум мегардад;
- дар зиндагӣ мавкеъи шахсии худро аз даст медихад, ӯ ба воқеъият танҳо аз нигоҳу ақидаи равияҳои ифротгароии динӣ назар мекунад;
- ҳаёти хешро дар маҳбас ва ё дар мамлакати бегона мегузаронад, ӯҳдадориҳояшро дар назди оила, падару модар ва пайвандонаш иҷро карда наметавонад;
- дар натиҷаи ба муҷозот кашида шудан ва ё ба кишварҳои хориҷӣ «ҳиҷрат» намудани аъзоёни равияҳои ифротгароӣ, дар оилаи онҳо парокандагӣ ба вуҷуд меояд, фарзандон аз тарбия дур мемонанд, оилаҳо бепарастор мегарданд;
- ҷараёни аз насл ба насл гузаштани арзишҳои оилавӣ зарар мебинад, ҳувияти миллӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аҳамияти худро гум мекунад ва дар натиҷа маънавият коҳиш меёбад;
- дар натиҷаи содир гаштани ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ одамон ба зӯровариву қатлу ғорат, ба гарав гирифтану ғуломдорӣ одат мекунанд. Дар айни ҳол ин амалҳо дар байни қишри ҷомеа тарсу ваҳмро ба вучуд меоварад, селоби гурезаҳо зиёд мегардад;
- терроризм ва экстремизм ба авҷ гирифтани ҷинояткорӣ оварда мерасонад;
- давлат маҷбур мешавад, ки баҳри таъмини бехатарӣ аз буҷет маблағи зиёд харҷ намояд, яъне ҷамъият аз лиҳози иқтисодӣ зарари калон мебинад. Дар натиҷа, сафи бекорон зиёд мешавад, лоиҳаҳои ба самти ҳифзи иҷтимоӣ равона гашта, амалӣ намегарданд, сатҳи некуаҳволии мардум поён мефарояд;
- тақдири мамлакат аз донорҳои иқтисодӣ ва давлатҳои бо фурӯши яроқу аслиҳа машғулбуда, вобаста мегардад.
Гурӯҳҳои ифротгароӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ашхоси нав аз сомонаҳои иҷтимоии интернет васеъ истифода мебаранд. Бархе аз ҷавонон тавассути интернет, дискҳо, телефони дастӣ ба ташкилоти террористии “Ансоруллоҳ”, “Толибон”, «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳо майлу рағбат пайдо мекунанд.
Чун дар як барномаи телевизионӣ журналист ба ноиби сухангуи гурӯҳи ифротгарои “Толибон” Инъомуллоҳ Самангонӣ дар бораи Ҳайбатулло Охунзода савол дода гуфт, ки: Ҳайбатулло Охунзода – амири мусалмонони Афғонистон аст ё амири мусалмони ҷаҳон? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки айни ҳол у амири мусалмонони Афғонистон аст ва дар оянда амири мусалмонони ҷаҳон хоҳад шуд!!! Ин огоҳи аз он медиҳад, ки таҳдидҳои онҳо давом дорад ва ба ҳамсоякишварҳо идеологияи худро ҷорӣ кардан мехоҳанд. Аммо якдилию ваҳдати аҳли ҷомеа ва ҳушёрию зиракии мақомоти қудратии кишвар, ҷавонони соддиқи миллат намегузоанд, ки душман, ифротгарою террорист ба чашми баъд ба сарзамини мо нигоҳ кунад.
Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳимму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Пас моро зарур аст, ки пайваста суханони Пешвои миллатро дарк намуда ва ба ҷавонон талқин намоем. Пешвои миллат гуфта буд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Дар охир бояд зикр намуд, ки танҳо иттиҳоди мустаҳками тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, мардуми ватандӯсту ҳушёр чи дар деҳаву ва чи дар шаҳр метавонанд садди роҳи вабои қарни ХХI гардида, башариятро аз падидаҳои ифротгароию терроризми байналмилалӣ наҷот диҳад.
Салим Сайвализода - таҳлилгар