, Шанбе, 14-ноябр

СААД - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ПЕШРАФТИ УСТУВОРИ ДАВЛАТҲО


СААД - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ПЕШРАФТИ УСТУВОРИ ДАВЛАТҲО

Дар замони имрӯза муносибатҳои байналмилалӣ бо хатарҳои гуногун, аз қабили ҷиноятҳои киберӣ, ҷангҳои мусаллаҳона, ҷиноятҳои муташаккили хусусияти байналмилалӣ дошта, убури ғайриқонунии сарҳад, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби шабакаҳои ҷиноятии дохилию хориҷӣ, гаравидани инсонҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар падидаҳои номатлуб рӯ ба рӯ гардидаанд. Дар чунин шароит масъалаи таъмини амният ва суботи сиёсӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба, ташаккули низоми боэътимоди амнияти дастҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати давлатҳо аҳамияти хосса касб намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳофар ва ҷонибдори рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба масъалаҳои амнияти давлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалигардонии сиёсати хориҷӣ аз принсипҳои сиёсати дарҳои боз, эҳтироми соҳибихтиёрии кишварҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ, эътимоди мутақобила, ҳалли осоиштаи баҳсҳо ва густариши ҳамкориҳои судманд истифода менамояд.

Дар ин замина, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки 11 ноябри соли 2026 дар шаҳри Москва баргузор гардид, аз ҷиҳати сиёсӣ ва стратегӣ аҳамияти муҳим дорад. Суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар мавқеи устувори кишварро дар масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани иқтидори созмонҳои байналмилалии амниятӣ ва ташаккули фазои сулҳу субот инъикос намуд.

СААД яке аз созмонҳои муҳими ҳамкории бисёрҷонибаи амниятӣ дар фазои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад ва принсипҳои асосии созмон аз таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти дастҷамъӣ, ҳифзи истиқлолият, сарҳад ва тамомияти арзии давлатҳои аъзо, инчунин рушди механизмҳои ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдиду чолишҳои минтақавӣ ва умумӣ иборат мебошанд. Мазмуну моҳияти амнияти дастҷамъӣ дар он аст, ки давлатҳои иштирокчӣ амнияти ҳар як аъзоро ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти умумӣ эътироф намуда, дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ барои ҳифзи суботи минтақа ҳамкорӣ менамоянд. Ин гуна муносибатҳо имкон медиҳанд, ки хатарҳои эҳтимолӣ ва мавҷуда сари вақт муайян гардида, чораҳои зарурии пешгирикунанда аз ҷониби мақомоти дахлдор дар заминаи фаъолияти ҳамоҳангшуда амалӣ гарданд.

Амният на танҳо аз иқтидори ҳарбӣ иборат аст, балки омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва иттилоотиро низ фаро мегирад. Самарабахшии фаъолияти СААД аз иқтидори ҳарбӣ, омодагии ҷузъу томҳои низомӣ, таъмини бехатарии сарҳад, эътимоди байни давлатҳо, ҳамкории байни мақомот, инкишофи муносибатҳои дипломатӣ ва қобилияти пешгирии таҳдидҳои нав зоҳир мегардад. Чунин фаъолият бо риояи манфиатҳои давлатҳои аъзо амалӣ карда мешавад. Риояи манфиатҳои миллӣ, баробарҳуқуқии давлатҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ низоми устувори амнияти дастҷамъиро ташкил медиҳад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Шурои амнияти дастҷамъӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи СААД ҳамчун яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии худ муносибат менамояд.

Ҳангоми суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмон барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаи он мусоидат хоҳад кард. Аҳамияти амалигардонии самараноки ин ҳуҷҷатҳои қабулшаванда дар фаъолияти СААД таъкид гардид. Самаранокии ҳар як санади байналмилалӣ дар татбиқи воқеӣ ва натиҷабахши он ифода меёбад. Тоҷикистон дар ин раванд зарурати рушди ҳамкориҳои байни сохторҳои дахлдор, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти амниятӣ ва тақвияти омодагии СААД барои вокунишҳои саривақтӣ ва фаврӣ ба ҳар гуна таҳдиду хатарҳои замони муосирро муҳим арзёбӣ менамояд. Мавқеи мазкур аз фаҳмиши воқеъбинонаи вазъи геополитикии ҷаҳон ва минтақа бармеояд. Тоҷикистон бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон ба масъалаҳои амнияти сарҳадӣ, убури ғайриқонунии сарҳад, пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аҳамияти махсус медиҳад. Аз ин лиҳоз, тақвияти механизмҳои ҳамкории амниятӣ барои кишвари мо на танҳо масъалаи сиёсати хориҷӣ, балки шарти муҳими ҳифзи амнияти миллӣ, сулҳу субот ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.

Дигар масъалаи муҳими баррасишуда дар ҷаласаи СААД дастгирии Изҳорот оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар самти мубориза бо терроризм мебошад. Терроризму экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҷумлаи хатарҳое мебошанд, ки амнияти давлатҳои алоҳида, минтақа ва тамоми низоми байналмилалиро халалдор месозанд. Ин зуҳурот сарҳадҳои давлатиро эътироф намекунанд ва метавонанд тавассути шабакаҳои фаромиллӣ, маблағгузории ғайриқонунӣ, таблиғоти ифротгароёна дар ҷомеа ва интернет, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ густариш ёбанд. Ба ин гурӯҳи таҳдидҳо қочоқи маводи мухаддир, интиқоли ғайриқонунии силоҳ, харидуфурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ низ дохил мешаванд.

Мубориза бо чунин хатарҳо бояд хусусияти фарогир дошта, тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомию амниятӣ, иттилоотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар гирад. Дар алоҳидагӣ амалиёти сохторҳои низомӣ барои бартарафсозии ин падидаҳои манфии ҷомеа басанда нест. Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба шабакаҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум, таъмини аҳолӣ бо шуғли муайян, рушди соҳаи маориф, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ, инчунин таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ аз омилҳои муҳими муқовимат ба ин падидаҳо мебошанд. Дар раванди амалигардонии ин фаъолият бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва принсипҳои адолати судӣ риоя карда шаванд. Мубориза бо ин падидаҳо бояд дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ сурат гирифта, аз истифодаи интихобӣ ва ғайриқонунии чораҳои маҷбурӣ пешгирӣ карда шавад.

Яке аз афзалиятҳои муҳимми раёсати Тоҷикистон дар СААД, ки бо шиори «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак» пешниҳод гардидааст, масъалаи таҳкими амнияти сарҳадӣ мебошад. Сарҳади давлатӣ на танҳо хатти ҷудокунандаи ҳудуди кишварҳо, балки унсури муҳими соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ ва тартиботи ҳуқуқии ҳар як давлат мебошад. Дар шароити муосир ҳифзи сарҳадҳо аҳамияти бештар пайдо кардааст, зеро таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, интиқоли ғайриқонунии силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, харидуфурӯши одамон ва ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ аксаран хусусияти фаромарзӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои мавқеи муҳими геополитикӣ ва стратегӣ дар минтақа мебошад, масъалаи таҳкими сарҳадҳоро бо назардошти вазъи мураккаби амниятӣ дар минтақаи ҳамсоя аҳамияти махсус медиҳад. Таъмини амнияти сарҳади давлатӣ дар ин шароит бояд бо истифодаи технологияҳои муосир, такмили инфрасохтори сарҳадӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни ҳарбӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ амалӣ карда шавад. Қайд намудан ба маврид аст, ки амнияти сарҳадӣ танҳо масъулияти мақомоти марзбонӣ нест. Он ҳамкории мақомоти гумрук, ҳифзи ҳуқуқ, амният, муҳоҷират, сохторҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Равнақ ёфтани низоми ҳамоҳангшудаи назорат ва мубодилаи маълумот дар байни давлатҳои аъзои СААД метавонад барои пешгирии саривақтии хавфу хатарҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба амнияти давлату минтақа мусоидат намояд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тақвияти ҳамкории низомию техникӣ ва низомию иқтисодӣ низ таъкид гардид. Ин масъала яке аз самтҳои муҳимми таҳкими иқтидори мудофиавии давлатҳои аъзо ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории низомию техникӣ имконият фароҳам меорад, ки давлатҳо таҷрибаи худро дар соҳаи таъминоти техникӣ, навсозии воситаҳои мудофиавӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ, истифодаи самарабахши технологияҳои муосир ва таъмиру азнавсозӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти ҳарбӣ мубодила намоянд. Ин ҳамкорӣ бояд дар асоси эҳтироми манфиатҳои миллии давлатҳо, баробарӣ, шаффофият, самаранокии иқтисодӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда шавад. Мақсади асосии ин ҳамкорӣ таъмини қобилияти мудофиавӣ, пешгирии таҳдиду хатарҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди осоиштаи давлатҳо мебошад.

Нуктаи дигари муҳимми суханронии Пешвои миллат таъкид намудани аҳамияти баланди рушди ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи СААД мебошад.

Ҳамкории байнипарлумонӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсус дорад, зеро парламентҳо дар ташаккул ва такмили заминаҳои қонунгузории сиёсати хориҷӣ, амният, мудофиа ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ нақши муҳим мебозанд. Парламентҳои давлатҳои аъзо тавассути ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, мубодилаи таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва баргузории вохӯриҳои байнипарлумонӣ метавонанд ба рушди ҳамкории ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, чунин ҳамкорӣ барои такмили қонунгузории миллӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон замина фароҳам меорад.

Ҷойдоштани заминаи ҳуқуқии мураттабгаштаи мукаммал ва мувофиқ бо уҳдадориҳои байналмилалӣ яке аз шартҳои асосии самаранокии ҳамкориҳои бисёрҷониба мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоду боварии мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои миллии кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи уҳдадориҳои қабулшудаи ҳар як аъзо сурат гирад. Эътимоду боварии мутақобила дар муносибатҳои байнидавлатӣ маънои эътирофи баробарҳуқуқии шарикон, эҳтироми манфиатҳои миллӣ, шаффофияти қарорҳо ва риояи созишномаҳои баимзорасидаро дорад. Масъулияти муштарак бошад, аз он бармеояд, ки амнияти минтақа танҳо ба зиммаи як ё якчанд давлат гузошта намешавад. Ҳар як давлати аъзо вобаста ба имкониятҳо ва уҳдадориҳои худ бояд дар таҳкими амнияти умумӣ саҳм гузорад. Ба маврид аст, ки қарорҳои қабулшуда дар муҳлатҳои муайян татбиқ гардида, фаъолияти сохторҳои дахлдор мунтазам арзёбӣ карда шавад. Маҳз гузариш аз эъломияҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ метавонад эътимоди давлатҳоро ба самаранокии созмон тақвият бахшад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, раёсат дар СААД дар соли 2027 аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Ин воқеа барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли он дар равандҳои минтақавии таъмини амният аҳамияти хос дорад.

Шиори пешниҳоднамудаи Тоҷикистон - «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак» - мазмун ва самтҳои асосии афзалиятҳои раёсати кишварро ифода менамояд. Муҳтавои суханронии Пешвои миллат дар он аст, ки дар давраи раёсат таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда, таҳкими ҳамкорӣ байни сохтору ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиду хатарҳои пайдошаванда равона карда мешавад.

Барои татбиқи самараноки ин бартариятҳо ба чунин самтҳо аҳамияти махсус дода шавад:

Тақвияти амнияти сарҳадӣ. Рушди инфрасохтори сарҳадӣ, истифодаи технологияҳои муосир, мубодилаи иттилоот ва омодасозии мутахассисони касбии соҳавӣ.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм. Тақвияти ҳамкории мақомоти амниятӣ, пешгирии маблағгузории терроризм ва мубодилаи таҷрибаи пешгирикунанда.

Муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ. Тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ.

Рушди ҳамкории ҳуқуқӣ ва байнипарлумонӣ. Мутобиқсозии санадҳои ҳуқуқӣ, такмили механизмҳои ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ.

Тақвияти ҳамкории низомию техникӣ. Омодасозии мутахассису кадрҳо, гузаронидани машқҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои техникию мудофиавӣ.

Амнияти иттилоотӣ ва киберамниятӣ. Мубориза бо истифодаи фазои рақамӣ барои таблиғи терроризм, паҳн намудани ғояҳои ифротгароӣ ва содир намудани ҷиноятҳои киберӣ.

Тақвияти ҳамкориҳои гуманитарӣ ва маърифатӣ. Рушди робитаҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, сулҳу субот.

Баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси СААД ва 35-солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар давраи раёсати Тоҷикистон рост омада, бояд дар сатҳи лозима гузаронида шавад. Ин санаҳо имконият медиҳанд, ки натиҷаҳои фаъолияти Созмон мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди минбаъдаи он муайян карда шаванд.

Сатҳи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии давлат ба амният бевосита алоқаманд буда, дар таҳлили фаъолияти созмонҳои амниятии минтақавӣ бояд ба инобат гирифта шавад. Рушди устувори иқтисодӣ бе амният дар давлат имконнопазир аст. Фазои сулҳу субот ва орому устувор дар давлат имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ дар тамоми самтҳо, рушди соҳибкории дохиливу хориҷӣ, ривоҷи муносибатҳои тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва афзоиши робитаҳои иқтисодии байнидавлатиро бештар мегардонад. Рушди иқтисодӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаи маориф заминаҳои иҷтимоии суботи сиёсиро таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, ҳамкории давлатҳои аъзои СААД набояд танҳо бо масъалаҳои ҳарбӣ ва амниятӣ маҳдуд гардад. Зарур аст, ки масъалаҳои рушди иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, тиҷорат, илму маориф ва истифодаи имкониятҳои транзитии минтақа низ дар доираи муносибатҳои ҳамкорӣ мавқеи муносиб пайдо намоянд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои имкониятҳои назаррас дар соҳаҳои энергетикаи обӣ, захираҳои табиӣ, нақлиёт ва захираҳои инсонӣ мебошад, муҳити устувори минтақавӣ метавонад барои татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

Дар маҷмӯъ, амният ва пешрафт ду омили ба ҳам алоқаманданд: бе амният рушди устувор ва бе рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъмини амнияти дарозмуддат мушкил мегардад.

Давлатзода Шуҳрат - дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат