, Якшанбе, 08-декабр

ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БА ОН

 03.05.2023 258

ЗУҲУРИ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БА ОН

Зуҳуроти терроризм ва мубориза ба зидди он яке аз мушкилоти байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Меарзад дар нисбат ба ду мафҳуми забонзадашудаи ҷаҳони имрӯз назаре андозем, ки терроризм чист ва террорист кист?

Терроризм рафти баамалбарории воситаҳо аз ҷониби иштирокдорони муносибати иртиҷоӣ нисбат ба объект мебошад. Террорист бошад, ҳамчун субъекти амалинамоии терроризм шинохта мешавад.

Терроризм ҳамчун муносибати канора аз ҷониби субъектҳои он ба хотири баровардасозии мақсадҳояшон дар фазои дохили давлат, минтақаҳо ва сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.

Раванди баамалбарории терроризм, ки асалан дар заминаи таъсиррасонии психологӣ дар нисбат ба ҷалби субъектҳои он ба амал бароварда мешавад, ҳамчун зуҳуроти иртиҷоӣ вобаста ба омилҳои сарзании он метавонад пайравонеро дар сафи ташкилотои террористӣ зиёд намояд.

Терроризм як шакли экстермизм ба ҳисоб рафта, сабабҳои зуҳури он, таъсири он ба ҷаҳони муосир ақлу ҳуши оламиёнро ба худ кашидааст. Меарзад дар нисбат ба фаҳми луғавии терроризм ба муносибати олимон рӯй оварем. Дар луғати С.И.Ожегов муайян гардидааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавии “terrorizer” гирифта шуда, маънои дар заминаи зуроварӣ овардан ба даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳароси доимӣ нигоҳ доштанро ифода менамояд ва ё мувофиқ ба Конвесияи мубориза бар зидди терроризм қабулшудаи Иттиҳоди Аврупо терроризм ин ҳар гуна ҳодисаи зуроварӣ бар зидди озодӣ, ҳаёт ва тандурустии одамон мебошад.

Ба сифати омилҳои асосии раванди бавуҷудоии терроризм метавон як қатор омилҳоро нишон дод. Сатҳи пасти маълумотнокии динию дунёӣ, сатҳи пасти иққтисодӣ, камбизиотӣ, сатҳи баланди ташаккули техникаю технологияи муосир дар раванди пахши иттилоот, нобоварӣ нисбат ба ҳукумати амалкунанда аз ҷониби шаҳрвандон ва раванди тарғибу ташфиқи он аз ҷониби субъектҳои таъсиррасон, сармоягузории хоҷагони берунӣ ба субъектҳои дохилии давлат ва ғайра, ки мехоҳанд фазои дохилиро халалдор созанд ва давлатро вобаста намоянд ба давлатҳои абарқудрату пуриқтидори минтақа ва бунёди шароити мусоид барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва геостратегии ин кишварҳо.

Маълумот оид ба ба зуҳури терроризм тавассути ВАО собити онанд, ки нобаста аз чораҳои роҳанмашдозишуда дар нисбат ба терроризм амалҳои террористӣ торафт меафзояд. Ҳолати мувозинатӣ ва осоиштагиро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳам мезанад. Таҷрибаи давлатдорӣ исботи онанд, ки дар нисбат ба ташкилотҳои террористӣ ҳар қадаре амалҳои зуроварӣ зиёд мегарданд, амалҳои онҳо ва сатҳи афзоиши пайравони онҳо низ зиёд ба назар мерасанд.

Оё ташкилотҳои террористӣ дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд меоянд? Ҳаргиз не, зеро зуҳури ҳодиса вобаста аст ба субъекти он. Махсусан, дар ташаккули ташкилотҳои террористие, ки таъсири муасирро дар нисбат ба таъсирасонӣ ба давлатҳои рӯ ба инкишоф соҳибанд, дар манотиқи Осиё аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, ки даъвои демократия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон менамоянд, таъсир гузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шароити муосир ва раванди ташаккули таҳдидҳои нави замон, махсусан терроризму экстермизм муносибати ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумати амалкунанда ва шаҳрвандони кишаварамон ба роҳ монда шавад, зеро муносибат накардан ба хотири ҳалли ин масоил маънои таъсири он ба мамлакат ва роҳи ҳалли ин мушкилоти замони муосир нест.

Моро мебояд ғамхор дар нисбат ба замини аҷдодиямон бошем ва барои рушди инкишофи он шароит муҳайё сохта, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузошта, ба умеди хоҷагони берунӣ нагардем.

Некрӯзи МАҲМАДХОҶА, ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат