,
Ҷумъа, 27-ноябр
Парчами давлатӣ барои ҳар як миллату давлат яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон 24-уми ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки рӯзи гиромидошти таърихи куҳан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ мебошад. Парчам ҳамчун оинаи таърих роҳи тайкардаи миллат, ормонҳои озодихоҳона ва ҳадафҳои созандаи давлати соҳибистиқлоли моро дар худ таҷассум менамояд.
Фарҳанги парчамдории мардуми тоҷик таърихи чандинҳазорсола дошта, решаҳои он ба тамаддуни бостонии ориёӣ пайванд мегирад. Аз замони Коваи оҳангар, ки пешдомани чармини худро бар сари найза кашида, мардумро ба мубориза бар зидди зулму истибдоди Заҳҳок даъват намуд, «Дирафши Ковиён» ба рамзи озодӣ, адолат ва пирӯзии некӣ бар бадӣ табдил ёфт. Ин дирафши муқаддас дар тӯли асрҳо ҳамчун нишонаи қудрат, шукӯҳ ва давлатдорӣ дар ривояту осори таърихии давлатҳои бостонии ориёӣ, аз ҷумла Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён, ҷойгоҳи хосса дошт.
Дар осори безаволи ниёгонамон, бахусус дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, дирафш на танҳо як рамзи зоҳирӣ, балки нишонаи номуси миллӣ, шуҷоат ва ҳимояи марзу буми Ватан тасвир шудааст. Ин анъанаи деринаи парчамдорӣ имрӯз дар Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идома ёфта, пайванди ногусастании наслҳо ва таърихи пурифтихори миллати моро таҷассум менамояд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рамзҳои давлатии худ ниёз дошт, ки соҳибихтиёрӣ, ормонҳои миллӣ ва роҳи рушди минбаъдаи кишварро ифода намоянд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар баробари дигар масъалаҳои сарнавиштсоз, масъалаи қабули Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба вуқӯъ пайваста, баёнгари азму иродаи халқ дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдат ва бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол гардид.
Бо мақсади гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ, аз соли 2009 инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба яке аз санаҳои муҳими тақвими миллии кишвар табдил ёфтааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии ранга - сурх, сафед ва сабз иборат мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷи заррин ва болои он ҳафт ситораи панҷгӯша дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд. Ҳар як ранг ва унсури Парчами давлатӣ дорои маънои рамзии хос мебошад:
Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисорӣ ва фидокории фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи озодӣ, истиқлол ва ҳифзи марзу буми Ватан мебошад. Он ҳамчунин нишонаи ҷасорату мардонагӣ ва муҳаббати беандоза ба сарзамини аҷдодӣ аст.
Ранги сафед баёнгари покӣ, сулҳу оромӣ, роҳи сафед, субҳи умед ва ниятҳои неки мардуми тоҷик мебошад. Сафедӣ ҳамчунин рамзи маънавиёти баланд, ростқавлӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба шумор меравад.
Ранги сабз нишонаи сарсабзиву хуррамӣ, ободонӣ, шукуфоии табиати биҳиштосои Тоҷикистон, кишоварзӣ ва зиндагии пурфайзу баракат аст. Он рамзи идомаи ҳаёт, ҷавонӣ ва пешрафти пайвастаи кишвар мебошад.
Тоҷ ва ҳафт ситора рамзи соҳибдавлатӣ, истиқлолият, таърихи куҳани давлатдории тоҷикон ва ормонҳои неки миллат мебошанд. Тоҷ нишонаи давлатдорӣ ва сарбаландии миллӣ буда, ҳафт ситора дар фарҳанги мардуми тоҷик рамзи бахту саодат, камолот ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ маҳсуб мешаванд.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари парчамҳои давлатҳои ҷаҳон дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшон аст. Ин нишонаи эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳар боре ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатӣ боло бардошта мешавад, қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз эҳсоси ифтихору сарфарозӣ лабрез мегардад. Зеро Парчам дар чунин лаҳзаҳо на танҳо рамзи давлат, балки таҷассумгари заҳмат, талош, ғурури миллӣ ва обрӯю эътибори тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Бунёди Боғи Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ва афрохтани яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон дар он ба ин макон шукӯҳу шаҳомати хос бахшида, онро ба рамзи сарбаландӣ ва ифтихори миллӣ табдил додааст.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як фарди бедордил мебошад. Зеро тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқат ба Ватан заминаи муҳимми ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии ояндаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар фарози сарзамини озоду ободи мо ҳамеша парафшон бошад ва моро ба сӯи қуллаҳои нави созандагӣ, пешрафт ва саодати миллӣ раҳнамоӣ намояд.
Поянда бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Поянда бод ваҳдати миллӣ!
Ҳамеша парафшон бод Парчами давлатии Тоҷикистони азиз!
Нурматов Ҳисомиддин - муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ