,
Якшанбе, 22-декабр
Имрӯзҳо дар ҷаҳони пуртазод ва зудтағйирёбанда таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Вазъияти кишварҳои ҷангзада аз он шаҳодат медиҳад, ки ин падидаҳои номатлуб аз ҳадафҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ бармеояд ва ҳамчун вабо ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдид менамояд.
Яке аз роҳҳои муосире, ки ақидаҳои мардумфиребонаи ҳизбу ҳарактҳои террористиву экстремистӣ тавассути онҳо паҳн гардида, ба амнияти кишвар хатар эҷод менамояд, ин дастрасии умумии иттилоот дар шабакаи Интернет мебошад.
Иттилооти ҳадафмандонаи созмонҳои ифротгаро, ки бар зидди якпорчагии давлат, сохтори конститутсионӣ ва ҳамбастагии миллат равона гардида, оқибат ба содир намудани амалҳои террористӣ аз ҷониби шахсони кундфаҳму кӯтоҳандеш мегардад, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии шаҳрвандон, пешгирии пайравии ҷавонони сустирода ба ақидаҳои террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳисси зиракиву сиёсии ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар назди ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад.
Дар сурате, ки мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотии муғризонаи душманони созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти давлату миллат таъсири манфӣ расонад. Мисоли равшани он, ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир мебошанд, ки аксари онҳо бо даъватҳои оммавӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдонҳо, анҷом додани амалҳои гуногун ва ғайраҳо сурат гирифтааст.
Дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда ҳар як узви ҷомеа бояд посухҳои муносиб диҳад, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Мо набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр намоем ва хомӯширо пеша кунем. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад. Ҳар яки мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Тавре, ки дида истодаем раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилиҳоро низ ба бор овардаву сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе аз дастовардҳои ҷадиди илмию техникие, ки инсоният кашф кардааст, имрӯз ба амнияти худи сокинони сайёра хатар эҷод намуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки зиёд гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ давлатҳоро водор сохтааст, ки ба амнияти иттилоотии худ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намоянд. Зеро дар асри XXI, ки асри илму техника мебошад, амнияти миллии ҳар як давлату миллат аз амнияти иттилоотиаш вобастагӣ дорад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр менамоянд, дар шароити муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюл ба он суръати баландро касб менамояд, якчанд омилҳо ба сарнавишти давлат ва мардум таъсири дарозмуддати манфӣ дошта метавонад.
Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути шабакаи Интернет ва васоити ахбори омма, ки дорои нерӯи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд, эҳсос мегардад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову созмонҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразнок хеш дар баробари силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ истифода менамоянд.
Албатта, дар асри XXI, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон ба тафаккури ҷомеа бисёр амиқ ва нишонрас ба назар мерасад. Расонаҳои иттилоърасон ҳатто ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд ва аз ин лиҳоз, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал гардидааст.
Бояд қайд намуд, ки омили муҳими таъмини амнияти иттилоотӣ дар он мебошад, ки бояд воситаҳои ахбори омма моҳияти рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиии аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидоштаро дар сатҳи баланди касбият, ба таври воқеъбинона, саривақтӣ, соддаву фаҳмо ба ҷомеа расонанд ва дар ташаккули афкори мусбӣ ва дурусти ҷомеа саҳми муносиб гузоранд. Дар ин ҳолат таъсири ҳар гуна иттилооти беасос ва бардурӯғ дар расонаҳои манфиатхоҳ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию ифротгаро ба ҷомеа метавонад камтар гардад. Зеро табиати инсон чунин аст, ки ба иттилои аввал дарёфтнамуда бештар эътимод пайдо мекунад. Эътимоду боварӣ ба иттилооти расонаҳои расмӣ бошад моҳиятан эътимоду бовариро ба мақомот ва ҳокимияти давлатӣ бештар месозад. Мо умед дорем, ки амнияти давлату миллати мо побарҷо бимонад ва ҳеҷ як таҳдиду хатар пеши роҳи шукуфоии Тоҷикистони азизи моро нагирад.
Мазарифов Манучеҳр, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, муовини декани факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии ДДК ба номи А. Рудакӣ