,
Чоршанбе, 14-октябр
Муаллимро Худованд эътило дод,
Ба гетӣ иззу шону иртиқо дод.
Муаллим ходими халқи ҷаҳон аст,
Муаллим ходими пайғамбарон аст
Омӯзгор, муаллим, устод, педагог вожаҳои ҳаммаъное мебошанд, ки кулли инсоният аз гулбоғи илму маърифати он баҳра ва ғизои маънавӣ гирифта бо шогирдон, рӯшноӣ мебахшад. Чун падар, ки баҳри таъмини амнияти хонавода ва маърифатнок гардондани фарзандонаш ҷидду ҷаҳд, мекунад. Ӯ ҳамеша шабзиндадорӣ мекашад, то ниҳоли парвардааш баҳрвар гарданд.
Муҳимтарин рисолати омӯзгор инсонсозӣ буда, ба тарбияи хештаншиносии шогирдон бештар аҳамият медиҳад. Дар ҷаҳони муосир раванди ҷаҳонишавӣ ба нобудшавии арзишҳои миллию фарҳангӣ таҳдид мекунанд. Дар ин ҳолат ҳар халқу миллат мехоҳад асолати худро ҳифз ва мардумашро водор намояд, ки ба худшиносии милли такя кунанд. Маҳз бо рушди худшиносӣ метавон аз гузаштаи дуродури таърихию фарҳангиамон баҳровар гардида, забону фарҳанги миллати тамаддунофари хешро таввасути рушди арзишҳои миллӣ ба ҷаҳониён муаррифгар бошем.
Дар амали намудани ин нияти нек нақши омӯзгор басо назаррас аст, зеро маҳз ӯ ифтихори миллӣ эҳтироми инсоният ва шинохти таърихи миллатро дар дилу зеҳни наврасону ҷовонон ҷо карда метавонад.
Худшиносии миллӣ донистани таърих, забон, анъана, расму оин, қаҳрамонон, тамоми арзишҳои миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба онҳост. Он моро ба решаҳои гузаштаи аҷдоди худ мепайвандад ва водор мекунад, ки мо кистему аз куҷоем ва куҷо равонем.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳиме андеша шудаанд, то ҷавонон аз гузаштаи хеш ба таври фарогир огоҳ шаванд. Ҷойи инкор нест, ки технология бо суръати баланд ба дунёи мо ворид шуда, ба маънавиёти насли наврас таъсири мусбат расондааст. Мо бояд таълиму тарбияро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хосатан, дар муассисаҳои олии кишвар марбут ба педагогикаи этникӣ бо назардошти махсусияти замони муосир роҳандозӣ намоем. Дар роҳи расидан ба ҳадаф, рӯ овардан ба маориф шарти асосист. Ба таъбири устод Айни, “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обурӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ – агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳар чи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем”.
Дар ин миён, саҳми омӯзгор бузург мебошад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Маҳз омӯзгорони саҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, имломӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳаншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд”.
Бале, маҳз омӯзгор метавонад ҳисси худшиносиро дар ниҳоди хонандагон бедору такмил бахшад. Ба ин васила, дар ташаккули шахсияти онҳо саҳм гузорад, зеро фаъолияти ӯ ду паҳлуи муҳимро дар бар мегирад: таълим ва тарбия. Омӯзгор дар тарбия шогирдон ва ҳатто, таъсир ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла, ба забон, таърих ва фарҳанг хидмати арзанда менамояд.
Зарурати ба эътибор гирифтани ин масъала рӯз то рӯз меафзояд. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари тақдими баъзе навигариҳо, метавонад арзишҳои муҳимми халқу миллатҳоро аз байн барад. Дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом бояд дод:
Якум: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт иқдомҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст, ки муҳимтаринашон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва қабули барномаҳои гуногуни давлатӣ мебошанд. Ҳамчунин, чопи китобҳои муқаддас ва характери таълими дошта, ба тақдими онҳо ба ҳар як оила ба мисли “Қуръон” “Тоҷикон” “Шоҳнома”, ки ба ҳар як оила тавассути онҳо мо оид ба таърих, фарҳанг, урфу одат ва худогоҳию худшиносии миллӣ огоҳӣ гирифта, ба мо як ҷаҳон олами илму дониш ва маърифату инсонгароиро меомӯзонанд.
Дуюм: вусъат бахшидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма. Имрӯз муаррифии комили миллат маҳз аз ин минбар бештар сурат мегирад. Нашри матолиби судманд дар рӯзномаю маҷаллаҳо, барномаҳои муҳимми радиоиву телевизонӣ, инчунин, ташкил ва тарғиби филму наворҳои гуногуни тарғиботӣ, ҷалби ҷавонон ва ба низом даровардани фаъолияти онҳо таввасути ниҳоди алоҳида, баргузории озмунҳои гуногун воситаҳоеанд, ки диққати насли имрӯзро ба худшиносӣ бештар ҷалб менамояд.
Сеюм: баланд бардоштани мақом ва эътибори соҳаи маориф, ислоҳот дар низоми таҳсилот, дар робита ба ин омӯзонидани таърих, забони модарӣ, адабиёт ва фарҳанг дар муассисаҳои таълимӣ, ба ин васила, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ аз синни хурдӣ мебошад.
Чорум: рӯ овардан ба фарҳанг ва анъанаҳои мардумӣ. Дар ин замина тадбирҳои муҳим пайваста андешида мешавад. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат, либоси миллӣ, мусиқӣ ва дигар унсурҳои фарҳангӣ, таҷлили ҷашнҳои Тиргон, Меҳргон, Сада, Наврӯз, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи забони давлатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Яке аз роҳҳои дарки худшиносӣ дар ҷавонон нишон додани нақши шахсиятҳои барҷаста, қаҳрамонон ва, умуман бузургдошти онҳоест, ки барои таъриху фарҳанги забони худ хидмати бузург кардаанд.
Бояд як масъалаи муҳимро дар зеҳни хонандагон ҷо кард: худшиносии миллӣ маънои онро надорад, ки мо ба арзишҳои миллии дигарон ба чашми таҳқир нигарем ва ё онҳоро нодида гирем, зеро ҳар миллату халқ ба худ арзишҳое дорад, ки дар рушди худшиносӣ нақши хосса дорад. Ин маъниро ба шогирдон маҳз омӯзгор расонидаву шарҳ дода метавонад.
Омӯзгорон ҳамеша ба дастгирии методӣ ва такмили ихтисос ниёз доранд. Хушбахтона дар ин ҷода пешравиҳо ба назар мерасанд. Як омили ташвишовар истифодаи ғайри мақсаднокӣ интернет ва телефон аст. Дар ҷараёни дарсҳои технологияи итиллоотӣ шарҳу тавзеҳ бахшидани маърифати истифодаи технологияҳои муосир ногузир гаштааст. Барои ташкили ин дарсҳо барномаи мушаххас ва дастури алоҳида бояд аз ҷониби мутахассисон таҳия шавад.
Ҳамин тавр дониши омӯзгорон аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ қавитар шуда, таъсири онҳо дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли наврас бештар мегардад.
Иззатова Муҳаббат - доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Раҳимова Комила - ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии Донишгощи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ