, Шанбе, 14-ноябр

ПЕШВО АЗ ҚАЛБИ МАРДУМ


ПЕШВО АЗ ҚАЛБИ МАРДУМ

(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз)

Истиқболи шукӯҳманди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як фарди ватандӯст эҳсоси ифтихор, худшиносии миллӣ ва шукргузорӣ аз неъмати бузурги сулҳу ваҳдати миллиро бедор месозад. Ин санаҳои фархунда бозгӯкунандаи роҳи пуршебу фарози таърихие мебошад, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Таҷлили ин рӯзҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ ва эътирофи ҳақиқати таърихиест, ки сарнавишти имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо марҳилаи тақдирсози эҳёи давлатдории миллӣ мепайвандад.

Таърих гувоҳ аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассосу тақдирсози таърихи миллат ҳамчун чароғи умед дар қалби ҷомеа фурӯзон гардид ва самти минбаъдаи рушди давлатдории тоҷиконро муайян сохт. Дар он рӯзҳои сарнавиштсоз маҳз бо роҳбарӣ ва иродаи қавии фарзанди барӯманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои эҳёи давлатдории навини тоҷикон гузошта шуда, барои рафъи хатари парокандагии давлат ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ иқдомоти муҳим рӯйи даст гирифта шуданд. Ин иҷлосияи таърихӣ барои расидан ба сулҳи деринтизор, барқарорсозии суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ заминаи устувор фароҳам овард, ки натиҷаҳои онро имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа метавон мушоҳида намуд.

Бешубҳа, аҳаммияти таърихии ин иҷлосияро танҳо дар доираи як рӯйдоди сиёсӣ маҳдуд кардан имконнопазир аст, зеро он ба оғози марҳилаи нави ташаккули низоми давлатдорӣ, эҳёи умеди миллӣ ва муайян гардидани дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошт. Аз ҳамин ҷост, ки ин сана дар хотираи таърихии миллат ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва оғози раванди барқарорсозии сулҳу субот ҷойгоҳи хосса дорад.

Хизматҳои мондагор ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи муосири тоҷикон мақоми муҳим доранд. Бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ тадриҷан раҳо гардид, балки ба марҳилаи нави созандагӣ, бунёдкорӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ қадам ниҳод. Ҳар як иқдоми муҳими ҷумҳурӣ - аз бунёди роҳу нақбҳои дорои аҳаммияти стратегӣ то рушди маорифу фарҳанг, аз таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ то таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан равона шудааст.

Мафҳуми «Пешво аз қалби мардум» ифодагари робитаи маънавӣ ва самимии миёни роҳбари давлат ва ҷомеа буда, бозтоби эҳсоси эҳтиром, эътимод ва пайванди наслҳо бо таърихи сарзамини хеш мебошад. Ин мафҳум аз самимияти эҳсосоти инсонӣ сарчашма гирифта, дар зеҳну андешаи намояндагони наслҳои гуногун ба тарзҳои мухталиф таҷассум меёбад. Аз кӯдаки дусола то пирамарди садсола ҳар кас бо забон, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи зиндагии худ муносибаташро ба арзишҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва шахсияти роҳбари кишвар ифода менамояд. Маҳз ҳамин гуногунрангии эҳсосоту андешаҳо робитаи наслҳо ва идомаи хотираи таърихиро бозгӯ мекунад.

Зеро муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва қадршиносии шахсиятҳои таърихӣ аз муҳимтарин унсурҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд. Ин арзишҳо дар муҳити оила, мактаб, ҷомеа ва дар муносибати ҳар як шаҳрванд бо таъриху фарҳанги миллат ташаккул меёбанд.

Дар ин замина, баҳри нишон додани эҳсоси самимӣ ва муносибати наслҳои гуногун ба Роҳбари давлат, манзараҳои ҷолибу хотирмонро мушоҳида кардан мумкин аст. Кӯдакони хурдсол ҳангоми дидани акси Сарвари давлат дар саҳифаҳои китобҳо, расонаҳо ва тавассути оинаи нилгун бо чеҳраи хандон ӯро «бобоҷон» ном мебаранд. Ин садои софу беолоиши кӯдакӣ, пеш аз ҳама, бозтоби ҷаҳони поки эҳсосоти кӯдакона, меҳри самимӣ ва муҳити амну оромест, ки дар он насли наврас ба камол мерасад. Дар баробари ин, пирони рӯзгордида ва мӯйсафедони соҳибтаҷриба бо мушоҳидаи дигаргуниҳо, ободониҳо ва пешрафти кишвар ба қадри сулҳу субот ва неъмати осоишта бештар мерасанд. Онҳо бо дуои нек аз даргоҳи Худованд пойдории сулҳу ваҳдат, осоиши мардум ва саломатии роҳбарияти давлатро таманно менамоянд.

Дар воқеъ, эҳсосоти наслҳои гуногун, новобаста аз синну сол ва таҷрибаи зиндагӣ, дар як нуқтаи муҳим ба ҳам меоянд: қадршиносии сулҳ, оромӣ ва имконияти зиндагии шоиста. Агар барои кӯдак ин ҳама дар чеҳраи хандон, муҳаббати оилавӣ ва фазои ороми зиндагӣ таҷассум ёбад, барои солмандон он пеш аз ҳама дар муқоиса бо рӯзҳои пурмашаққати гузашта ва қадри осоиши имрӯза маънои амиқ пайдо мекунад.

Воқеан ҳам, имрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, рушди деҳоту шаҳрҳо ва густариши имкониятҳои сайёҳӣ ба назар мерасад. Беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, ободии шаҳру деҳот, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва табдил ёфтани Тоҷикистон ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии минтақа аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ба шумор мераванд. Мардуми шарифу сарбаланди тоҷик ин дастовардҳоро дар заминаи заҳматҳои созанда, талошҳои муштарак ва ҳамбастагии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои ҳифзу тақвияти онҳо саҳми худро мегузоранд.

Ҳар як мактаби навбунёд, ҳар як роҳу пули сохташуда, ҳар як иншооти фарҳангиву тандурустӣ ва ҳар як иқдоми созанда дар симои худ на танҳо нишонаи пешрафти моддӣ, балки таҷассумгари умед ба фардои обод мебошад. Зеро ободии Ватан аз талоши дастаҷамъона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа сарчашма мегирад.

Дар маҷмӯъ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ, арзишҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ин рӯзҳо фурсате мебошанд, ки мо бори дигар ба роҳи тайкардаи давлат назар афканда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро таҳлил намоем ва масъулияти худро дар назди имрӯзу фардои Ватан амиқтар дарк созем. Ҳамраъйии ҷомеа, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар аз омилҳои муҳимми пойдории сулҳу субот ва пешрафти устувори Тоҷикистони азиз мебошанд.

Дар баробари ин, чунин санаҳои таърихӣ моро водор месозанд, ки ба сабақҳои гузашта бо нигоҳи хирадмандона назар андӯхта, аз таҷрибаи таърихӣ барои таҳкими ояндаи давлат истифода барем. Зеро истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳифзу пойдории он на танҳо масъулияти роҳбарияти давлат, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Хуллас, бо такя ба арзишҳои олии давлатдорӣ, эҳтиром ба таърихи миллат ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ метавон таъкид намуд, ки унвони «Пешво аз қалби мардум» таҷассумгари пайванди маънавии роҳбар ва халқ, хотираи таърихӣ ва эҳсоси ҳамбастагии миллӣ мебошад. Ин пайванди маънавӣ, ки дар заминаи воқеаҳои сарнавиштсоз ва таҷрибаи таърихии давлатдорӣ шакл гирифтааст, моро водор месозад, ки барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар талош варзем.

Зеро қалби миллат дар муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз таърихи пуршараф, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва орзуи фардои дурахшон метапад. Ҳамин эҳсоси волои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ метавонад наслҳоро ба ҳам пайванд дода, барои идомаи роҳи созандагиву бунёдкорӣ неруи маънавӣ бахшад.

Таманно мекунем, ки сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ ва пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо ҳамеша пойдору устувор буда, мардуми сарбаланди кишвар дар фазои орому осуда ба дастовардҳои нави созандагӣ ноил гарданд!

Иброҳимова Рухшона, дотсент, мудири кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нозимова Ибодатхон, ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ




Ба рӯйхат