, Душанбе, 12-октябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ-РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК


ИСТИҚЛОЛИЯТ-РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд: «Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаҳои бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт».

Моҳияти истиқлолият аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фаҳмою равшан чунин баён гардидааст: «Истиқлолият ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст. Истиқлолият ин эҳсоси қарзи ватандорӣ ва масъулияти ҳар фарди соҳибхирад дар назди ҷомеа, халқ ва миллати хеш аст».

Истиқлолият маънои онро дорад, ки давлат комилан мустақил ва озод аст. Давлат пас аз ба даст овардани истиқлолият ҳуқуқ пайдо мекунад, ки масъалаҳои дохилию хориҷии худро мустақилона ҳал намояд.

Истиқлолият яке аз хусусиятҳои асосии давлатдорӣ буда, мустақилияти давлатро дар ташкилу танзими низоми идоракунӣ ва амалӣ намудани вазифаҳои худ ифода мекунад. Давлати соҳибистиқлол моҳият ва таъиноти худро амалӣ намуда, вазифаҳои хешро мустақилона пеш мебарад. Он дар муносибат бо дигар давлатҳо манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва талаботу хоҳишҳои қонунии онҳоро ҳимоя мекунад. Истиқлолият тақсимнашавандагии ҳокимияти давлатӣ, ягонагии он ва дахолатнопазириро ба корҳои дохилии давлат дар назар дорад.

Истиқлолият доштан маънои онро дорад, ки давлат ё халқ, новобаста аз мавқеъ ва андешаи дигар давлатҳою халқиятҳо, қарорҳои худро мустақилона қабул намуда, онҳоро амалӣ мегардонад.

Давлатҳо истиқлолияти худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истифодаи самараноки захираю боигариҳои миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ истифода мебаранд. Маҳз истиқлолият ба ҳар як давлат имкон медиҳад, ки роҳи рушди худро мустақилона интихоб карда, сиёсати дохилию хориҷии худро дар асоси манфиатҳои миллӣ амалӣ намояд.

Агар истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби дигар давлатҳо эътироф гардида бошад, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид фароҳам меояд. Эътирофи байналмилалии истиқлолият барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ аҳаммияти калон дорад. Дар сурати эътироф нагардидани истиқлолияти давлат мушкилоти зиёде дар роҳи рушди муносибатҳои байналмилалӣ ба вуҷуд омада метавонанд. Эътирофи истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби дигар давлатҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Имрӯз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дошта, ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳо мунтазам рушд медиҳад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуда, сиёсати мустақилонаи дохилию хориҷии худро амалӣ менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ инъикос ёфта, яке аз принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалии муосир ба ҳисоб меравад. Принсипҳои баробарҳуқуқии давлатҳо, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар барои таъмини муносибатҳои осоишта ва ҳамкории давлатҳо аҳаммияти муҳим доранд.

Ҳокимияти сиёсӣ яке аз шаклҳои асосии ҳокимият буда, дар низоми давлатдорӣ нақши муҳим мебозад. Ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонунгузорӣ амалӣ гардида, барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини суботу тартибот дар ҷомеа масъул мебошад. Дар давлати соҳибистиқлол ҳокимияти давлатӣ бояд манфиатҳои миллӣ ва иродаи мардумро ифода намуда, барои пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад.

Фаҳмиши истиқлолияти миллӣ дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Санади ниҳоии Хелсинки низ инъикос ёфта, бо принсипҳои баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ва ҳуқуқи худмуайянкунии халқҳо алоқаманд мебошад. Миллати тоҷик дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунӣ ба ҳайси яке аз миллатҳои соҳибдавлат вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, ҳамчун иштирокчии баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ баромад мекунад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил амал намуда, манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунад.

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои бузург ва сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба шумор меравад. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро эҳё намуда, роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро интихоб намояд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои ташаккули давлатдории муосири тоҷикон заминаи устувор гузошт.

Дар асоси принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ давлат ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида, дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои муайян мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ дорои тамоми рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар асоси Конститутсия ва қонунҳои миллӣ фаъолият менамояд. Аз ин рӯ, мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намудаанд. Давлати соҳибистиқлол низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро мустақилона пеш бурда, барои таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва рушди устувори кишвар талош менамояд.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст. Миллати тоҷик дар шароити соҳибистиқлолӣ сарнавишти худро ба дасти хеш гирифта, роҳи рушди мустақилонаи худро интихоб намуд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мавқеи хосса пайдо кард. Имрӯз набзи давлату миллати мо бо набзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг буда, Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон пайваста талош менамояд.

Хушбахтона, ҳисси ватандӯстию озодихоҳии мардуми тоҷик, таърихи бойи давлатдорӣ ва фарҳанги ғании миллӣ, инчунин заковату дурандешагии Сарвари давлат имкон фароҳам оварданд, ки истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор намояд. Дар ин раванд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандон нақши муҳим доранд.

Истиқлолият, воқеан, натиҷаи ягонагӣ ва муттаҳидии миллат мебошад. Ин рукни муҳими ҳаёти миллат аз ҳар як ватандӯсти кишвар талаб менамояд, ки нисбат ба миллату Ватани хеш муҳаббати самимӣ дошта бошад, шарафу номуси миллиро ҳифз намояд ва ҳар ваҷаби сарзамини аҷдодиро муқаддас шуморад. Ҳамзамон, ҳар як шаҳрванд бояд дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро қадр намуда, дар ҳифзу таҳкими онҳо саҳми арзандаи худро гузорад.

Расулова Нодира - ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат