, Душанбе, 02-ноябр

ПАЖУҲИШГАРИ СОҲИБМАКТАБ ВА ФИДОИИ ЗАБОН


ПАЖУҲИШГАРИ СОҲИБМАКТАБ ВА ФИДОИИ ЗАБОН

Инсон танҳо барои зинда будан ба ин ҷаҳон наомадааст, балки рисолати аслии ӯ пурмазмуну муфид сабт кардани саҳифаҳои умри хеш аст. Асоси ҳастии одамиро дар ин ҷода талош барои рӯзгори оилавӣ ва иҷтимоии созанда ва хизмати содиқона ба мардум ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, онҳое, ки дорои чунин мақсади олианд ва ба мақоми инсони комил расидаанд, сазовори офаринанд. Маълум аст, ки фатҳи чунин қуллаи баланд бе кӯшишҳои ҳадафнок ва заҳмати пайваста имконнопазир аст. Дар ин роҳ фидокорӣ, пайваста такмил додани донишу заковат ва парвариши рӯҳу ақл талаб карда мешавад. Танҳо тавассути ҳамин хислатҳои наҷиб, ки инсонро монанди гавҳари дурахшон дар торикӣ ҷило медиҳанд, метавон дар миёни илҳомбахшон ва ҳамсафон соҳиби иззату икроми ҷовидона гашт.

Муқаддимаи мазкур танҳо як таърифу тавсифи бедалел ва беасос набуда, ҳақиқати амиқ ва инкорнашавандаест, ки ба кору пайкори созанда ва рӯзгори доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви Вобастаи АМИТ Сайфиддин Назарзода рабти устувор дорад. Мусаллам аст, ки ин ном барои ҳар нафаре, ки дар роҳи зиндагӣ ба соҳаи илму маориф ва шавқмандӣ ба забони тоҷикӣ дорад, ошно аст. Наздикӣ ва маҳбубияти ӯро метавон дар чанд хислати намунавиаш дид, ки дар ин фурсати муносиб лозими таҳлилу баррасӣ мебошанд.

Вақте ки фаъолияти инсон пайваста зери фишору мушкилот ва шубҳаву хӯрдагириҳо қарор мегирад, ҷавонмард зистан ва нигоҳ доштани асолати хеш кори саҳлу осон нест. Дар авҷи чунин имтиҳонҳо танҳо касе устувор мемонад, ки мазмуни зиндагиашро аъмоли нек, дасти сахо ва ғамхорӣ нисбати атрофиён ташкил медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки устод Сайфиддин Назарзода аз зумраи ҳамон ҷавонмардонест, ки дар гирдоби пурталотуми ҳаёт обутоб ёфта, камол дидааст. Ӯ бо рафтору кирдори ҷавонмардонаи хеш, аллакай самимияту муҳаббати мардумро ба даст овардааст.

Вақте дар бораи зиндагӣ ва корномаи шахсиятҳои барӯманд меандешем, пеш аз ҳама, роҳи пурпечутоб, аммо шарафманде пеши назар меояд, ки онҳо барои расидан ба ин камолоти маънавӣ ва хидмати содиқона ба халқу Ватан паймудаанд. Профессор Сайфиддин Назарзода аз зумраи симоҳои дурахшоне мебошанд, ки умри азизи худро нисори рушду нумуи забоншиносии тоҷик, ҳифзи асолати забони модарӣ ва тарбияи шогирдони ғамхору созанда кардааст. Устод Сайфиддин Назарзода натанҳо ҳамчун пажуҳишгари дақиқназар ва вожашиноси беназир, балки ҳамчун марди фурӯтан, хоксор, оростаи ахлоқи ҳамида ва сирати пок дар ёду хотири дӯстон, ҳамкорон, шогирдон ва ҷамъияти рушанфикрон шинохта шудаанд.

Ҳар як дарахти солору сояафкан реша дар хоку сарзамини аҷдодӣ дорад. Зиндагии устод Сайфиддин Назарзода низ аз фазои гуҳарбори пур аз садоқату самимият, эҳтиром ба илму калом ва маърифати оилавӣ маншаъ мегирад. Аз ҷавонӣ дар дилу дидаи ӯ муҳаббати бепоён ба каломи форсӣ-тоҷикӣ ва кунҷковӣ нисбати сарнавишти вожаҳо ҷӯш мезад ва ин роҳро шарафмандона пеш гирифт ва муваффақ гардид.

Устод Сайфиддин Назарзода аз зумраи он шахсиятҳоест, ки илмро на ҳамчун касб, балки ҳамчун рисолати ҳаётӣ ва бори муқаддаси маънавӣ қабул намудаанд. Аз нахустин рӯзҳое, ки ба пажуҳиши масоили забоншиносӣ оғоз намуданд, бо дақиқназарӣ, фикрронӣ ва ҳавсалаи фавқулодаи таҳқиқӣ миёни забоншиносон фарқ мекард ва мекунад.

Хидматҳои мондагори устод барои забоншиносӣ ва рушди фарҳангнигории тоҷик дар саҳифаи таърихи давлатдорӣ ба хатти зарин навишта хоҳанд шуд. Вақте сухан дар бораи давстовардҳои илмии профессор Сайфиддин Назарзода меравад, беихтиёр масъалаи фарҳангнигорӣ ва пажуҳиши гуногунпаҳлуи масоили вожагони забони тоҷикӣ пеши назар меояд. Намунаи чанд осори гаронбаҳои устод бозгуи гуфтаҳои болост: Таърихи лексикологияи забон форсии нав (рисолаи номзадӣ), 1991; Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо (рисолаи докторӣ), 2004; Афғонистони имрӯз: «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихи форсӣ-тоҷикӣ, 1998; Забон ва истилоҳот (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот), 2003; Лингвистическое изучение классических писменных памятов (Пажуҳиши забонии осори хаттии классикӣ), 2004; Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо, 2013; Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ (дар ду ҷилд), 2008 ва амсоли инҳо.

ШИНОСОӢ ВА ДУ ХОТИРА

Барои банда шиносоӣ ва суҳбат бо профессор Сайфиддин Назарзода орзуе буд, ки солҳо интизораш будам. Ҷиддият, салобат ва сахтгириву сарзанишҳо ва муҳокимарониҳои устод дар шуроҳҳои диссертатсионӣ ва конфронсу ҳамоишҳои илмӣ сади роҳам мегардид, ғайр аз як ҳолпурсии сарироҳӣ ҷуръат намекардам бо эшон суҳбат кунам. Ниҳоят, 10 апрели соли 2025 тавассути роҳнамоӣ ва ба қавле миёнҷигарии профессор Ҳомидзода Дилмурод рӯзи дифои рисолаи номзадии ҳамсарам (дар ДМТ) аз наздик бо устод ошно гардида, эҳтиёткорона суҳбатро оғоз кардам. Ниҳоят ӯро як нафари меҳрубон, ботамкин, андешаманд, рӯзгордида, донишманди асил аз ҳама муҳим хушсуҳбат дарёфтам. Суҳбатамон гарм шуд, риштаи ҳамкорӣ барои ояндаи дурахшон мустаҳкам гардид. Эҳсос мекардам, ки як умеди тозае дареро бароям боз кард. Чунин дарёфтам, ки кадом як роҳи солҳо басташудае, ки орзуи кушоданашро доштам, баъди интизориҳое боз гардиду қуллаи мақсуд ба пешвозам меомад. Бо худ меболидам, ифтихор мекардам, ки боз бо дӯстдоштатарин забоншиносе, ки устоди шодравонам Ғоиб Мирзоев (равонаш гиромӣ бод) ҳамеша тавсифашро мекард, ошно гардидам. Ғоиб Мирзоев аз зумраи забоншиносоне буд, ки на ҳар забоншиносро эътироф мекард, аммо ба устод Сайфиддин Назарзода эътиқоди хоса дошт

ХОТИРОТИ АВВАЛ

Баъди соате дифоъ оғоз гардид. Росташро гӯям, диссертантон аз сахтгириҳо ва сахтгӯиҳои чанд узви шурои диссертатсионии забоншиносӣ сахт меҳаросиданд, ки яке аз инҳо устод Сайфиддин Назарзода буд. Умеди мо (ман ва диссертант) баъди ошноӣ, ёдовариҳо аз устодону ҳамкасбони Кӯлобии устод, пайванди ошноӣ ва густариши ҳамкориҳои оянда бар он буд, ки нисбати диссертант каме нарм таваҷҷуҳ мекунад. Аммо ҳамаи умедҳои мо баръакси гуфтаҳоямон амалӣ гардид. Устод ба диссертант яку якбора панҷ савол дод ва талаб кард, ки посух гӯяд. Диссертант ба саволҳои устод посух доданд. Раис қаноантманд шудани устодро аз посухҳои диссертант ба саволҳои пешниҳодшуда пурсиданд, ки ишораи қаноатмандам гуфтанд ва шуро кори худро идома дод... Дифоъ ба анҷом расид, устод Сайфиддин Назарзода мисли пештара дуро (ман ва диссертантро) самимона табрик гуфту «салому пайғоми маро ба коллективи Донишгоҳи Кӯлоб расонед» гуфту ба ҷаласаи навбатии шуро даромад. Нуктаи асосӣ ва муҳими ин хотирот дар он аст, ки барои устод Сайфиддин Назарзода илм болотар аз ҳамаи арзишҳост ва ягон навъи дӯстиву бародарӣ, ошноӣ ва самимият боис намегардад, ки ҷойи арзишҳои илмиро бигирад. Яъне шиори зиндагии устод Назарзода ҳамин будааст, ки «Дӯстиву бародари ҷойи худу илм ва омӯзиш ҷояш дигар». Шахсан ин рафтори устодро меситоям ва барояш ҳазор маротиб аҳсану офарин гуфтаму мегӯям.

ХОТИРОТИ ДУЮМ

12 апрели соли соли 2017 фишурдаи (автореферат) рисолаамро гирифта, дари дафтари кории директори Китобхонаи миллии Тоҷикистонро куфтам. Устод Сайфиддин Назарзода дар канори чапи бари болои як кабинети барҳаво нишаста, ҷиддӣ машғули мутолиа буд. Биё гуфтанд, лекин ба ман нигоҳ накарда, корашонро идома доданд. Худам аз дифои пагоҳ  (13.04.2017) тарсида вуҷудам зуд-зуд меларзид (мисле, ки таб меларзонад) болои мизи кории устод фишурдаи (автореферат)-ро гузошта, барои иштирок дар дифои рисолаам даъваташ кардам. Чун устод аз шиддати кори зиёд буданд ҳолатҳое, ки дар шуроҳо иштирок карда наметавонистанд. Ман ҳам Худоро илтиҷо мекардам, ки устод гӯяд, ки ман омада наметавонам. Фишурдаи (автореферат)-ро варақ гардонд, чун бо роҳбарам дӯсти самимӣ буданд, аз ҳолашон пурсиданд ва гӯфтанд, ки дер боз дӯстамро надидаам, пагоҳ ҳатман меоям. Баъди ин вазъиятамро худам медонистаму халос. Пагоҳ 13.04.2017 устод Сайфиддин Назарзода аз аввалинҳо шуда ба толори дифоъ ҳозир шуд ва аз аввалин шуда саволро ба банда устод доданд. Яъне, маҳз устод Сайфиддин Назарзода боис гардиданд, ки тарсеро, ки дар вуҷудам парвариш меёфту дармонашро намеёфтам, аз худ дур кардам. Имрӯз шукр аз он тарс нишоне намондааст. Ё шояд асари ҷавонӣ ва дур будан аз муҳити бузургон буд...

Устод Сайфиддин Назарзода дар давоми фаъолияти мухталифҷанбаи худ танҳо ба пажуҳишҳои назариявӣ маҳдуд нашуда, дар сохторҳои давлатӣ роҳбарӣ ва фаъолият намудаанд. Корзори фаъолияти устод гуногунпаҳлу буда, сарнавишт ӯро ба санҷишҳои сангине имтиҳон кардааст, аз ҷумлаи ин санҷишҳо фаъолият дар саноати нафти Шуравӣ, тарҷумон дар неруҳои мусаллаҳи Афғонистон, лаборанти кафедраи филологияи Эрони ДМТ, муҳаррир ва саредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, котиби созмони ҳизбӣ ва узви Кумитаи ҳизбии Созмони ҳизби Коммунист дар Кумитаи давлатии радио ва телевизион, корманди калони илмӣ ва Котиби илмии Кумитаи истилоҳоти назди АМИТ, директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди АМИТ, муовини раиси Кумита, Раиси Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АМИТ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, декани факултети забонҳои  Осиё ва Аврупои ДМТ, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Дар таърих зиёданд шахсиятҳое, ки ҳаёту фаъолият ва ҳастии худро сидқан ва самимона ба хидмати забону фарҳанг, адабиёт ва маънавиёти халқи худ мебахшанд. Устод Сайфиддин Назарзода низ аз ҳамин гуна шахсиятҳост, ки ҳастии худро барои пешрафти илми тоҷик, хосатан рушди забоншиносии тоҷик, бахшидааст. Дар саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории миллати тоҷик, аз ҷумла поксозии забони тоҷикӣ тавассути ҳамгунсозии истилоҳоти илмӣ профессор Сайфиддин Назарзода ҷойгоҳи хоса доранд. Устод нафарест, ки умри хешро бо ҳавсалаи бузург, ишқи беканор ва садоқати амиқ ба омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи забони модарӣ бахшидааст.

Вақте ба пайроҳаи тайнамудани устод Сайфиддин Назарзода назар меафканем, бо тамоми вуҷуд эҳсос менамоем, ки ӯ натанҳо як донишманди забардаст, балки роҳнамо ва дастгири чанд насли забоншинос ва пули мустаҳкаме миёни суннатҳои пешини луғатнигориву забоншиносӣ ва роҳҳои муосири илмӣ мебошанд.

Расидан ба даҳаи ҳафтуми умр-синни мубораки 70-солагӣ, барои ҳар як инсон марҳилаи ба камол расидан, сарафрозӣ ва бардошти ҳосили пурбаҳо аз киштаи рӯзгорон аст. Ин синнест, ки инсон ба роҳи тайкарда менигарад ва аз самараи солҳои сипаришуда, аз дӯстони ба дастоварда, аз шогирдони тарбиякарда ва аз осори боқимондааш қаноат ҳосил мекунад. Ҳафтод сол барои устод Сайфиддин Назарзода, ҳафтод соли талош, ҷустуҷӯ, омӯзиш, андеша, мубориза ва хидмати содиқона ба илму фарҳанг ва забони модарӣ мебошад.

Барои ман бошад, шиносоӣ бо устод Сайфиддин Назарзода танҳо ошноӣ бо як донишманди маъруф нест. Он шиносоӣ дарҳои як ҷаҳони бузурги маънавию илмиро ба рӯям боз кардааст. Ман дар шахсияти устод на танҳо забоншиноси соҳибмактаб ва пажуҳишгари дақиқназар, балки инсони самимӣ, дилсӯз, ғамхор ва соҳиби дили бузургро дарёфтам. Шояд дар аввал ҷиддият ва сахтгирии илмии устод дар дили ман эҳсоси эҳтиёт ба вуҷуд оварда буд, аммо баъдтар дарк кардам, ки пушти ин ҷиддият муҳаббати беандоза ба илм, эҳтироми амиқ ба дониш ва масъулияти бузург дар назди забону миллат нуҳуфтааст.

Ба андешаи ман, агар мероси илмии устодро бо осори навиштаи ӯ маҳдуд кунем, ба бузургии воқеии хидматашон баҳои пурра дода наметавонем. Мероси аслии устод ҳамчунин шогирдон, ҳамкорон, андешаҳои илмӣ, фарҳанги муносибат ба забон ва пеш аз ҳама, намунаи инсонии ӯст. Ӯ ба мо меомӯзонад, ки метавон сахтгир буд, аммо одил; метавон донишманди бузург буд, аммо фурӯтан; метавон соҳиби мақому эътибор буд, аммо ба мардум самимона хидмат кард.

Бо камоли эҳтиром ва иродатмандӣ ба Шумо, устоди азиз, пеш аз ҳама, саломатии пойдор, умри дароз, рӯзгори осуда, хотири ҷамъ ва неруи тоза барои идомаи корҳои илмӣ орзу менамоям. Бигузор солҳои минбаъдаи умратон пур аз шодии дидани самараи заҳматҳоятон, муваффақияти шогирдон ва эҳтироми аҳли илму фарҳанг бошад. Бигузор ҳар вожае, ки ба таҳқиқ мекашед, ҳар китобе, ки ба ҷомеаи илмӣ тақдим мекунед ва ҳар шогирде, ки ба роҳи илму дониш раҳнамоӣ мекунед, идомаи ҳамон рисолати муқаддасе бошад, ки тамоми умр ба он содиқ мондаед.

Устоди азиз, бигузор қалами Шумо ҳамеша сабз, андешаҳоятон равшан, дили бузургатон саршори меҳр ва роҳи зиндагиятон пур аз нур бошад. Бигузор номи некатон дар илми тоҷик, дар забони тоҷикӣ ва пеш аз ҳама, дар қалби шогирдону дӯстдорони илму маърифат боз ҳам ҷовидонтар гардад.

Ё раб, камоли офиятат бардавом бод!
Иқболу давлату шарафат мустадом бод!
Солу маҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр,
Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод!

Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, н.и.ф., дотсент, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯзномаи “Анвори дониш”, аз 28.10.2026, №10 (375)




Ба рӯйхат