, Панҷшанбе, 21-ноябр

ИСТИФОДАИ РОҲУ ВОСИТАҲОИ САМАРАНОКИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

 15.05.2023 241

ИСТИФОДАИ РОҲУ ВОСИТАҲОИ САМАРАНОКИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Масъалаҳои доғи рӯз будани терроризм, экстремизм ва хавфи зиёд доштани он ба низоми дохилаи давлатҳо  ва дар қатори ин  давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки омилҳои пайдоиш, ташаккул, роҳҳои аз байн бурдани терроризм ва дигар паҳлӯҳои он баррасӣ гарданд.

Терроризм падидаи нав нест. Нишонаҳои  он  дар давраҳои пеш  мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Айни замон ҳолати фаъоляити терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад.  Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ -  бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи  зудтар маҳв ё паст намудани сатҳи фаъолияти он меистад.

Имрӯзҳо терроризм аз ҷониби ҳар як сиёсатмадор ҳар навъ маънидод карда мешавад. Маҳз ҳамин омил боис мегардад, ки раванди баҳамоии давлатҳоро баҳри мубориза алайҳи терророризм мушкил месозад. Бояд қайд кард, ки терроризм ин реаксияи ҷомеа нисбати ин ё он ҳодисаи муайян аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда давлатҳо низ дар ин амал ба сифати иштирокчии асосӣ ва ё кӯмакгари ташкилотҳои террористӣ зоҳир мешаванд.  Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд.

Дар муборизаи зидди терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки ягон давлат гурӯҳҳои ҷудоихоҳӣ дар дохили мамлакати худ амалкунандаро  гурӯҳҳои террористӣ эълон месозад ва ба зидди онҳо мубориза мебарад, ҳамзамон дигар давлат мекӯшад  онҳоро ба манфиати худ истифода бикунад.

Дар замони муосир якчанд роҳҳои мубориза бо терроризм маҷуданд: ҳуқуқӣ, зӯрӣ, дохилӣ ва берунӣ. Роҳҳои ҳуқуқии мубориза дар асоси нишондоди созишномаҳои байналхалқӣ сурат мегирад. Усули зӯрӣ - он ба азбайнбарии терроризм мусоидат намекунад, баръакс терроризмро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ чандин аҳолии осошта низ зарар мебинад. Мубориза бо терроризм дар сатҳи дохилидавлатӣ бо роҳи огоҳ кунонидани мардум ва пешгирӣ намудан ба амалиёти террористӣ сурат мегирад. Роҳи берунаи мубориза бо терроризм ба василаи қабули созишномаҳо  ва ҳамкории давлатҳо сурат мегирад.

Барои давлатҳои хурде, ки қудрат надоранд он роҳи муборизаи сермасраферо, ки давлатҳои абарқудрат пеш гирифтаанд, созмон диҳанд, ягона роҳи босамар, бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фараҳнги сиёсии аҳли ҷомеа, таъмини ҳаёти хубу осоишта ба шумор меравад. Надоштани худшиносӣ, таъмини нокифояи зиндагӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ меоранд.

Қадамҳои устувор ва воқеӣ баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм дар асоси пешгирии амали зер бояд  сурат бигирад.

- бароҳмонии мақсаду идеяе, ки на танҳо ба минталитет ва манфиатҳои як давлату миллат хос аст, балки он бояд манфиатҳои тамоми миллатҳои сайёраро таҷассум намояд;

-дар шуур ва ботини ҳар як шахс ҷой додан ва пазонидани андеша ватандӯстӣ;

- ҷалби фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии тарғиботи ифротгароӣ байни ҷавонон ва донишҷӯён;

- чорум, кори муташаккили мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии густариши ифротгароӣ дар Интернет.

 -пайдо ва асоснок намудани он давлатҳое, ки ба терроризм  рабте доранд ва тавассути роҳҳои одилона гирифтани пеши роҳи ӯ дар ин кор. Ин аз он ҷиҳат аст, ки вақте ба даста ва ё  ташкилоти террористӣ кӯмаки давлат намерасад, террористон ба роҳзани муқаррарӣ табдил меёбанд.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм  қонуну санадҳои  муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ  аз доираи он мамлакатҳои  гирифтори терроризм ва экстримизм, берун нест. Гурӯҳҳои тундраве, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрӯз мавҷудияти худро аз даст надода, мавридҳои гуногунро истифода намуда, амалиёти худро ба вучуд меоранд, ки  ба ин, воқеаҳои соли охир дар қисмати Шимолу Ҷануби мамлакат мисол шуда метавонанд.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалкӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мемонад. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» сурат мегирад. Дар Қонун субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Қонунҳои мубориза бар зидди терроризм таҳияшуда аз ҷониби давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хосияти паҳншуда надошта, онҳо метавонанд, вобаста ба навъҳои зуҳури терроризм ва сатҳи таъсири он ба ҷомеа, тағйир ва такмил ёбанд.

Боронова РУХШОНА, саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Темуров ХУРШЕД, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва забонҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб




Ба рӯйхат