,
Шанбе, 03-октябр
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои хеш пайваста ба зарурати ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва муттаҳидии ҷомеа таъкид менамоянд. Аз ҷумла, таъкид намудааст, ки: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем».
Мазмуни ин андешаҳо бо як қатор принсипҳои муҳими таълимоти ахлоқӣ ва инсонгароёнаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоҳангии маънавӣ дорад. Мавлоно ҳамчун яке аз бузургтарин мутафаккирони Шарқ масъалаи инсон ва камолоти маънавии ӯро дар меҳвари андешаҳои худ қарор дода, дар осораш ғояҳои дӯстӣ, ҳамдилӣ, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаро васеъ инъикос намудааст.
Моҳияти инсонмеҳварии андешаи Мавлоно дар он зоҳир мегардад, ки инсон дар низоми фалсафӣ ва ирфонии ӯ на танҳо ҳамчун мавҷуди иҷтимоӣ, балки ҳамчун субъекти масъули маънавӣ баррасӣ мешавад. Ба андешаи ӯ, камолоти воқеии инсон пеш аз ҳама ба покии ботин, худшиносӣ, ахлоқи ҳамида ва муносибати нек бо дигарон вобаста аст. Аз ин лиҳоз, таълимоти Мавлоно хусусияти фарогир дошта, ба ташаккули шахсияте равона шудааст, ки метавонад дар муносибат бо дигарон бар пояи эҳтиром, муҳаббат ва таҳаммул амал намояд.
Пешвои муааззами миллат дар асарашон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” таъки доштаанд, ки “Инсон меҳвари осори ҷовидонаи Мавлавӣ ва корномаи беназири маънавӣ ва ахлоқии ӯст. Ҳеҷ мутафаккире дар таърихи башар назарияи сират ва маънавияти инсонро бо чунин ҷаззобияту рангорангӣ, печидагӣ, фарогирии меъёри кайҳонӣ ва ҳамзамон ба чунин умқ ва ба сирати нотакрор накушода ва рози аслиии онро боз нанамудааст. Ва ин амр боиси маҳбубияти бесобиқаи осори Мавлонои Румӣ аст, ки бо гузашти рӯзгор ва афзоиши мушкилоти инсон афзунтар ва амиқтар хоҳад гардид”. Воқеан ҳам ин арзёбии оқилона моҳияти аслии осори Мавлоно ва сабаби пойдории андешаҳои ӯро дар тӯли асрҳо бозгӯ менамояд. Мавлоно масъалаҳои маънавии инсонро дар доираи замони худ маҳдуд накарда, онҳоро ба сатҳи арзишҳои умумибашарӣ расонидааст. Аз ин ҷост, ки осори ӯ дар давраҳои гуногуни таърихӣ қобили дарки нав ва истифодаи маънавӣ мебошад.
Ин мавзуъ ва тарбияти инсони комилро дар сойири осораш ба таври халлоқона ҷой додадаву моҳирона ба риштаи назм кашидааст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар байтҳои оғозини дафтари дувуми «Маснавии Маънавӣ» роҳи расидан ба такамулро барои инсонҳо бисёр моҳирона таъриф намудааст:
...Офтоби маърифатро нақл нест,
Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.
Хосса хуршеди камоле, к-онсарист,
Рӯзу шаб кирдори ӯ рӯшангарист.
Баъд аз он ҳар ҷо ровӣ, Машриқ шавад,
Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад...
Пеш аз ин низ ҷаноби Мавлоно дар дафтари аввал яке аз муҳимтарин мушаххасоти инсонҳои дар масири камолбударо рӯшноӣ додан ва гармӣ бахшидан дониста буд:
Кори мардон равшанию гармӣ аст,
Кари дунон ҳилаву бешармӣ аст.
Аз баррасии абиёти фавқ маълум мегардад, ки дар нигоҳи Мавлоно Ҷалолиддин, инсони комил касест, ки дар вуҷудаш ҳамеша неруи созандагӣ, муҳаббат, маърифат ва некӣ ҷорӣ аст. Яъне чунин инсон танҳо барои худ зиндагӣ намекунад, балки бо андеша, рафтор ва гуфтори худ ба дигарон низ таъсири мусбат расонида, дониш меофарад, муҳаббат мепарварад ва ба зиндагӣ маъно мебахшад.
Пас, инсони комил дар андешаи Мавлоно шахсест, ки ботинаш бо маърифат рӯшан ва амалаш барои ободии худу дигарон созанда аст. Вай на танҳо донишманд, балки соҳибдил, муҳаббатпарвар ва масъулиятшинос низ мебошад. Ин инсоне, ки портреташ дар тасаввури Ҷалолиддини Балхи барои мо маълум мегардад, ҳамон инсонест, ки дар маҳдудаи ҷуғрофиё ва таърих намемонад ва меъёри ҳамаи коинот дар саҳифаи ҳастӣ хоҳад буд.
Адиб ҷойгоҳи инсони комилро на танҳо дар доираи хислатҳои инсонӣ, балки дар паҳнои беинтиҳои ҳастӣ арзёбӣ менамояд. Инсон дар ҷаҳонбинии Мавлоно мавҷуди маҳдуд набуда, ӯ қобилияти дар худ таҷассум кардани сифатҳои гуногуни олами ҳастиро дорад. Бинобар ин инсонро падидае медонад, ки ҳадду марзи воқеии ӯро наметавон ба осонӣ муайян кард:
...Эй сифотат офтоби маърифат
В-Офтоби чарх банди як сифат.
Гоҳ Хуршедию гаҳ дарё шавӣ,
Гоҳ кӯҳи Қофу гаҳ анқо шавӣ.
Ту на ин бошӣ, на он дар зоти хеш,
Эй фузун аз ваҳмҳо в-аз беш беш...
Дар ин абёт Мавлоно ба “беҳудудии вуҷуди инсон” ишора мекунад. Агар офтоб танҳо ба як сифати хеш-рӯшноӣ ва гармӣ, маъруф бошад, инсон метавонад дар худ сифатҳои гуногунро таҷассум намояд: гоҳ чун “хуршед” рӯшангару гармибахш, гоҳ чун “дарё” амиқу фарогир, гоҳ чун “Кӯҳи Қоф” устувору бекарон ва гоҳ чун “Анқо” нодиру дастнорас гардад. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки инсон ба ҳеҷ яке аз ин сифатҳо маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамеша фаротар аз он чизест, ки дар бораи ӯ гуфта ё тасаввур кардан мумкин аст.
Мавлоно бо ин тасвирҳо мехоҳад нишон диҳад, ки инсони комил маҷмӯи чанд сифати муайян набуда, балки вуҷуди ӯ фаротар аз ҳама таърифу тасаввур аст. Дар вуҷуди ӯ рӯшноӣ ва торикӣ, амиқӣ ва баландӣ, устуворӣ ва нодирӣ метавонанд ба ҳам биёянд. Аз ин рӯ, шинохти ҳақиқии чунин инсон барои ақли маҳдуди башар осон нест. Ӯ чунон фароху пурғановат аст, ки гӯё танҳо “ваҳму хаёл” метавонад ба андозае симои ӯро дар худ таҷассум кунад.
Ҳамин аст, ки дар андешаи Мавлоно инсони комил худ як олами бекарон аст. Ҳамон оламе, ки ҳар қадар бештар шинохта шавад, боз ҳам паҳнои наве аз ҳастии ӯ ошкор мегардад.
Бо таваҷҷуҳ ба масъалаи мавриди назар дар осори адиб метавон гуфт, ки дар меҳвари таълимоти Мавлоно масъалаи муносибати инсон бо инсон аст. Ӯ инсонро ба дурӣ аз худхоҳӣ, кина, ҷаҳолат, ҳирс ва дигар хислатҳои манфии ахлоқӣ даъват намуда, муҳаббат ва ҳамдилиро ҳамчун василаи муҳими расидан ба камолоти маънавӣ арзёбӣ мекунад. Дар ин замина, андешаи маъруфи ӯ - «Аз деву дад малуламу инсонам орзуст», моҳияти инсонгароёнаи ҷаҳонбинии мутафаккирро бозгӯ менамояд:
Ди шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
3-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷӯстаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…
Муроди адиб аз инсон ҳамон шахсияти дорои фазилатҳои ахлоқӣ ва маънавиест, ки метавонад дар муносибат бо дигарон инсониятро ҳифз намояд.
Аз ин нуқтаи назар, «инсонсозӣ»-и Мавлоно хусусияти таърихии маҳдуд надошта, барои давраҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ аҳаммияти худро нигоҳ медорад. Осори ӯ ҳамчун ганҷинаи маънавию ахлоқӣ метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон, бахусус дар замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳаммулпазирӣ ва муколамаи созанда ниёз дорад, нақши муҳим дошта бошад.
Мавлоно на танҳо дар бораи мақому мартабаи инсони комил ва фазилатҳои маънавии ӯ сухан мегӯяд, балки ба масъалаи муҳимми дигар - роҳи расидан ба ин мақоми воло ва марҳилаҳои камолоти инсонӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз нигоҳи ӯ, камоли инсонӣ ҳолати печидаву дастнорас нест, балки масирест, ки инсон бояд онро бо маърифат, худшиносӣ, талоши пайваста ва поксозии ботин тай намояд. Мавлоно барои расидан ба ин мақоми маънавӣ чандин асли муҳимро пешорӯи инсон мегузорад, ки дар миёни онҳо дониш ва огоҳӣ ҷойгоҳи хосса доранд.
Дар ҷаҳонбинии Мавлоно дониш танҳо василаи андӯхтани маълумот ё шинохти падидаҳои зоҳирии олам набуда, балки дониш барои ӯ чароғи маърифат ва василаи бедории ботинӣ мебошад, ки ба инсон имкони шинохти хештан, дарки ҳақиқати ҳастӣ ва фарқ гузоштан миёни роҳи росту каҷро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, мақоми донишманд дар таълимоти ӯ мақоми шахсест, ки бо огоҳӣ ва маърифат зиндагӣ мекунад. Мавлоно ҳатто хоби чунин инсонро аз бедории шахси нодон бартар медонад:
Хоб бедорист, чун бо дониш аст,
Войи бедоре, ки бо нодон нишаст!
Дар ин байт мафҳуми «хоб» ва «бедорӣ» маънои одии зоҳирии худро аз даст дода, ба мафҳумҳои рамзӣ табдил меёбанд. Муроди Мавлоно аз «хоби бедор» ҳолатест, ки инсон ҳатто дар оромиш ва сукут низ аз маърифат ва шуури ботинӣ дур нест. Баръакс, бедории ҷисмонӣ ҳангоме арзише дорад, ки бо бедории ақлу маънавият ҳамроҳ бошад. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ аз ҳамнишинии нодон ҳушдор медиҳад, зеро ҳамнишинӣ бо ҷаҳолат метавонад инсонро аз роҳи маърифат дур созад. Ба ибораи дигар, дар назари Мавлоно арзиши воқеии зиндагӣ на ба ҳолати зоҳирии бедорӣ, балки ба сатҳи огоҳӣ ва маърифати инсон вобаста аст.
Ин андеша дар байти дигар боз ҳам возеҳтар баён мешавад:
Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист,
Ҳар кӣ беҷон аст, аз дониш тиҳист.
Дар ин ҷо дониш ба худи «ҷон» пайванд дода мешавад. Гӯё Мавлоно мехоҳад таъкид кунад, ки огоҳӣ ва дониш ҷавҳари ҳаёти маънавии инсонанд. Агар ҷисм инсонро дар ҷаҳони моддӣ ҳузур бахшад, маҳз дониш ва маърифат ба зиндагии ӯ мазмуну самти маънавӣ мебахшанд. Аз ин рӯ, инсон бе дониш метавонад аз нигоҳи зоҳирӣ зинда бошад, аммо аз ҷиҳати маънавӣ аз ҳақиқати ҳастӣ дур бимонад. Дониш дар ин маъно танҳо «донистан» нест, балки огоҳ шудан, дарк кардан ва ба ҳақиқати маънавии худ расидан аст.
Аммо Мавлоно танҳо ба баёни арзиши дониш қонеъ намешавад. Ӯ ҳамзамон аз паёмадҳои густариши ҷаҳолат ва хомӯш гардидани садои маърифат низ ҳушдор медиҳад. Дар ҷомеае, ки нодонӣ ва ҷаҳолат бар дониш ва хирад ғолиб меояд, имкони рушди маънавии инсон маҳдуд мегардад. Мавлоно ин ҳолатро бо забони рамзӣ ва тасвирҳои пурмаъно чунин баён мекунад:
Чунки зоғон хайма бар баҳман заданд,
Булбулон пинҳон шуданду тан заданд.
З-он ки бе гулзор булбул хомӯш аст,
Ғайбати Хуршед бедорикуш аст.
Дар ин тасвир «зоғон» рамзи ҷаҳолат, бесаводӣ ва садоҳои носозгор бо маърифатанд, дар ҳоле ки «булбул» метавонад рамзи сухани нек, дониш, ҳунар ва рӯҳи эҷодгар бошад. Булбул бе гулзор наметавонад ба таври табиӣ суруд сарояд, ҳамон гуна, ки истеъдод, дониш ва андешаи созанда низ ба муҳити муносиб ва фазои маънавии солим ниёз доранд.
Мафҳуми «Хуршед» дар ин байт низ дорои рамзияти амиқ аст. Хуршед метавонад ҳамчун рамзи рӯшноӣ, ҳақиқат, дониш ва маърифат фаҳмида шавад. Ғайбати он, яъне дур гардидани рӯшноии маърифат, барои инсон ва ҷомеа ҳолати хатарнок ба вуҷуд меорад. Зеро вақте нури дониш камранг мешавад, ҷаҳолат имкони густариш пайдо мекунад ва ҳангоме ки ҷаҳолат фарогир мегардад, роҳи расидан ба камолоти инсонӣ низ душвортар мешавад.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҷойи дигар бо таъкиди паёмадҳои нодонӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳолат пеш аз ҳама ба худи инсон зарар мерасонад ва оромиву арзиши маънавии ҷони ӯро коста мегардонад:
Ин масал андар замона ҷонӣ аст,
Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.
Аз нигоҳи ӯ, нодонӣ инсонро ба ранҷу саргардонӣ гирифтор намуда, ӯро аз шинохти ҳақиқат, худшиносӣ ва роҳи камолоти маънавӣ дур месозад.
Аз ҳамин дидгоҳ, метавон гуфт, ки инсонсозии Мавлоно аз бедор кардани шуури инсон оғоз меёбад. Инсон бояд пеш аз ҳама бидонад, биандешад ва огоҳ гардад, зеро танҳо инсонеро, ки аз ҷаҳолат ба сӯи маърифат ҳаракат мекунад, метавон дар роҳи камолоти ҳақиқӣ тасаввур кард. Маҳз ҳамин пайванди дониш, бедории маънавӣ ва камоли инсонӣ яке аз меҳварҳои муҳимми андешаи Мавлоно ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, аз диди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ инсон мавҷуди одии ҳастӣ набуда, балки ҷаҳони бекаронест, ки роҳи камолоти ӯ аз маърифат, худшиносӣ, покии ботин, муҳаббат, ахлоқи ҳамида ва муносибати нек бо дигарон мегузарад. Мавлоно бо забони ирфонӣ ва андешаҳои башардӯстонаи худ инсонро ба бедории маънавӣ, раҳоӣ аз ҷаҳолату худхоҳӣ ва созандагиву некӣ даъват мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши осори безаволи ӯ, бахусус «Маснавии маънавӣ», имрӯз низ аҳаммияти хосса дорад, зеро дар ҳар байти он паёме барои шинохти инсон, дарки маънии зиндагӣ ва расидан ба камолоти маънавӣ нуҳуфтааст. Бинобар ин, мутолиаи осори Мавлоно бояд танҳо омӯзиши мероси адабӣ ва ирфонии гузашта набошад, балки ҳамчун василаи худшиносӣ, инсонсозӣ ва тарбияи насли дорои маърифати баланд, андешаи созанда, рӯҳи таҳаммулпазир ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ба роҳ монда шавад. Ҳар қадар мо ба умқи андешаҳои ин мутафаккири бузург бештар ворид шавем, ҳамон қадар зарурати маърифат, муҳаббат ва инсонгароиро дар зиндагии худ равшантар дарк хоҳем кард.
Муҳаммадҷони Абдувоҳид-муаллими калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ