,
Чоршанбе, 23-сентябр
Дурахшонтарин чеҳраи адабиву фарҳангии асри Х, ки бо эҷодиёташ таъсири амиқе ба адабиёти асрҳои баъдӣ гузошт, роҳи асосии инкишофи ин адабиётро муайян сохт, Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз падидаҳои рӯшану боризи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба таърихи ғанӣ ва илму фарҳанги оламшумули халқ маҳсуб меёбад. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати фарҳангдӯстонаю адабдӯстонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки дар эҳё намудани фарҳанги миллӣ, санъату адабиёти миллати тоҷик саҳми бориз доранд.
Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ дар тӯли умри хеш осори зиёде дар жанрҳои гуногуни адабӣ – қасида, ғазал, рубоӣ, қитьа, маснавӣ, марсия офаридааст, ки аз он рӯзгор то ба замони мо беш аз ҳазор байт боқӣ мондааст.
Чун мавзуи маърӯзаи имрӯзаи мо ба воситаҳои тасвири бадеӣ дар ашъори ин нобиғаи сухан бахшида шудааст, атрофи он баҳс хоҳем намуд. Устод Рӯдакӣ дар ашъораш аз саноеи бадеӣ фаровон истифода кардааст, ки ин ҷо чанд нуктаи муҳиммеро мехоҳам иброз намоем.
Ба воситаҳои тасвири бадеӣ санъатҳои бадеӣ шомиланд, ки онҳоро ба ду дастаи асосӣ ҷудо мекунанд:
Санъатҳои маънавӣ аз рӯи муносибати маъноии миёни калимаҳо сохта мешаванд, ки ба зоҳири шакл ва маънои онҳо дахл дорад. Онҳо барои ифодаи мазмуни баланд бештар ёрӣ дода метавонанд.
Санъатҳои лафзӣ ба муносибати шаклии калима ва ҳарфу ҳиҷоҳо асос меёбанд. Санъатҳои лафзӣ бештар аз калимабозиҳои адабӣ иборат буда, онро тафаннуноти адабӣ, яъне дилхушиҳои шеърӣ низ меноманд.
Дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин ду навъи санъат дучор меоем, ки хеле дилчасп ва ҷаззобанд. Масалан, таваҷҷуҳ намоед ба як байти устод Рӯдакӣ:
Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.
Дар ин байт шоир аз як қатор санъатҳои бадеӣ истифода кардааст, ки ҳангоми таҳлил панҷ навъи саноеи адабиро муайян намудем:
Санъати ташбеҳ: – «хандаи лола» шукуфтану сурхии лола аст, ки ба чеҳраи Лайло монанд карда шудааст, – боридани боронро гиристани абр номида, онро ба сони оби дидаи Маҷнун, ки аз ишқи Лайлӣ дар кӯҳу биёбонҳо ашк мерехту мегашт, монанд кардааст. Чи тасвироти зебое.
Санъати тазод. Инчунин, дар ин байт санъати тазод низ вомехӯрад, яъне «бихандад» ва «бигиряд» ин ҷо ба ҳам зид омадаанд.
Санъати ташхис: Шоир ба ашё ва ҳодисаҳои беҷони табиат хусусиятҳои инсониро нисбат додааст: Ба лола нисбат додани аъмоли хандидан ва ба абр нисбат додани аъмоли гиристан.
Санъати муроотунназир (таносуби ҷуфти калимаҳо): Лайло ва Маҷнун; намоди ишқу муҳаббат дар адабиёт, Лола, саҳро, гардун – аносири муштараки табиат.
Санъати мувозина ва тарсеъ. дар як байт ба таври мувозӣ ва дар баробари ҳам овардани калимаҳои ҳамқофия:
Бихандад – бигиряд
лола – абр
бар саҳро – бар гардун
ба сони чеҳраи Лайло – ба сони дидаи Маҷнун
Дар як байт аз панҷ санъати бадеӣ истифода кардан на ба ҳар як шоир муяссар мегардад, танҳо шоире метавонад, ки истеъдоди модарзодӣ ё худододӣ дошта бошад.
Санъати истиора низ аз санъатҳои дӯстдоштаи устод Рӯдакӣ маҳсуб меёфт. Дар рубоие шоир рӯйи маъшуқаро ба дарё, ҳуснашро ба лаълу марҷон, ки андаруни дарё ниҳонанд, зулфонашро ба анбар, ки (моддаи муммонанди хокистарранг аст, ки аз меъдаи моҳии анбар (кашалот) гирифта мешавад ва хеле хушбӯй буда, дар саноати атриёт истифода мешавад), даҳони маъшуқаро ба садаф ва дандонҳояшро ба дурр, абрӯро ба киштӣ ва ожангҳои пешониро ба мавҷи дарё, талотуми дарёро ба зери манаҳ, яъне ғабғаб ва чашмони маъшуқаро ба тӯфон монанд кардааст. Дар ин рубоӣ фикрҳо мутаносиб афтода, таносуби сухан хеле хуб риоя шудааст. Дар ин рубоӣ санъати истиора ба кор рафтааст. Чунончи:
Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,
Зулфат анбар, садаф даҳан, дурр дандон,
Абрӯ каштию чини пешонӣ мавҷ,
Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.
Шояд саволе ба миён биёяд, ки дар ин ҷо низ монандшавӣ дида мешавад, пас, санъати истиора чӣ гуфтани гап? Ба санъати ташбеҳ чӣ иртиботе дорад? Истиора як шохаи ташбеҳ аст. Дар луғат ба маънои «кор фармудани калима дар ғайри маънии аслии худаш барои зебоӣ ва пуртаъсир шудани сухан» меояд. Агар дар шеър адоти ташбеҳ набошад, вай истиора аст. Яъне, калимаҳои ба сони, мисли, монанди, чун, ҳамчун ва монанди инҳо омада бошанд, адоти ташбеҳ ном доранд. Агар калимаҳои фавқуззикр набошад, пас, истиора аст.
Санъати сифатчинӣ. Зиёда аз ин, дар ин рубоӣ санъати сифатчинӣ низ вомехӯрад, яъне қаҳрамони лирикӣ сифатҳои рӯйю зулфу даҳону дандон ва чашму абрӯю пешонии маъшуқаро як-як баён кардааст, ки санъати сифатчиниро бозгӯ менамояд.
Зиёда аз ин, дар ин рубоӣ санъати сифатчинӣ низ вомехӯрад, яъне қаҳрамони лирикӣ сифати рӯйю зулфу даҳону дандон ва чашму абрӯю пешонии маъшуқаро як-як баён кардааст.
Санъати талмеҳ (ёдовар шудан аз нақлу ривоёти гузашта). Дар рубоии зер аз достони «Юсуф ва Зулайхо», ки дар адабиёти классикии форсу тоҷик хеле машҳур аст, инчунин, дар «Қуръон»-и Маҷид сурае зери унвони «Юсуф» омадааст ва зебоии Юсуф тавсиф шуда, машҳури ҷаҳон гардида буд. Ин маъниро устод Рӯдакӣ дар рубоие ба мисоли зеборӯёне мисли Юсуфи канъонӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Таваҷҷуҳ фармоед:
Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам.
З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!
Санъати саволу ҷавоб – Санъати саволу ҷавоб – чунон санъати бадеиест, ки қаҳрамони лирикӣ худаш ҳам савол медиҳад ва ҳам аз номи маъшуқа посух мегӯяд. Ба унвони мисол рубоии зерро пешкаши шумо менамоем:
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар!
Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Ҳамин тавр, ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун равшангари афкор ва баёнгари хулқу атвори писандида, бо истифода аз воситаҳои тасвири бадеӣ дар сатҳи баланд эҷод шудаанд ва бо саҳли мумтанеъ – забону услуби содаву равон, фасеҳу ширин, мазмуни баланд ва ҷаззобияти хос доштанашон қалбу шуури ҳар як хонанда ва шунавандаро тасхир менамоянд. Ин аст, ки асрҳои аср қимати илмию адабии онҳо кам нашуда, рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Холиқова Зайналбӣ - номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ