, Шанбе, 24-октябр

ЛОЛА - МУЪҶИЗАИ БАҲОРӢ ВА МЕРОСИ ТАБИИИ МО


ЛОЛА - МУЪҶИЗАИ БАҲОРӢ ВА МЕРОСИ ТАБИИИ МО

(Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш” ш. Душанбе 21 октябри соли 2026, №1231)

Табиат сарчашмаи зебоӣ, ҳаёт ва илҳоми инсон буда, олами набототи он дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ва ғанӣ гардондани муҳити зист нақши муҳим мебозад. Дар байни растаниҳои гулдори табиӣ лола бо зебоӣ, гуногунрангӣ ва хусусиятҳои хоси биологии худ ҷойгоҳи махсус дорад. Ин гули зебо аз қадим таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб намуда, имрӯз низ яке аз рамзҳои зебоии баҳор ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои сабз ва гуногунии олами набототаш машҳур аст. Дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар ҷануби Тоҷикистон, намудҳои мухталифи лола мерӯянд, ки ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои биологӣ, экологӣ ва морфологии худро доранд. Омӯзиши ин хусусиятҳо на танҳо аҳаммияти илмӣ, балки арзиши бузурги амалӣ низ дорад. Зеро дар шароити тағйирёбии муҳити зист ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон масъалаи ҳифз ва нигоҳдории намудҳои нодири растаниҳои худрӯй аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.

Лола ва хусусиятҳои биологии он

Лола ба растаниҳои бисёрсолаи алафии пиёзакдор мансуб буда, дар давраи кӯтоҳи сабзиши баҳорӣ рушд карда, гул мекунад ва барои идомаи ҳаёт пиёзаки нав ташаккул медиҳад. Намудҳои ин авлод ба шароити гуногуни экологӣ, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ, даштӣ ва биёбонӣ мутобиқ шудаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими биологии лола қобилияти мутобиқшавии он ба шароити муҳити зист мебошад. Дар давраи мусоиди баҳор растанӣ сабзида, гул мекунад ва баъдан раванди ташаккули пиёзаки нав идома меёбад. Дар давраи оромии тобистона низ равандҳои ташаккули узвҳои ояндаи растанӣ дар пиёзак идома дошта метавонанд. Ин хусусият ба лола имкон медиҳад, ки давраҳои номусоиди муҳити зистро паси сар намояд.

Лола на танҳо растании зебои ороишӣ, балки объекти муҳими таҳқиқоти ботаникӣ низ мебошад. Омӯзиши сохтори морфологӣ, хусусиятҳои афзоиш ва муносибати он бо муҳити зист барои муайян намудани шароити мусоиди нигоҳдорӣ ва парвариши намудҳои гуногуни ин авлод аҳаммияти калон дорад.

Зебоии лола ва аҳаммияти он дар ҳаёти инсон

Гулҳои лола бо рангҳои гуногун, шакли ҷолиб ва намуди дилписандашон муҳити атрофро зебо мегардонанд. Аз ҳамин сабаб, онҳо дар кабудизоркунии шаҳрҳо, боғҳо, хиёбонҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин васеъ истифода мешаванд. Растаниҳои ороишӣ на танҳо ба зебоии муҳит мусоидат мекунанд, балки дар беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва экологӣ низ саҳм мегузоранд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир ба парвариши гулҳои ороишӣ ва сабзкорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Дар назди муассисаҳо, боғҳо ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ гулзорҳо ташкил карда мешаванд. Дар ин раванд лола ҳамчун яке аз гулҳои маъруфу дӯстдоштаи мардум ҷойгоҳи хос дорад.

Ҳамасола бо дастгирињои њукумати кишвар чорабинии фарҳангии «Сайри гули лола» баргузор мегардад, ки тавассути он зебоии табиат, анъанаҳои мардумӣ ва фарҳанги гулпарварӣ тарғиб карда мешаванд. Ин чорабинӣ инчунин метавонад барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи ҳифзи гулҳои худрӯй замина фароҳам оварад.

Камшавии лолаҳои худрӯй - масъалаи нигаронкунанда

Бо вуҷуди зебоӣ ва аҳаммияти зиёди лола, солҳои охир шумораи баъзе намудҳои худрӯйи он дар дашту даманаҳо, кӯҳу пуштаҳо коҳиш ёфтааст. Яке аз омилҳои муҳимми ин раванд фаъолияти нодурусти инсон мебошад. Ҷамъоварии аз ҳад зиёди гулҳои худрӯй, махсусан кандани онҳо бо пиёзак, ба қобилияти барқароршавии табиии популятсияҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Вақте ки лола бо пиёзак аз замин канда мешавад, растанӣ на танҳо имконияти гулкунии минбаъдаро аз даст медиҳад, балки захираи табиии намуд низ кам мегардад. Агар чунин амал ҳар сол такрор шавад, шумораи растаниҳо дар маҳалҳои муайян метавонад ба таври назаррас коҳиш ёбад.

Мутаассифона, баъзе одамон лолаҳои худрӯйро ба миқдори зиёд ҷамъоварӣ карда, дар канори роҳҳо ва бозорҳо ба фурӯш мегузоранд. Чунин муносибат ба табиат метавонад ба нобудшавии популятсияҳои маҳаллӣ ва кам шудани гуногунии биологӣ оварда расонад. Ба маълумоти маводи таҳқиқотӣ, як қисми намудҳои нодири лола ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Аз ин рӯ, ҳифзи лолаҳои худрӯй бояд вазифаи муштараки олимон, мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти дахлдор ва тамоми ҷомеа бошад. Ҳар як шахс метавонад бо худдорӣ аз кандани гулҳои худрӯй ва тарғиби муносибати эҳтиёткорона ба табиат дар ҳифзи ин мероси нодир саҳм гузорад.

Хусусиятҳои морфологӣ ва вобастагии онҳо аз муҳити зист

Яке аз масъалаҳои муҳими омӯзиши намудҳои авлоди Tulipa L. муайян намудани хусусиятҳои морфологии онҳо мебошад. Аломатҳои морфологӣ, аз ҷумла шакл ва андозаи узвҳои растанӣ, хусусиятҳои поя, барг ва гул, барои фарқ кардани намудҳо ва таҳқиқи гуногунии дохилинамудӣ аҳаммияти калон доранд.

Шароити мусоиди парвариши лола

Барои нашъунамои муътадил ва гулкунии хуби лола бояд як қатор омилҳои муҳити зист ба назар гирифта шаванд. Ба ин омилҳо ҳарорат, равшанӣ, намнокии хок, мавҷудияти моддаҳои ғизоӣ ва таъмини растанӣ бо ҳаво дохил мешаванд.

Лола барои парвариш майдонҳои офтобрас ва хокҳои сабуку ҳавогузарро афзал медонад. Намнокии мувофиқи хок барои сабзиш ва инкишофи решаҳо зарур аст. Ҳамзамон, намии аз ҳад зиёд метавонад ба пӯсидани пиёзакҳо ва пайдоиши бемориҳои занбӯруғӣ мусоидат кунад. Аз ин рӯ, интихоби қитъаи мувофиқ ва риояи низоми дурусти обёрӣ шарти муҳимми парвариши бомуваффақияти лола мебошад.

Дар давраи аввали сабзиш талаботи растанӣ ба баъзе омилҳо, аз ҷумла ҳарорат, равшанӣ ва ғизо, нисбатан камтар буда метавонад. Бо наздик шудани давраи гулкунӣ талабот ба шароити мусоиди рушд меафзояд. Намнокии хок ва таъмини кофии ҳаво барои растанӣ дар марҳилаҳои гуногуни инкишоф аҳаммияти муҳим доранд.

Пиёзакҳои лоларо одатан дар тирамоҳ, дар моҳҳои сентябр ва октябр, мешинонанд. Чуқурии шинонидан вобаста ба андозаи пиёзак муайян карда шуда, дар маводи таҳқиқотӣ 10-15 сантиметр нишон дода шудааст. Пеш аз шинонидан пиёзакҳои бемор ва осебдидаро аз пиёзакҳои солим ҷудо кардан зарур аст, зеро онҳо метавонанд ба паҳншавии бемориҳо мусоидат намоянд.

Ҳангоми парвариш ба ҳолати хок, тоза кардани алафҳои бегона, ғизодиҳии дуруст ва риояи муҳлати обёрӣ аҳаммият додан лозим аст. Истифодаи поруи нав барои лола тавсия дода намешавад, зеро он метавонад боиси пӯсидани пиёзак ва зиёд шудани хатари бемориҳои занбӯруғӣ гардад.

Дар фасли зимистон, махсусан дар солҳои камбарф ва сард, рӯйпӯш кардани замини шинонидашуда бо маводи мувофиқ метавонад пиёзакҳоро аз тағйироти ногаҳонии ҳарорат муҳофизат кунад. Ҳангоми буридани гулҳои пажмурда ё пояи гулдиҳанда баргҳои сабзро нигоҳ доштан зарур аст, зеро онҳо дар раванди ғизогирӣ ва ташаккули пиёзаки нав иштирок мекунанд.

Ин тавсияҳо пеш аз ҳама барои парвариши лолаҳои ороишӣ дар шароити боғу гулзорҳо аҳаммият доранд. Ҳангоми кор бо намудҳои нодири худрӯй бошад, бояд ҳифзи растаниҳо дар муҳити табиии онҳо дар мадди аввал қарор гирад.

Нақши илм ва маърифати экологӣ дар ҳифзи лола

Ҳифзи намудҳои нодири лола танҳо бо манъ кардани ҷамъоварии онҳо маҳдуд намешавад. Барои ҳалли ин масъала омӯзиши мунтазами популятсияҳо, муайян намудани ҷойҳои паҳншавӣ, назорати шумора ва таҳқиқи омилҳои таъсиррасон зарур аст. Мушоҳидаҳои бисёрсола метавонанд барои муайян кардани тағйироти шумораи растаниҳо ва арзёбии вазъи популятсияҳо маълумоти муҳим пешниҳод намоянд.

Дар баробари корҳои илмӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ нақши калидӣ дорад. Агар мардум аҳаммияти лолаҳои худрӯй ва оқибатҳои кандани онҳо бо пиёзакро хуб дарк кунанд, имконияти ҳифзи ин растаниҳо бештар мегардад.

Муассисаҳои таълимӣ, боғҳои ботаникӣ, олимон ва кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист метавонанд тавассути гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ, ташкил намудани гулзорҳои таълимӣ ва тарғиби парвариши лолаҳои киштӣ дар ин самт саҳм гузоранд. Парвариши лолаҳои ороишӣ барои қонеъ намудани талаботи бозор метавонад фишорро ба популятсияҳои табиӣ коҳиш диҳад, ба шарте ки маводи киштӣ ба таври қонунӣ ва бо риояи талаботи экологӣ таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳангоми омӯзиш ва парвариши намудҳои нодир хусусиятҳои хоси ҳар як намуд ва талаботи он ба муҳити зист ба назар гирифта шаванд. Танҳо дар ин сурат метавон ҳам зебоии табиатро нигоҳ дошт ва ҳам истифодаи оқилонаи захираҳои набототиро таъмин намуд.

Абдуллозода Самариддин Абдулло-ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат