,
Панҷшанбе, 05-ноябр
"Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст".
Эмомалӣ Раҳмон
Шашуми ноябри соли ҷорӣ мардуми ҷумҳурӣ 32-солагии қабули муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар Конститутсияро, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабулшуда буд, ҷашн хоҳанд гирифт.
Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Аз ин нуқтаи назар, тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 32 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳисобам, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Бо назардошти гуфтаҳои боло мехостам як чанд нақши Конститутсияро, ки барои рушд ва инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминагузор аст дар шаклҳои зерин гуфта гузарам:
Қобил ба ёдоварист, ки дар иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд институти президентӣ аз Конститутсия хориҷ гардида буд. Аз ин ҷо, ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия андешаҳои гуногун оид ба ин ниҳод пайдо шуданд. Мухолифини институти президентӣ дар он ақида буданд, ки дар Тоҷикистон бештар ҷумҳурии парламентӣ мувофиқ аст. Ин андеша ба даврони шӯравӣ, ки идораи коллективона рӯи кор буд, такя мекард. Дар натиҷаи баҳсу мунозираҳои зиёд, дар гурӯҳи корӣ ду лоиҳа яке «Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» ва дигаре «Конститутсияи ҷумҳурии парламентӣ» таҳия гардид. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ андеша оид ба лоиҳаи «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ» тарафдорони бештаре пайдо кард ва он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҷо нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳо ҳам дар гурӯҳи корӣ ва ҳам дар Комиссияи конститутсионӣ ӯ ақидаи худро оид ба институти президентӣ иброз намуда, бо асосу далелҳои воқеӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур будани ниҳоди президентиро исбот кард. Гузашта аз ин, дар иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ таъкид карда буд, ки «шакли мувофиқ ва бо эътимоде, ки имрӯз ба шароити мушахасси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад» 32 - соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустӣ ва ба шароити мамлакат созгар будани ниҳоди президентиро собит кард.
Ҳамин тариқ, боэътимод метавон изҳор намуд, ки 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.
Назаров Бахтиёр Ҳасанович - омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ