, Якшанбе, 15-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - РОҲ БА СӮИ МАРГ

 29.05.2023 215

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - РОҲ БА СӮИ МАРГ

Ахиран гуфтугузорҳо оиди террористон ва дар маҷмӯъ терроризм дар сатҳи байналмилалӣ тавсеъа пайдо кардааст ва аксаран давлатҳои ғарбӣ аъмоли зиёди хушунатбор ва террористиро маҳз ба мусулмонон ва исломиён мансуб ва мутааллиқ медонанд, ки комилан ғалат ва иштибоҳ аст. Чун решаю маншаъи терроризм ва хушунатҳою зӯровариҳо зимни таҳқиқу омӯзиш маълум хоҳад гашт, ки ҳатто қабл аз ислом зуҳур кардааст.

Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, ки решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки имрӯз вирди забони ҳамагон гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи «terror» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» андохтан аст. Террористон мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро бо роҳҳои зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, яъне ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Чи хеле ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ ишора шуда буд, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва xонаи ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи чиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон пояндаву ҷовидон бошад!

Саъдуллоҷони ҲАМРОХОН,  раиси созмони  ҷавонони  факултети омӯзгорӣ  ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат