, Шанбе, 03-октябр

БУЗУРГДОШТИ ИНСОН ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


БУЗУРГДОШТИ ИНСОН ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ашурова Нодира – доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз шоирони тавонои тоҷик аст, ки шаъну эътибори адабиёти тоҷику форсро ба пояи баланд бардошта, ҳамчун симои беназири фарҳангу адаб дар сафи маъруфону маҳбубони тамаддуни ҷаҳон шинохтаву қадр шудааст. Ӯ аз шоирону орифони бузургест, ки мисли офтоб осмони назми форсӣ-тоҷикиро дурахшон кард ва ҳамчун паямбаре падидор шуд, ки маъниҳои асили ватаниро дар миёни халқу миллатҳои форсизабон ривоҷ дод ва шоҳи кишвари маънавиёти нафис шуд.

Шинохти Мавлоно ҳамчун ориф, шоир ва инсонгарои ростин  аз даврони ба камол расидани ӯ оғоз ёфта, оҳиста-оҳиста ба худ вусъату густариши ҷаҳонӣ пайдо кард. Офаридаҳои ин суханвари бузург ба сони уқёнуси бузурге мебошад, ки дар он дурру гавҳари ноёб ниҳон аст ва барои расидан ба умқи маънии сурудаҳои ӯ аз мо мутолиа ва омӯзишҳои ҷиддиро мехоҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дӯстдорони каломи бадеъ аз байни офаридаҳои шӯрангези шоири бузурги Шарқ Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) беш аз ҳама ба асари “Маснавии маънавӣ” таваҷҷуҳ кардаанд. Дар ин бора адабпажӯҳ Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар пешгуфтори “Маснавии маънавӣ”  чунин андешаронӣ кардааст: “Ин асар (“Маснавии маънавӣ” – А.Н.) баъди дар як китоби бузургҳаҷм ба шакл даромадан то ба имрӯз диққати олимону адибонро ҳар чӣ бештар ба худ ҷалб карда меояд ва ҳамин “Маснавии маънавӣ”-ст, ки номи Мавлоноро шуҳратёр кардаву тавони суханвариашро пайваста меафзояд” [1, с. 7].

“Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳақиқат қомуси мукаммали ислом ва тасаввуфу ирфон буда, дар он бисёр масъалаҳои динию мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, адабиёту ахлоқ, таъриху мантиқ, иҷтимоиёту сиёсат ва ғайра ба таври ҳакимонаву носеҳона ва бо санъату ҳунари басо ҳайратовар манзум шудааст. Аммо ҳамаи ин мавзуоту масоили фарогири ин асари оламгир дар атрофи як масъала – Худошиносӣ чарх мезанад, яъне агар ба таълимоти умумии Ҷалолиддини Балхӣ рӯ биёрем, дар он Худо мавқеи асосӣ дорад. Вале ҳамзамон ҷойи таъкид аст, ки Худошиносӣ ва худшиносӣ – инсоншиносии Мавлоно тақрибан муродифи ҳамдигаранд. Аз ин рӯ оне, ки А. Шиммел илоҳиёти Мавлоно ном ниҳодааст, дар асл инсоншиносии ӯст [5].

Дар ин бора муҳаққиқ Зиёев Х низ дар асараш “Мавлоно” фикрҳои ҷолиб овардааст: “Румӣ пайваста таъкид месозад, ки инсон бояд ҷӯйёи мардумӣ бошад, на гандумӣ ва ганҷро дар худ биҷӯяд, на дар берун. Худшиносӣ барои ӯ беҳтар аз донистани усули дин аст, зеро чун инсон худро бидонад, дигаронро медонад ва оқибати кор – Худоро. Барои Мавлоно аз худ гурехтан аз Худо гурехтан аст, таъвили худ беҳтар аз таъвили ахбор аст” [3, с. 70].

Ба ибораи дигар, чуноне ки барои донишманд И. Кант “инсоншиносӣ ин оламшиносист [4, с. 131], ҳамчунон худшиносӣ, инсоншиносӣ барои Румӣ Худошиносӣ аст. Ба қавли мавлавишиносон инсоншиносӣ будани таълимоти мутафаккир бо он ҳам собит мегардад, ки ӯ Худоро дар ниҳоди инсонӣ меҷӯяд ва ақоидаш аслан ҷанбаи маърифатӣ дорад. Маърифат бошад танҳо хоси инсон мебошад [3, с. 70].

Ҳамин аст, ки дар маркази офаридаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳам монанди дигар бузургони адабиёти форс-тоҷик тасвири инсон, ситоиши бузургиву хирад, тараннуми орзуву омол, тавсифи хислатҳои неку ҳамидаи ӯ меистад. Шоир дар “Маснавии маънавӣ” ба мавқеи инсон дар ҷамъият диққат дода, мақоми инсонро ба ҷойгоҳи олӣ мегузорад ва таъкид мекунад, ки ӯ бояд шоистаи ҳамин мақом амал намояд. Шоир инсони шарафмандро қудратмандтарин офаридаи Худо мешуморад:

Қудрати худ бин, ки ин қудрат аз ӯст,

Қудрати ту, неъмати ӯ дон, ки хӯст [1, с. 26].

Бояд тазаккур дод, ки Ҷалолиддини Балхӣ аз оғоз то анҷоми “Маснавии маънавӣ” аз худшиносии инсон ва тадриҷан бадал шудани ӯ аз шахси ноқис ба инсони комил сухан мегӯяд.  

Ҷалолиддини Балхӣ дар “Маснавӣ” пеш аз ҳама бузургӣ ва мақоми баланди инсонро дар байни тамоми мавҷудоти олам таъкид намуда, ӯро “ҷавҳари пок” меномад. Шоир покизагии ахлоқ, ҳимматбаландӣ, накӯкориву шарафмандиро аз фазилатҳои аслии инсон мешуморад ва таъкид мекунад, ки ӯ – инсон бояд қадру эътибори худро донад ва қудрату тавоноияшро ба корҳои шоиставу некӯ сарф намояд.

Беҳтарин хислати инсонӣ аз нигоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ин некию накӯкорист. Некӣ кардану накӯкор будан фазилати асосии инсон буда, моҳият ва симои ҳақиқии ӯро нишон медиҳад, рафтору хислатҳои неку ҳамидаро аз ҳама афзал мешуморад:

Рав макун зиштӣ, ки некиҳои мо,

Зишт омад пеши он зебои мо.

Хидмати худро сазо пиндоштӣ,

То ливои ҷурм аз он бардоштӣ..

Гарчи бо ту шаҳ нишинад бар замин,

Хештан бишносу некӯтар нишин [2, с. 42].

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тасвиру ситоиши инсони неку накӯкорро дар маркази эҷодиёти худ қарор додааст ва таъкид бар он дорад, ки инсони накӯхисол дар ҳама маврид аз бадиҳо эмин мемонад ва ахлоқи ҳамидааш ӯро аз ҳама нохушиҳо раҳо мекунад:

Ҳар киро хӯи накӯ бошад, бираст,

Ҳар касе, к-ӯ шишадил бошад, шикаст [2, с. 45].

Некиву накӯкорӣ фазилати асосии инсон буда, моҳият ва симои ҳақиқии ӯро нишон медиҳад. Шоир дар байни накӯрӯйиву накӯхӯйӣ, яъне зебоиии зоҳириву ботинии  инсон фарқе мегузорад ва рафтору хислатҳои неку ҳамидаро аз ҳама афзал мешуморад. Шоир таъкид мекунад, ки ҳусни зоҳирии инсон фаноёбанда аст, аммо ҳусни маънӣ, яъне ахлоқи накӯи инсонӣ ҷовидона:

Пас бидон, ки сурати хубу накӯ,

Бо хисоли бад наярзад як тасу.

В-ар бувад сурат ҳақиру нопазир,

Чун бувад хулқаш накӯ, дар пош мир.

Сурати зоҳир фано гардад, бидон,

Олами маънӣ бимонад ҷовидон [2, с. 46].

Сурати инсон фиребанда аст:

Гарчи шуд маънӣ дар ин сурат падид,

Сурат аз маънӣ фиреб асту баъид.

Дар далолат ҳамчу обанду дарахт,

Чун ба моҳийят равӣ, дуранд сахт [1, с. 83].

Ба ақидаи шоир дӯстӣ шарти нахустини некиву накӯкорист. Зеро бе дӯсту дӯстӣ зиндагӣ кардани чи барнову чи пир аз имкон берун аст. Шоир дар ҳама кор бо дӯст машварат карданро маслиҳат медиҳад:

Ҳар ки бошад ҳамнишини дӯстон,

Ҳаст дар гулхан, миёни бӯстон...

То ҳамора дӯст бинӣ дар назар,

Дар дилат н-ояд зи кин нохуш сувар.

Чунки кардӣ душманӣ парҳез кун,

Машварат бо ёри меҳрангез кун [2, с. 66].

Дӯстро аз душман фарқ карда тавонистан ва наранҷонидани дӯст низ аз шартҳои дӯстӣ мебошад:

Ҳар ки бо душман нишинад бар заман,

Ҳаст ӯ дар бӯстон дар гулхан.

Дӯстро м-озор аз мову манат,

То нагардад дӯст хасму душманат [2, с. 66].

Ё ҷойи дигар:

Ойина(й) дил соф бояд, то дар ӯ,

Вошиносӣ сурати зишт аз накӯ [1, с. 169].

Барои инсони бинодил шарти дигари дӯстӣ ин фаромӯш накардани дӯстони пешин ва ҳамвора дар ёди онҳо будан аст:

Ёракони панҷрӯза ёфтӣ,

Рӯ зи ёрони куҳан бартофтӣ? [2, с. 85].

Аммо ба ақидаи шоири андешапарвар зоҳири инсон фиребанда аст ва на ҳар кас шоистаи дӯстию садоқатмандист. “одамрӯён”-у “иблистинатон” дар ҷомеаи инсонӣ зиёд ба чашм мерасанд:  

Чун басе Иблиси одамрӯй ҳаст,

Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст [1, с. 23].

Шоир накӯкоронро рушанию гармибахшанда ва дунону нокасонро бешарму ҳиллагар номидааст:

Кори мардон рушаниву гармӣ аст,

Кори дунон ҳилаву бешармӣ аст [1, с. 23].

Шоирони форсу тоҷик, аз он ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар он ақида буданд, ки тарбият ба шахси некасл хеле муҳим аст, зеро дар сурати суст шудани тарбият ашхоси нек ба бадкор табдил меёбанд. Адаб доштан, ё худ тарбиятдида будан ба инсон нуру сафо мебахшад:

Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак

В-аз адаб маъсуму пок омад малак [1, с. 18].

Инсон ҳар кору амалеро анҷом медиҳад – хоҳ нек бошад, хоҳ бад ба ӯ ба монанди пажвок бармегардад: 

Ин ҷаҳон кӯҳ ҳасту феъли мо нидо,

Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо [1, с. 21].

Мавлоно инсони бадхашму дағалро мазаммат намуда, таъкид бар он дорад, ки инсон дар ҳар кор набояд ба тундию дағалӣ роҳ диҳад, қабл аз даст задан ба коре ҳарҷониба мулоҳиза намояд, то  ки сипас аз кардаи худ пушаймон нашавад. Ҳилм дар муқобили хашму тундӣ меистад. Инсоне, ки дар ҳама ҳолат хашми худро фурӯ бурда метавонад ва бурдборӣ ихтиёр карда дар муносибат бо ҳамтоён ва муҳити иҳотакардааш ҳалимию меҳрубонӣ нишон медиҳад, инсони бофазлу покиза ва комилу некандеша ва чораҷӯю ботадбир маҳсуб меёбад. Ӯ инсонҳоро ҳушдор медиҳад, ки хашму ғазаб мисли оташанд. Дуруст аст, ки гоҳо оташ барои ҳама мавҷудоти олам, аз он ҷумла инсон метавонад хеле харобиовар бошад. Шоир оқибати нохушу пайомади нигаронкунанда доштани ин хасоили баду аҳриманиро дар “Маснавӣ” шарҳ дода, ҳилму меҳрубониро ба он муқобил мегузорад:

Хашмаш оташ мезанад дар рахти мо,

Ҳилми ӯ рад мекунад тири бало.

Кай бувад, ки ҳилм гардад хашм низ?

Нест ин нодир зи лутфат, эй азиз! [1, с. 179].

Хашму шаҳват аз хасоили аҳриманӣ мебошанд, ки ба инсон беобрӯйӣ меоранд:

Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,

Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад [1, с. 78].

Мавлоно ба тундиву шитобкорӣ сабру бурдбориро муқобил мегузорад ва инро аз шартҳои асосии одамият медонад.

Ғаразу тамаъкорӣ низ аз хислатҳои аҳриманӣ шуморида мешавад. Он кушандаи ҳунар асту ривоҷдиҳандаи беҳунарӣ:

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд [1, с. 24].

Ҳасад низ аз хислатҳои зишту зараровари инсон буда, бештар дар тинати шахси камҳунар падид меояд. Ҳасуд ба дороии моддию маънавӣ, ба пурҳунарию ҳушмандӣ, комёбию муваффақиятии нафари дигар рашк бурда аз мавқеи доштаи худ норозист, аз қаҳр ба худ мепечаду рақиби худро аз сари роҳаш дур кардан мехоҳад. Ӯ ба монанди Иблис аст, ки мудом ба бадкорию зиштандешӣ майл дорад:   

В-ар ҳасад гирад туро дар раҳ гулӯ,

Дар ҳасад Иблисро бошад ғулӯ.

К-ӯ зи Одам нанг дорад аз ҳасад,

Бо саодат ҷанг дорад аз ҳасад.

Акбае з-ин саъбтар дар роҳ нест,

Эй хунук он к-иш ҳасад ҳамроҳ нест [1, с. 26].

Яке аз сифати накӯтарини инсон ин кӯшишу талоши ӯ дар роҳи зиёд кардани илму дониш мебошад. Дар назари шоир илм чароғест, ки роҳи инсонро мунаввар карда, ӯро аз душвориву хавфу хатарҳо эмин медорад ва ба некӯкориву иҷрои корҳои шоиста ҳидоят менамояд:

Илм чун бар дил занад ёре шавад,

Илм чун бар тан занад, боре шавад.

 Ҳин, макаш, баҳри ҳаво он бори илм,

То бубинӣ дар дарун анбори илм.

То ки бар раҳвори илм ойӣ савор,

Баъд аз он афтад туро аз дӯш бор [2, с. 38].

Илм воситаи муҳимми ташаккули инсон буда, ӯро аз ҷоҳиливу нодонӣ, зарпарастиву такаббур ва дигар хислатҳои баду манфур дур медорад. Бинобар ин, шоир поку азиз доштани илму донишро талқин менамояд. 

Мавлоно пайваста таъкид бар он дорад, ки каҷию бадхаёлии инсон харубаи ӯст. Инсон набояд ба ақл нозад ва фармони нафс барад. Дар ҷодаи фаровонзаҳмату пурмашаққати илм набояд нотавонбинону ноаҳлон ва ҳасудону бадандешон роҳ ёбанд. Набояд ба дасти камхираду бадгуҳар илм дод, вагарна аз ӯ ба инсонҳо газанд расад. Ин гуфтаҳои ҳикматбори шоири андешапарвар дар замони имрӯз далелу бурҳони худро пайдо кардаанд. Ҳатто дар замони имрӯз мо шоҳиди он ҳодисоту воқеаҳое мегардем, ки кишварҳои абарқудрати ҷаҳонии дорои яроқҳои ҳастаӣ ва қиркунандаи ҳама неъматҳою офаридаҳои худовандӣ ҳар лаҳза ба сари мардумони мамолики камқудраттар борони  яроқҳои маҳвкунандаи наву ихтирооти технологияи муосирро мерезанд ва аъмоли зишту бехирадонаи онҳо ҷони ҳазорон ҳазор одамони бегуноҳро мерабоянд. Ин суханони ҳикматбори шоири бузург дар замони мо низ актуалианд: 

Воситон аз дасти девона силоҳ,

То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ.

Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд

Дасти ӯро, варна орад сад газанд.

Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

Додани теғ аст ба дасти роҳзан.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,

Фитна омад дар кафи бадгавҳарон [1, с. 378].

Илмро набояд барои амалӣ намудани андешаҳои бад истифода бурд, дар акси ҳол ин барои инсоният заҳр хоҳад буд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ илмро “сурату ҷон” номидааст:

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм [1, с. 42].

Ва он ба манфиати инсоният бояд хидмат кунад.

Чунон ки дар боло ишора шуд, ақлу хирад чароғест, ки дар зиндагии рӯзмарра ҳам роҳи инсонро равшан менамояд, ӯро ба роҳи рости ҳаёт раҳнамун месозад. Ба туфайли ақлу хирад аст, ки инсон некро аз бад ҷудо мекунад, ба адлу дод мегарояд. Ҳамаи корҳои неки инсон аз ин мояи аслӣ ғизо мегиранд. Аз ин ҷост, ки шоир мақоми ақлу хирадро дар зиндагии инсон аз ҳама боло дониста, онро волотарин атои Худованд мешуморад. Ба андешаи шоири бузург ақлу хирад аз синну соли инсон вобастагӣ надорад:

Пир, пири ақл бошад, эй писар!

На сафеди (й) мӯй андар ришу сар!...

Ҷаҳд кун, то пири ақлу дин шавӣ,

То чу ақли кулл, ту ботинбин шавӣ [1, с. 397].

Инсон бе раҳнамоиву мадади ақл наметавонад роҳи дурусти зиндагиро пайдо намояд ва мушкилоту душвориҳои рӯзмарраро паси сар кунад. Ҳар фарде, ки аз ин сармояи маънавӣ камтар бархӯрдор аст, дар зиндагӣ ба гумроҳиҳо роҳ медиҳад, инону ихтиёри нафсро идора карда наметавонад ва ба худу ба ёрон ва инсонҳои дигар мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Ба ақидаи шоиру мутафаккири бузург танҳо инсони соҳибақлу хирадпарвар ба иҷрои корҳои шоистаю инсонпарварона қудрат дорад. Амали ӯ ҳама аз хубию эҳсон, покизагию хушахлоқӣ иборат аст:

В-ар адӯ бошад, ҳамин эҳсон накӯст,

Ки ба эҳсон бас адӯ гаштаст дӯст.

В-ар нагардад дӯст, кинаш кам шавад,

З-он ки эҳсон кинаро марҳам шавад...

Ҳосил ин омад, ки ёри ҷамъ бош,

Ҳамчу бутгар аз ҳаҷар ёре тарош.

З-он ки анбӯҳеву ҷамъи корвон

Раҳзанонро бишканад пушту синон  [1, с. 171].

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маснавӣ золимиву бераҳмӣ, беадолативу фосиқии шоҳону ҳокимои даврро маҳкум менамояд 

Лутфи шаҳ ҷонро ҷиноятҷӯ кунад,

З-он ки шаҳ ҳар зиштро некӯ кунад...

Хидмати худро сазо пиндоштӣ,

Ту ливои ҷурм аз он афроштӣ [2, с. 42].

Сипас, ҳокимону тавонгарони даврро ба адлу инсоф, ростиву накӯкорӣ, мардумпарвариву саховатмандӣ даъват мекунад:

Шермардонанд дар олам мадад,

Он замон, к-афғони мазлумон расад.

Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд...

Меҳрубонӣ шуд шикори шермард,

Дар ҷаҳон дору наҷӯяд ғайри дард.

Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,

Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад  [1, с. 166].

Мавлоно инсонро ба парвозу баландҳимматӣ даъват мекунад:

Мард бошу сухраи мардон машав,

Рав, сари худ гиру саргардон машав [1, с. 28].

Ҳамин тавр, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳар васила бузургӣ ва қадру қимати баланди инсонро таъкид намуда, бештар ба ташаккули ахлоқиву маънавии ӯ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Андешаҳои инсонпарваронаи шоири бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба гузашти асрҳо нигоҳ накарда, арзиши баланди худро нигоҳ медоранд. Бинобар ин омӯзиши андешаҳои инсондӯстии Ҷалолиддини Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” ва умуман эҷодиёти шоир дар тарбияи насли ҷавон ва ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи адабиёт хеле судманд аст.

Адабиёт:

  1. Балхӣ, Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад. Маснавии маънавӣ: Бар асоси матни Р. Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар / Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ – Румӣ. – Теҳрон: Нашри замон, 2001. -728 с.
  2. Гулчини андарзҳои Мавлавӣ аз “Маснавии маънавӣ”. Тартибдиҳандагон: Мирзо Солеҳ, Пӯлод Ниёзӣ, Ҳ Азиз. – Душанбе: Олами китоб, 2008. – 95 с.
  3. Зиёев, Х. Мавлоно (Ҳаёт, таълимот ва сайри таърихии андешаҳои Ҷалолуддини Румӣ) / Х. Зиёев. – Душанбе: Дониш, 2007, 197 с.
  4. Кант, И. Антропология с прагматической точки зрения / И. Кант. – Санкт-Петербург, 1999. – 471 с.
  5. Шиммел, А. Шукӯҳи Шамс / А. Шиммел. – Теҳрон, 1375 ҳ., 885 с.



Ба рӯйхат