, Шанбе, 17-октябр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР


ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар ҳаёти мардуми тоҷик масъалаи сулҳ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ҳифзи марзу бум ва амсол ба ин дар ашъори пурғановати миллати тоҷик таҷассуми хешро ёфта, ҳар як шахси бонангу номусро ба роҳи рост ва дӯст доштани Ватан-Модар ҳидоят менамояд. Тавре, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштаи дур ва авроқи рангини таърих назар афканда, иброз доштанд, ки «Дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯй нашавед». Ба ростӣ ин суханони абармарди дунёи сиёсат моро ҳушдор аз таъсири манфии идеологияи ифротгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бештар раҳнамоӣ менамояд.

Дар тамоми давраҳои таърихӣ инсоният ба сулҳ, оромию амнияти хеш ҳарчӣ бештар диққат медоданд. Ҳокимони алоҳида, вазирону донишмандони соҳаҳои мухталиф дар давлатдории миллӣ сулҳу суботро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намуда, онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиром ва гиромӣ медоштанд.

Ҳанӯз дар Юнони қадим шоҳ Филипп падари Искандар аз ҷониби зархариди форс дар шаби тӯйи духтараш ба қатл расонида мешавад. Саманта Смит ном ташвиқгари сулҳ аз ҷониби террористон ва пайравони онҳо дар дохили ҳавопаймо несту нобуд карда мешавад. Умуман таърих шоҳиди бисёр амалҳои нохуби ифротиёни ваҳмангез мебошад.

Дар ҷомеаи муосир масъалаи терроризму экстремизм, гурӯҳҳои мухталиф баҳри нобуд сохтани амнияту сулҳ ва оромии ҳавзаи кишварҳои сулҳдӯст талош намуда, бо истифодаи роҳҳо ва воситаҳои гуногун ҳаёти онҳоро халалдор месозанд, онҳоро гирифтори даҳшату қатл ва паҳн намудани тарғибу ташвиқи адабиёту фарҳанги бегона бештар ҷалб менамоянд. Имрӯз ҷавонон, ки қишри аз ҳама бештари ҷомеаи моро ташкил медиҳанд, бояд рӯй ба илм, дониш, хирад оварда, онро сипари боэътимоди хеш қарор диҳанд, аз садамаҳои таърих огоҳии комил дошта бошанд. Раванди паҳншавии ин бемории заҳрогини сироятӣ ва ҳодисаҳои ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарории дуруст намоянд. Бояд, ки онҳо деҳ, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурии азизи худро дӯст дошта, баҳраш ҳама кӯшиш ва ҷоннисориҳои хешро дареғ надоранд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки гурӯҳҳои мухталифи ифротӣ, аз қабили салафия, ҳизбуттаҳрир, ваҳҳобиён ва дигарон бо ҳар роҳу восита осоиши давлатҳоро халалдор ва несту нобуд месозанд. Ҷавонони содда, гумроҳгашта ва зудбоварро бо истифодаи телефонҳои мобилӣ, паҳн намудани адабиёт ва либоси ғайр, муносибатҳои ғаразнок ва ғайра ба доми хеш мекашанд ва ҳадафҳои ғаразноки хешро маҷбуран ба гардани онҳо бор менамоянд.

Бисёре аз намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷойҳои серодам, мактабҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, автобусҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра дар бадани хеш маводи таркандаро ҷой намуда, худ ва дигаронро ба марг мерасонанд, ки ҳайвон нисбат ба ҳамҷинсони хеш ҳеҷ гоҳ ин амалро раво намебинанд. Ин тудаи гумроҳгаштаи ифротгаро ҳатто шаҳру давлатҳои бузурги дунёро мавриди таркиш ва несту нобуд қарор медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Афғонистон пайравону ҷонибдорони террористӣ ҳатто ҳайкалҳои хурду бузурги даврони буддоияро қасдан несту нобуд сохтаанд. Таърихро набояд фаромӯш кард… Ин ҳодисаҳои ғамангези ба сари халқҳои ҳамсоя ва давлатҳои дуру наздикро мо дида метавонем ва шукргузорӣ аз ин давлати ободу соҳибистиқлол ва садоқати хешро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳза ба ҷой оварда, аркони давлатдорӣ, низоми одилонаи ҳокимият ва халқпарварию бунёдгаронаро ҷонибдорӣ, ҳифз ба ояндагон вогузор намуданамонро зарур медонем.

Таҳдид, таъсири ин вабои аср аз ҷониби ифротиён пеш аз ҳама ба амнияти оилавӣ, ҷисмонӣ, геополитикӣ ба устувории фикрӣ ва ахлоқию арзишҳои беҳтарини умумибашарӣ равона гардидаанд. Дар ин ҷода шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ, блогҳо, филму тасвир ва аксҳо ба насли ҷавон, табақаҳои осебпазири ҷомеа тез – тез ва босуръати баланд таъсири амиқи хешро мерасонанд. Тудаҳои ифротӣ бо истифода аз дин, сиёсат, фарҳанг идеологияи хушунатомези зиддиинсониро паҳну парешон месозанд ва ҳавои софу беғубори ҷомеаи моро тира мегардонанд, зеҳну шуури аъзоёни ҷомеаи имрӯзаро бо роҳи ғалат, каҷ ва самти нобудӣ равона менамоянд. Бо ин восита онҳо ҳаракат менамоянд, ки ҳарчӣ бештар ба ҳадафҳои стратегии хеш бо роҳи сарфаи ками хароҷот ноил гарданд.

Ин гурӯҳҳои ифротӣ чун растаниҳои худрӯйӣ заҳрпечаку аҷириқ месабзанд, бо роҳи ғайриқонунӣ, зӯроварӣ, қасди таъсиррасонӣ ба қарорҳои сиёсӣ, тағир додани сохтори конститутсионии давлатӣ ва нобуд сохтани низоми пешқадами ҳуқуқии ҷомеаро мақсади асосии ҳадафҳои хеш медонанд. Бояд гуфт, ки терроризм рафтор ё амалест, ки бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ, ё ин ки идеологӣ ба анҷом расонида мешавад. Терроризм аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ваҳм андохтан дар дилу дидаи одамон мебошад.

Дар самти пешгирии ин ҳаракатҳои хушунатбори зиддиинсонӣ саҳм ва мақоми маорифчиёни кишвар бахусус омӯзгорон хеле калон ва саривақтӣ мебошад, чунки ин қишри ҷомеа ба ҷавонон дӯст доштани ватан ва миллатро дар қалбашон бедор менамоянду парвариш медиҳанд. Мақоли «Миллат аз афрод меёбад мақом» дуруст ва ҳаққонӣ аст. Корномаи фарзандони наҷиби миллатро набояд аз хотираҳо фаромӯш намуд. Курнамакӣ ва ношукрӣ аз давлати ободу осоиштаи ҷавони сохибистиқлол оқибати нек надорад. Сари вақт аст, ки амал ва рафтори хешро ислоҳ намоем ва ғами ояндаи фарзандони миллати хешро хӯрданамон зарур аст.

Дар хулоса якчанд фикрҳои хешро ба ҷавонони ояндасози миллат мерасонем:

 Хирадгарою ва хирадпеша ва пайваста худшиносиро сармашқи худ қарор дода, онро пайваста идома диҳанд;

 Ватан-модари хешро аз таҳти дил дӯст доранд ва баҳри гул-гулшукуфоияш талош намоянд.

 Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузошта ва барои паҳн гардидани адабиёту таълимоти бегонаи зарарнок роҳ надиҳанд.

 Беш аз 40 фоизи сокинони мамлакати моро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихорӣ миллӣ тарбия ва ба камол расонем. Ба киною амалҳои хушунатбор тамошо кардани онҳоро манъ намоем. Дар хона онҳоро пайваста назорат намуда, ба онҳо истифодаи телефони мобилиро иҷозат надиҳем.

 Дар кишвар соҳаи варзишро бештар тарғиб карда, фарзандони бонангу номусро тарбия карда тавонем, то ин ки онҳо оянда марзу бум ва ватани хешро аз ифротиёни каҷрав ҳифз намоянд.

Сайдализода Рустам – муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат