, Чоршанбе, 21-октябр

САЛОМАТИИ ИНСОН ВА НАҚШИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР


САЛОМАТИИ ИНСОН ВА НАҚШИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар замони муосир мафҳуми саломатии инсон аз доираи маҳдуди тиббӣ берун рафта, ҳамчун ҳолати мукаммали ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мегардад. Мувофиқи таърифи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, саломатӣ на танҳо набудани беморӣ ё нуқсони ҷисмонӣ, балки ҳолати некӯаҳволии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин таъриф барои ташаккули равишҳои муосири солимгардонӣ, тарбияи ҷисмонӣ, барқарорсозии қобилияти корӣ ва омодагии варзишӣ заминаи назариявӣ фароҳам меорад.

Саломатии инсон падидаи бисёрҷанба буда, ба ҳамоҳангии се ҷузъи асосӣ - ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Ҳар яке аз ин ҷузъҳо дар ташаккули шахсияти солим ва таъмини сифати зиндагӣ нақши муҳим мебозад.

Саломатии ҷисмонӣ ҳолати фаъолияти муътадили узвҳо ва системаҳои организм, сатҳи коршоямӣ, қувваи ҷисмонӣ ва қобилияти муқовимат ба омилҳои номусоиди муҳити зистро дар бар мегирад. Машқҳои ҷисмонӣ ва машғул шудан бо варзиш ба таҳкими мушакҳо, беҳтар гардидани фаъолияти дилу рагҳо ва нафаскашӣ, инчунин баланд шудани устувории организм мусоидат мекунанд.

Саломатии рӯҳӣ бо устувории равонӣ ва эҳсосотӣ, қобилияти идора кардани эҳсосот, мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи зиндагӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои стресс алоқаманд аст. Фаъолияти ҷисмонӣ метавонад ба беҳтар шудани ҳолати руҳӣ, паст гардидани шиддати изтироб ва нигоҳ доштани мувозинати равонӣ мусоидат намояд. Аз ин рӯ, муносибати мусбат ба зиндагӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим аз омилҳои муҳими нигоҳдории солимии рӯҳӣ ба ҳисоб мераванд.

Саломатии иҷтимоӣ қобилияти шахсро барои мутобиқшавӣ ба муҳити иҷтимоӣ, барқарор намудани муносибатҳои солим ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ифода мекунад. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин самт низ аҳамияти калон доранд, зеро машғулиятҳои гурӯҳӣ ба ташаккули ҳамкорӣ, эҳтироми ҳамдигар, масъулиятшиносӣ ва риояи қоидаҳо мусоидат мекунанд.

Ҷузъҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии саломатӣ бо ҳам робитаи зич доранд ва наметавон онҳоро аз ҳам ҷудо баррасӣ кард. Масалан, камҳаракатӣ метавонад боиси паст шудани қобилияти ҷисмонӣ ва пайдоиши мушкилоти саломатӣ гардад. Ин ҳолат дар навбати худ метавонад ба ҳолати руҳӣ ва фаъолияти иҷтимоии инсон таъсири манфӣ расонад. Баръакс, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ба таҳкими саломатӣ, баланд шудани рӯҳия ва беҳтар гардидани муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад.

Дар шароити имрӯза саломатии инсон зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Ба ин омилҳо тарзи ҳаёт, ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, шароити муҳити зист, хусусиятҳои ирсӣ ва дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ дохил мешаванд. Ҳарчанд саҳми ҳар як омил вобаста ба шароити зиндагӣ ва хусусиятҳои инфиродии инсон фарқ мекунад, тарзи ҳаёт яке аз самтҳои муҳими таъсиррасон ба саломатӣ мебошад.

Яке аз мушкилоти муҳими ҷомеаи муосир паҳншавии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд ва фарбеҳӣ мебошад. Камҳаракатӣ, ғизои номутавозин ва истеъмоли аз ҳад зиёди ғизоҳои серкалория аз омилҳои хавфи ин бемориҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, ташаккул додани одатҳои солим ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад.

Барои нигоҳдорӣ ва таҳкими саломатӣ риояи як қатор принсипҳои асосии тарзи ҳаёти солим зарур аст.

Аввалан, ғизои мутавозин барои фаъолияти муътадили организм аҳамияти калон дорад. Ғизои ҳаррӯза бояд сафедаҳо, равғанҳои солим, ангиштобҳо, витаминҳо, минералҳо ва нахҳои ғизоиро ба миқдори зарурӣ дар бар гирад. Истеъмоли мунтазами сабзавот, меваҷот, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, чормағз ва дигар маҳсулоти фоиданок ба таъмини организм бо моддаҳои ғизоӣ мусоидат мекунад. Барои мисол дар ҳар як шахс: сафедаҳо на камтар аз 1-1.2 г ба ҳар як кг вазни бадан (барои сохтори ҳуҷайраҳо ва иммунитет); истифодаи равғанҳои растанӣ, чормағз, моҳӣ (Омега-3); ангиштобҳои мураккаб; дониҳо, сабзавот, меваҷот тавсия карда мешавад. Барои фаъолияти муътадили меъдаю рӯда рӯзона истеъмоли 300-400 грамм сабзавоту меваҷот ва оби ошомиданӣ ба ҳисоби 30-35 мл ба ҳар як кг вазни бадан мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамзамон, маҳдуд намудани истеъмоли шакар, намак ва ғизоҳои аз ҳад зиёд коркардшуда муҳим аст.

Дуюм, фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ яке аз воситаҳои асосии пешгирии камҳаракатӣ ва таҳкими саломатӣ мебошад. Машқҳои ҷисмонӣ фаъолияти дилу рагҳо ва системаи нафаскаширо беҳтар намуда, ба нигоҳ доштани вазни солим ва баланд гардидани қобилияти корӣ мусоидат мекунанд. Тибқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, калонсолон бояд дар як ҳафта на камтар аз 150-300 дақиқа фаъолияти ҷисмонии шиддатнокии миёна ё 75-150 дақиқа фаъолияти ҷисмонии шиддатнокии баландро иҷро намоянд. Ҳамчунин, тавсия дода мешавад, ки машқҳои мустаҳкамкунандаи гурӯҳҳои асосии мушакҳо ҳадди ақал ду рӯз дар як ҳафта анҷом дода шаванд.

Дар ҳаёти ҳаррӯза пиёдагардӣ, истифодаи зинапоя ба ҷойи лифт, машқҳои пагоҳирӯзӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ ва дигар намудҳои ҳаракат метавонанд ба зиёд шудани фаъолнокии ҷисмонӣ мусоидат кунанд. Шумораи қадамҳои ҳаррӯза низ метавонад ҳамчун нишондиҳандаи амалии ҳаракат истифода шавад, аммо меъёри ягонаи ҳатмӣ барои ҳамаи одамон вуҷуд надорад. Ҳаҷм ва шиддатнокии машқҳо бояд бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ ва имкониятҳои ҷисмонии ҳар як шахс интихоб карда шаванд.

Сеюм, хоби кофӣ ва истироҳати дуруст барои барқароршавии организм ва фаъолияти муътадили системаи асаб заруранд. Барои аксари калонсолон дар як шабонарӯз 7-9 соат хоб тавсия дода мешавад. Риояи реҷаи муайяни хоб, маҳдуд намудани истифодаи дастгоҳҳои электронӣ пеш аз хоб ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои истироҳат ба беҳтар шудани сифати хоб мусоидат мекунанд.

Чорум, идоракунии ҳолатҳои равонӣ ва эҳсосотӣ қисми муҳими тарзи ҳаёти солим мебошад. Машқҳои нафаскашӣ, сайругашт дар табиат, фаъолияти ҷисмонӣ, истироҳати мувофиқ ва нигоҳ доштани муносибатҳои мусбат бо аъзои оила ва дӯстон метавонанд ба паст шудани шиддати стресс мусоидат кунанд. Истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳдуд кардани таъсири иттилооти манфӣ низ барои нигоҳ доштани мувозинати равонӣ аҳамият дорад.

Панҷум, пешгирии одатҳои зараровар ва назорати саломатӣ муҳим аст. Даст кашидан аз тамоку ва дигар маҳсулоти тамоку, худдорӣ аз истеъмоли маводи нашъадор ва маҳдуд намудани истеъмоли машрубот ба коҳиш ёфтани хавфи бемориҳои гуногун мусоидат мекунанд. Ҳамчунин, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ вобаста ба синну сол, омилҳои хавф ва тавсияи мутахассисон барои ошкор намудани саривақтии мушкилоти саломатӣ зарур мебошад.

Дар баробари ин, ғизои дуруст ва истеъмоли оби кофӣ дар таъмини фаъолияти муътадили организм нақши муҳим доранд. Миқдори зарурии сафедаҳо, равғанҳо ва ангиштобҳо вобаста ба синну сол, вазни бадан, дараҷаи фаъолияти ҷисмонӣ ва вазъи саломатии шахс муайян карда мешавад. Истеъмоли об низ бояд бо назардошти шароити иқлим, сатҳи ҳаракат ва эҳтиёҷоти инфиродии организм ба роҳ монда шавад.

Ҳамин тариқ, саломатии инсон дар замони муосир натиҷаи таъсири мутақобилаи омилҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист мебошад. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ин раванд мавқеи муҳим дошта, барои таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани қобилияти корӣ, ташаккули ирода ва мутобиқшавии иҷтимоии шахс мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги ҷисмонӣ, риояи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби аҳолӣ ба фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ бояд яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир бошад. Ҳамоҳангии ҷисм, рӯҳ ва муносибатҳои иҷтимоӣ заминаи муҳимми нигоҳдории саломатӣ ва беҳтар гардидани сифати зиндагии инсонро фароҳам меорад.

Каракулов Алоуддин,  муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат