,
Панҷшанбе, 15-октябр
«Зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан,забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, иститутҳои молиявӣ буда, ин чунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи муттахасисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои амнтарини ҷаҳон мақом гирифтааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар паёмҳо ва суханрониҳояшон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронию мулоқоташон бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд: «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем».
Дар замони муосир мубрамияти бештарро муколамаҳо дар шароити бисёрфарҳангӣ касб намудааст, ки ҳангоми баргузории конфронсҳои байналхалқӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо, иштирокчиён ба мушкилоти забонӣ бар мехӯранд, ки дар чунин мавридҳо нақши асоси бар дӯши забони англисӣ меафтад, зеро забони англисӣ забони гуфтугӯи байни миллатҳо эътироф шудааст. Бояд қайд намуд, ки барои 600 миллион инсон забони англисӣ ё забони модарӣ ва ё забони дуюм дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Яку ним миллиард, яъне 30 % аҳолии ҷаҳон бо забони англисӣ гап мезананд. Бештар аз 75 % мактубҳои дипломатӣ (мактуб, почтаҳои электронӣ) ва беш аз 90 % хабарҳо дар сомонаҳои интернетӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҷомеашиносон ба он хулосае омадаанд, ки на танҳо технологияи информатсионӣ, балки аксарияти маълумот ва адабиёти зарурии замони муосирро бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас кардан мумкин аст. Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаи мазкурро ёдовар шуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ҳисобида, таъкид доштанд: “Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ талаб менамояд, ки дар мамлакат омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, дар сатҳи баланд роҳандозӣ шавад. Роҳбари давлат пайваста дар ҳар як суханронию мулоқот бо аҳли маориф ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, таъкид бар он менамоянд, ки мо забондон ва ҳамқадами замона бошем.
Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳон нақши пешбаранда дорад. Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфта, донистани онҳо омили муваффақият ва пешравӣ арзёбӣ мегардад. Дар робита ба муҳиммият ва зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори ҷиддӣ дода, ҳамеша зимни суханрониҳо ва ироаи Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ дар робита ба ин мавзуъ таъкидҳои ҷиддӣ менамоянд. Тавре дар яке аз баромадҳо иброз доштаанд: “Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем”.
Дарвоқеъ, бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Бахусус, ба омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ низ эътибори аввлиндараҷа диҳад. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд.
Бо мақсади муайян намудани мушкилоти мавҷуда дар соҳаи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо ва муҳайё намудани шароит баҳри рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба тасвиб расидааст. Барномаи мазкур якҷо бо стандартҳои давлатии таҳсилот, ки тибқи қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ муайян менамояд.
Хулоса, дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо афзалият, балки зарурат ба ҳисоб меравад, зеро маҳорати забондонӣ на танҳо имконияти касбӣ ва таҳсилотиро васеъ мекунад, балки барои рушди шахсӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд, зеро шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбати солҳои пеш даҳҳо маротиба афзудааст. Чун дар рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи кишвар нақши дастони пурэъҷози ҷавонон назаррас аст. Боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманди тоҷик суханҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, мутахассисони варзида ва мувофиқу мутобиқ ба бозори рушдёбандаи меҳнат ба камол мерасанд, чун бо донистани забонҳои хориҷӣ ҳар нафар муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамин аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиш ва такмили забонҳои хориҷӣ дар асоси барномаҳои давлатӣ иқдом менамояд.
Саидзода Муҳаммад, дотсент, ҷонишини декан оид ба таълими факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ