,
Душанбе, 14-октябр
(Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон)
Яке аз масъалаи рӯзмараи ҷомеа ва ташвишовар масъалаи вазъи ҳуқуқӣ, дар амал татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад. Ҳуқуқи кӯдак - ин ҳуқуқу озодиҳое аст, ки бояд ҳар як кӯдак новобаста аз ҳаргуна тафовути нажодӣ, ҷинс, забонӣ, динӣ ва ҷойи таваллуд, баромади миллӣ ва иҷтимоӣ, ҳолати молумулкӣ, табақавӣ ва ё дигар ҳолат аз он бархурдор бошад.
Кафолатҳое, ки меъёрҳои моддаи 34 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудааст, ин таҳти ҳимоя ва ѓамхории махсуси давлат қарор доштани кӯдак ва дар ин радиф ба ӯҳдаи давлат масъулияти азими рушди соҳаи иҷтимоиро гузоштанро инъикос менамояд. Ин масъулият аз андешидани тадбирҳое иборат аст, ки ба устувории оилаҳо, ҳавасмандгардонии модарӣ, ҳимояи манфиатҳои ҳама аъзои оила, аз ҷумла кӯдакон ва муҳайё кардани шароите нигаронида шудаанд, ки амалишавии пурраи ҳуқуқи оилавиро кафолат медиҳанд. Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (1948), Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1959), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1989), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба ширкати кӯдакон дар низоъҳои ҳарбӣ марбут аст (2000), Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарӣ ва порнографияи кӯдакон марбут аст (2000) ва ѓайраҳо татбиқ шудаанд. Дар баробари ин, дар қонунгузории миллӣ ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар ин самт як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул шудаанд, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» аз 1 августи соли 2003, «Дар бораи ҳимояи ѓизодиҳии табиии кӯдакон» аз 22 декабри соли 2006, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, ки ба татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон шароити мусоиди ҳуқуқию моддӣ фароҳам меоваранд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҳамагуна зӯроварии хонаводагӣ дар кишвар қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардидаанд. Дар ин радиф, барои дуруст ба роҳ мондани назорат ва татбиқи механизми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарби яи фарзанд» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нави сохторӣ шуъбаи ҳуқуқи кудак таъсис дода шуд.
Дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалӣ менамояд. Ҳамзамон барои самарабахш амалӣ шудани ҳуқуқҳои кӯдак ва ҳифзи он дар кишвар бо супориш ва саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми ироакардаи хеш дар соли ҷорӣ институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлату ҳукумат дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакро аз 26 –уми июли соли 1993 ба тасвиб расонида ва он 26 ноябри соли 1993 эътибори қонунӣ пайдо кард, инчунин меъёрҳои ҳуқуқии моддаи 34 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдор давлатро ба он водор месозад, ки дар ин бахш барои амалӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдакон чораҳои дахлдорро андешад.
Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи марти соли 2015 қонуни ягонае вуҷуд надошт, ки (албатта ба истиснои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бобҳои 11, 18, 19 ва 20 омадааст) барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқии кӯдакон равона шуда бошад, ки ин албатта баҳсҳо ва мухолифатҳои гуногунро оиди муайян кардани мафҳуми истилоҳи кӯдак, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони ятим, бепарастор ва дигар масъалаҳои ба ин монандро ба миён меовард.
Хушбахтона дар моҳи марти соли 2015 боназардошт ва амалӣ намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии байналхалқӣ дар самти вазъ, татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015, №1196 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шуд, ки ин бори дигар барои мустаҳкамкунии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак шароити мусоиди ҳуқуқию моддӣ фароҳам меорад.
Дар моддаи 1 – уми Қонуни мазкур аввалин маротиба ба таври расмӣ мафҳуми истилоҳи кӯдак ба таври зайл омадааст: “Кӯдак - шахсе, ки ба синни ҳаждаҳнарасидааст”. Аз мафҳуми додашудаи қонун бармеояд, ки кӯдак шахсе мебошад, ки чӣ то ва ва чӣ баъди таваллуд, яъне то синни ҳаждаҳсолагӣ бинобар сабаби ноболиѓии ҷисмонӣ ва ақлӣ ба ҳимоя ва нигоҳубини иҷтимоии махсус, аз ҷумла ба ҳимояи ҳуқуқии дахлдор ниёз дорад. Ҳамзамон дар қонуни мазкур дигар навъи ҳуқуқҳои кӯдак ба мисли ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ба ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ба моликият, ба манзил, ба таҳсил, ба меҳнат, ба истироҳат ва фароғат, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон, ба зиндагӣ ва тарбия дар оила, дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ – тарбиявӣ барои ноболиғон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони гуреза пешбинӣ шудааст.
Вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон дар муҳити оила, мактаб ва кӯча ба назар мерасанд. Мушоҳида ва таҳлилҳои дар амалия нишон медиҳанд, ки ду омили асосӣ: ҷудошавии оилаҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба вайроншавии ҳуқуқи кӯдак бештар таъсири манфӣ мерасонад. Гӯвоҳи гуфтаҳои боло дар он аст, ки дар соли 2020 аз 67104 ҳазор ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 10 536 ҳазори он бекор карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 – ум 1946 ҳазор (12 482 ҳазор) зиёд аст.
Омили дигари вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдакон муҳоҷирати меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Баъзан аз сабаби дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани падару модар ва аз тарбияи оила дур мондан, кӯдакон гирифтори мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ шуда, ба гурӯҳи кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ворид гардида, ба қонуншиканӣ даст мезананд ва дар натиҷа ба муассисаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.
Мушкилиҳои дигар низ дар ин самт ба назар мерасанд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 34) давлат баҳри ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ѓамхорӣ менамояд. Механизми дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак нисбати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба монанди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи маориф”, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015 ва дигар санадҳо ва барномаҳои давлатӣ инъикос ёфтаанд.
Баҳри ба роҳ мондани иҷрои меъёрҳои мавҷуда дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон таъсис дода шуд, ки он аз 3 июли соли 2012 ба фаъолият оѓоз намуд.
Аз 76 мактаб – интернатҳое, ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар 13 мактаб – интернат кӯдакони имконияташон маҳдуд таълим мегиранд. Дар ин радиф имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак зарур аст, ки чораҳои самарабахш оид ба ҳифзи онҳо аз зӯроварӣ дар оила ва дигар намудҳои зӯроварӣ андешида шаванд. Зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, муносибати манфии равонӣ ва ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта зоҳир мегардад. Ин падидаи номатлуб ҳуқуқҳои кӯдакро ба ҳаёт ва саломатӣ вайрон карда, шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва ба рушди ояндаи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯзҳо нисбати кӯдакон аз ҷониби падару модар, ҳамсолон ва калонсолон шаклҳои гуногуни зӯроварӣ истифода мегарданд.
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул шуданд. Аз ҷумла, тибқи талаботи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” ва Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро падару модар, кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва шахсони онҳоро ивазкунанда, комиссияҳо оид ҳуқуқи кӯдак, прокурор, суд ва милитсия ҳимоя мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҳолат, амалигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор мушкилоти ҷойдошта вобастӣ дорад, ки барои дар амал татбиқ шудан ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон бо ҳалли чунин тавсияҳо алоқамандӣ доранд: расонидани ёрии равонию иҷтимоӣ ба кӯдакне, ки зери хавфи мухолифат бо қонун қарор доранд, аз чумла ба кӯдакон аз оилаҳои камбизоат; ворид намудани воҳиди кории равоншиносон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ; беҳтар кардани дастгирии иҷтимоии оилаҳое, ки дар тарбияашон кӯдакони имконияташон маҳдуд доранд; андешидани чораҳо баҳри таъмин намудани дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба марказҳои фарҳангию фароѓатӣ, мактабҳо, дигар муассисаҳои дахлдор ва нақлиёти ҷамъиятӣ; иттилотонии аҳолӣ оид ба меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва баланд бардоштани маърифати ахлоқию ҳуқуқии аҳолӣ бо мақсади пешгирии ҳамагуна зӯроварӣ нисбати кӯдакон.
Бахтиёр Назаров – омӯзгори кафедраи ҳуқуқва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ