,
Ҷумъа, 30-октябр
Конститутсия - шиносномаи давлат, рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва заминаи устувори бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.
Конститутсия дар низоми ҳуқуқии ҳар як давлат мақоми махсус дошта, асосҳои сохтори давлатдорӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Он ҳамчун қонуни асосии давлат самтҳои муҳими рушди ҷомеаро муайян карда, барои таъмини адолат, волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия мақоми олии ҳуқуқӣ дошта, асоси низоми қонунгузории мамлакатро ташкил медиҳад. Қабули он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа аҳамияти бузург дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдод дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ба амал омада, барои муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлатдории мустақил заминаи муҳим гузошт.
Қабули Конститутсия ифодаи иродаи халқ дар муайян намудани низоми давлатдорӣ ва интихоби роҳи рушди минбаъдаи мамлакат буд. Ин санади муҳим принсипҳои асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мақоми ҳуқуқии инсонро муқаррар намуд.
Бо қабули Конститутсия Тоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро дар сатҳи қонуни асосӣ муайян кард. Ин принсипҳо то имрӯз барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди қонунгузорӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти калидӣ доранд.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои Конститутсия эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ин ҳуқуқҳо заминаи зиндагии шоиста, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва истифодаи имкониятҳои қонуниро фароҳам меоранд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, ҳифзи судӣ, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосиро муқаррар менамояд. Ҳамзамон, он баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд эътироф карда, барои пешгирии табъиз ва ҳимояи шаъну шарафи инсон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Ҳуқуқу озодиҳо танҳо дар сурати риояи қонун ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон метавонанд ба таври самаранок амалӣ гарданд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд на танҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад, балки уҳдадориҳои конститутсионии худро низ иҷро намояд.
Ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҷомеаест, ки дар он қонун ҳамчун меъёри асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ эътироф гардида, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар доираи талаботи қонун сурат мегирад.
Конститутсия заминаи ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои байни давлату ҷомеаро муайян менамояд. Риояи он барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, пешгирии қонуншиканӣ ва таҳкими адолат мусоидат мекунад.
Эҳтиром ба Конститутсия бояд ҷузъи муҳими фарҳанги ҳуқуқии ҳар як шахс бошад. Шаҳрвандоне, ки қонунро эҳтиром мекунанд, ҳуқуқи дигаронро эътироф менамоянд ва масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк мекунанд, дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.
Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими субот, оромӣ ва рушди устувори давлат ба шумор меравад. Конститутсия бо муқаррар намудани принсипҳои умумии давлатдорӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа замина фароҳам меорад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо мушкилоту таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, аҳаммияти риояи қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос бештар мегардад.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми рамзҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги халқ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки метавонанд дар заминаи эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои кишвар таҳким ёбанд.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа дар рушди давлат ва таҳкими арзишҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим доранд. Огоҳии ҷавонон аз Конститутсия, қонунгузории миллӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва масъулияти иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ яке аз вазифаҳои муҳими оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа мебошад.
Муассисаҳои таълимӣ бояд дар баробари додани донишҳои муосир ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён низ таваҷҷуҳ намоянд. Омӯзиши Конститутсия ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро дуруст дарк карда, роҳҳои қонунии ҳимояи онҳоро омӯзанд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунанд.
Ҷавони огоҳу соҳибмаърифат, ки қонунро эҳтиром мекунад ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк менамояд, метавонад дар пешрафти ҷомеа ва рушди давлат саҳми муносиб гузорад.
Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. Ин сана имконият медиҳад, ки аҳли ҷомеа ба аҳаммияти қонуни асосии кишвар, таърихи ташаккули давлатдории миллӣ ва зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Таҷлили ин рӯз на танҳо арҷгузорӣ ба санади олии ҳуқуқии давлат, балки ёдоварӣ аз масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, ҷомеа ва наслҳои оянда мебошад.
Дар ин рӯз баргузории чорабиниҳои илмӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, вохӯриҳои маърифатӣ ва дарсҳои ҳуқуқӣ метавонад ба густариши донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, мусоидат намояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муайян намудани асосҳои давлатдорӣ нақши муҳим дорад.
Эҳтиром ба Конститутсия, риояи қонунҳо ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ бояд барои ҳар як сокини кишвар меъёри муҳими зиндагӣ бошад. Танҳо дар сурати баланд будани маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ҳамдигар метавон ҷомеаи пешрафтаву ҳуқуқбунёдро ташаккул дод.
Конститутсия танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ нест, балки санади муҳими муайянкунандаи муносибатҳои давлату ҷомеа ва кафили ҳуқуқии рушди давлатдории миллӣ мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзишу эҳтироми Конститутсия, тарғиби арзишҳои он дар байни аҳолӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи қонунмеҳварӣ вазифаи муҳимми ҳар як шаҳрванд ва ниҳоди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Разоқов Наврӯз, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ