, Шанбе, 10-октябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ-ТАҲКУРСИИ СУБОТУ ТАРАҚҚИЁТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ


ИСТИҚЛОЛИЯТ-ТАҲКУРСИИ СУБОТУ ТАРАҚҚИЁТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

“Соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад. Соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва мо бояд ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои азимро ба анҷом расонем».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил намуда, чорабиниҳои ҷашнӣ ва корҳои ободониву созандагиро идома медиҳанд. Мо, омӯзгорон, низ пайваста кӯшиш менамоем, ки дар тафаккури донишҷӯён ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавиро ташаккул дода, барои рушди қобилият ва камолоти касбии онҳо муҳити мусоид фароҳам оварем.

Таваҷҷуҳи пайваста ба омӯзиши илму дониш бозгӯи сиёсати маорифпарварона ва дурандешонаи Пешвои миллат мебошад. Зеро дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маориф ҳамчун заминаи асосии ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат, рушди неруи зеҳнии миллат ва омили муҳими пешрафти устувори давлат мавқеи калидӣ дорад.

Дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот шинохта шудааст. Ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ аз баланд гардидани мақому эътибори кишвар шаҳодат медиҳанд.

Хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар хотираи мардум абадан боқӣ хоҳанд монд. Бо талошҳои пайгирона ва музокироти тӯлонӣ барои расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ замина фароҳам оварда шуд. Дар натиҷа, миллати тоҷик, ки рӯзҳои душвори парокандагиро паси сар карда буд, аз нав муттаҳид гардид ва барои бунёди давлати соҳибистиқлолу пешрафта роҳ кушода шуд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи асосии рушди инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи ҳадафҳои созанда мебошанд. Ҳамаи пешрафту ободии имрӯзаи кишвари мо маҳз дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги таърихӣ ва неъмати бебаҳоест, ки ҳифзу таҳкими он масъулияти наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва ободии Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Мо, омӯзгорон, минбаъд низ рисолати касбии худро содиқона идома дода, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос, соҳибмаърифат ва ватандӯст саҳми арзандаи хешро мегузорем. Зеро ояндаи давлату миллат аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагии зиёд дорад. Ҳар яки мо бояд бо меҳнати софдилона, рафтори намунавӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро намоем.

Бо истифода аз фурсат, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тандурустӣ, рӯзгори обод, саодати зиндагӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон бод!

Саидова Малика, муаллими калони кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат