,
Шанбе, 24-октябр
Рӯзҳои 21-23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA - Accelerating English Language Learning in Central Asia) бо дастгирии Шурои Бритониё ва ташкилоти NILE семинари байналмилалии «Омӯзиш оид ба барномаи таълимии тайёрии пешазхизматии омӯзгорон» (Pre-Service Teacher Training Curriculum Training - PRESETT) баргузор гардид. Дар ин семинар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро Муродзода Баҳриддин Раҳмон - номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва Бобоев Аъзам - омӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии муассиса, намояндагӣ намуданд. Зимни семинар масъалаҳои муҳими такмили низоми омодасозии омӯзгорони ояндаи забони англисӣ, аз ҷумла навсозии барномаҳои таълимӣ мутобиқи меъёрҳои аврупоии сатҳи донистани забон (CEFR), таҳияи қолаби ягонаи силлабусҳо, танзими соатҳои кредитӣ, такмили меъёрҳои арзёбии дониши донишҷӯён ва татбиқи усули таълим дар асоси иҷрои вазифаҳо (TBLT - Task-Based Language Teaching) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокчиён дарсҳои намунавиро аз рӯйи чор малакаи асосии забономӯзӣ таҳлил намуда, таҷриба ва андешаҳои касбии худро мубодила карданд.
Дар натиҷаи кори серӯзаи семинар иштирокчиён лоиҳаи силлабусҳои соли аввали таҳсилро таҳия намуда, нақшаи амалро ҷиҳати таҳия ва тасдиқи дастури ягонаи барномаи PRESETT барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Иштироки намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин чорабинии байналмилалӣ қадами муҳим дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи равишҳои муосири таълим арзёбӣ мегардад. Чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошанд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.