,
Ҷумъа, 08-ноябр
Боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби кам доштани донишу фаҳмиш, заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон бо сабаби рушд наёфтани худогоҳи ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми чунин навкарони шайтон, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд.
Дар шароити имрӯз якчанд масъалаҳое ҳастанд, ки баъзан сабабгори шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, умуман гурӯҳҳое, ки характери таҷовузкорона доранд, мегардад. Яке аз чунин масъалаҳои ҳалталаб тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи идеалҳои олии истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Албатта дар шароити имрӯза як қатор монеаҳо ва мушкилотҳое ҳастанд, ки сади роҳи ҷараёни тарбия мегарданд, аммо новобаста аз ин фикр мекунем тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз мушкилотҳои ҷидди дар ҷаҳони муосир ба шумор рафта, метавонад сади роҳи шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардад.
Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин нобаробарии дараҷаи дониш, фахмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ва ин ба он сабаб гардидаистодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд.
Боиси таассуф аст, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ ва эктремистӣ зиёдтар аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, ҷавонони гумроҳи камсавод ва ҷавононе, ки фарҳанги пасти динӣ доранд ба тарафи худ ҷалб намуда, ба онҳо ваъдаи пулу моли бардурғ ва фатво бар он медиҳанд, ки гуё бар ин амалҳои зишташон дохили «ҷаннат» мегардида бошанд, ҳол он ки дохили ҷаннат ва ҷаҳаннам шудани кадом инсонро Худо худ медонаду бас, вале онҳо дар асл номи поки дини исломро доғдор месозанду халос. Чун дини ислом худ шиканҷа ва куштори одамони бегуноҳро маҳкум месозад.
Тавре медонем, чанде пеш 84 нафар кӯдакону наврасон аз давлати Ироқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин ҳам бошад, бо талошҳои Ҳукумати мамлакат, хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сарвари давлат ҳеҷ намегузорад, ки як тоҷику тоҷикистони худро танҳо ҳис кунад. Бо баргардонидани ин кӯдакон метавон гуфт, ки ташаббусҳои Пешвои миллат танҳо ба манфиати халқу Ватан равона мегардад. Кӯдаконе, ки баргардонда шуданд, падарону модарони онҳо, ки аксариятро ҷавонон ташкил медоданд, ба ақидаҳои бардуруғ ва муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ дода шуда, ҳам худ ва ҳам фарзандони хешро ба азобу шиканҷа гирифтор намуданд. Дар натиҷа барои шамилшавӣ ба гурӯҳҳои тунгаро, махсусан ДИИШ аз 15 то ба ҳабси абад зиндонӣ гардиданд. Хушбхтона, фарзандони онҳо ба ватан баргардонида шуда, зери назорати беҳтарин равоншиносону донишмандон қарор доранд, ки оянда дар роҳи дуруст ба камол мерасанд. Дар ин маврид метавон хулоса кард, ки мақсади ниҳоии ин гурӯҳҳо инсонҳоро зери азобу шиканҷа гирифтор кардану ба амният ин ё он давлат халал ворид сохтан аст, на чизе дигар. Яъне падидаҳои терроризм ба сарнавишти ҷаҳон хатари бузург дорад.
Аммо моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳвандро баланд бардорем чун ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худштносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Дар чунин ҳолат принсипҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва равандҳои асосии эҳёи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ то рафт мустаҳкам мегардад ва ҳеҷ як гурӯҳҳои террористӣ дар мубориза бо мо муваффақ шуда наметавонад.
Ҷамшед РАФИЕВ, аъзои гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб