, Чоршанбе, 23-сентябр

ТАСВИРИ ШОҲИ ОРМОНӢ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ


ТАСВИРИ ШОҲИ ОРМОНӢ ДАР АШЪОРИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Дар кишвари тоҷикон Рӯзи Рӯдакӣ эълон шудани 22-юми сентябр ва ҳамасола бошукӯҳ ҷашн гирифтан аз ин рӯзи фархунда бозгӯи он аст, ки мардуми тоҷик дар баробари дигар халқҳои тараққипарвару фарҳангии ҷаҳон ба гузаштааш эҳтиром гузошта, номовартарин шоири миллии худ – Одамушшуаро устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандиро қадр намуда, панду андарзҳояшро то кунун дастурамали зиндагии худ қарор додааст. Таҳаввулоти адабиву фарҳангии замони Сомониён як адабиёти оламшумулеро бо сарварии ин устоди бузурги сухан ба миён овард, ки фурӯғи ҷовидонии он то рӯзҳои мо нурпошӣ мекунад.

Дар мавриди шуҳрату бузургии ин суханвари форсизабонони дунё шарқшиноси маъруфи замони шуравии рус Е.Э. Бертелс чунин овардааст: «Рӯдакӣ бе ҳеҷ гумоне устоди бузургу беҳамтои сухан ва дергоҳе роҳнамои рушди ҳамаи сухансароёни порсӣ будааст… Асарҳояш солҳои дароз рушди пасини чакомасароии порсии тоҷикиро муайян мекард ва ҳамон аст, ки дар сарчашмаҳо вайро «Одамушшуаро» меноманд».

Ба шарофати ин устоди сухан дар дилу шуури мардумон эҳсосоти наҷибу нодири миллатгароӣ, ватандорӣ, гуманизми фаъол шуълаафшон шуд. Рӯдакӣ буд, ки дар устувор гардидани давлати Сомониён ҳиссагузор шуд. Шоир таъсир ва сухани худро қайд карда, онро аз Оли Сомон донистааст, ҳарчанд дар шуҳратёр гардидани ин сулолаи давлатдорони тоҷик хидмати ӯ низ кам набуд:

 Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ

 Варо бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд!

Ин шоири бузург дар давлатсозии Сомониён саҳми беандоза дорад. Устод Рӯдакӣ вазифаи граждании адибу мақоми ҳаётии адабиётро дуруст дарк намуда, эҷодиёти худ ва пеш аз ҳама, асарҳои мадеҳавиашро ба сиёсати давлатии замон тобеъ гардонида, ба ин васила барои таҳкими давлати мутамаркази миллӣ саҳм гузоштааст.

Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Теъдоди абёти девони ӯро беш аз 100 000 гуфтаанд.

Мутаассифона, аз осори шоир то имрӯз зиёда аз 1100 байт ба мо расидаасту бас. Аммо ончи аз устод Рӯдакӣ то ба рӯзгори мо расид, баёнгари онанад, ки вай дар ҳунари сухангустарию қудрати офаринандагӣ тавоно будааст.

Осори Рӯдакӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ эҷод шудаанд ва мазмуну мавзуъҳои мухталифро фаро мегиранд. Абёти ниҳоят кам ба рӯзгори мо расидаи ин шоири тавоно дар воқеъ ҳам бо маъниҳои баланду пурвусъат моро дар ҳайрат мегузорад. Шеъри Рӯдакӣ ба монанди аксар адибони форсизабони асри X аз мавзуъҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, фалсафӣ, ишқу муҳаббат, панду ҳикмат, ватандӯстӣ, ҳаётдӯстӣ, пеш рондани урфу одатҳои тоҷикии анъанавӣ ва онро ба истилогарон муқобил гузоштан, тасвири зебоиҳои табиат, фаслҳои сол иборат мебошад. Аммо ӯ ҳамчун шоири ватандӯсту ҳомии давлати мутамарказ ва сарвари ҳама суханварони дарбори шоҳони сомонӣ дар эҷоди сухани воло ба масъалаи идеализатсияи давлати ягона, ки онро подшоҳи бохираду адолатпарвар мебояд сарварӣ кунад, бештар таваҷҷуҳ кардааст. Ин идеяи пешқадам бештар дар мадҳияҳои шоири бузург тараннум ёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки мадҳияҳои Рӯдакӣ мадоҳии хушку холӣ набуд. Шоир дар қасидаҳояш шоҳи ормонӣ – сарвареро, ки орзуяш мекард, тараннум кардааст. Устод Рӯдакӣ дар қасидаҳояш шоҳони Сомониро ситоиш намуда, дар атрофи онҳо сарҷамъ шуданро таъкид менамояд. Ба ин восита ақидаи зарурати таъмин намудани ягонагӣ ва нигоҳ доштани давлати марказонидашударо баён менамояд, гузашта аз ин адибони дигари даврро ба ин масъала ҷалб мекунад. Аммо ин навъ шеъри Рӯдакӣ аз ашъори дар мавзуи мадҳ эҷодкардаи дигар шоирон ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин бора муҳаққиқ Х. Мирзозода дар асари худ “Таърихи адабиёти тоҷик” андешаҳои ҷолиб овардааст: “ Мадҳияҳои Рӯдакӣ мадоҳии хушку холӣ набуд. Қасидаҳои ӯ аҳамияти сиёсию давлатӣ ва табиявӣ доштанд. Мадҳи амирони сомонӣ ва феодалҳои тобеи онҳо, нигоҳ доштани давлати мутамарказонидашуда ва садоқати мирони маҳалҳо ва сардорони давлатиро дар назар дошт, ки дар он манфиатҳои халқи тоҷик ва истиқлолияти давлати феодалии он дар назар дошта шудааст”.

Бинобар ин қасидасароии Рӯдакӣ аз қасидасароии баъди асри X – давраи истилои туркҳо ва муғулҳо фарқи куллӣ дорад. Ҷиҳати дигари қасидаҳои мадҳии ӯ дар он аст, ки ҳокимони феодалиро ба халқпарварӣ, адолатшиорӣ, инсондӯстӣ, ҳомии аҳли илму адаб будан ва ватанпарварӣ даъват кардааст.

 Идеализатсияи шоҳи «худӣ» дар шеъри Рӯдакӣ зиёд ба назар мерасад. Амирони Сомонӣ, ба монанди шоҳони то давраи исломии халқҳои ориёитабор Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён дар замони худ аз байни ин табор зуҳур карда, бино ба овардаи муаррихину манбаъҳою сарчашмаҳои сиёсию илмӣ ва адабӣ дар давраи ҳукмронии худ аз рӯйи сиёсати адолатпарваронаю додхоҳона ва ҷонибдорӣ намудан аз манофеи мардумони одию заҳматкаши табаашон ҳукм меронданд. Ин гуна сиёсатро минбаъд насли дигари сиёсатмадорони замони зуҳури ислом дар қаламрави забони форсӣ, аз байни ҳокимони маҳаллӣ Тоҳириён, Саффориён, Сомониён идома доданд. Аммо бо қудрату тавоноии сиёсӣ аз ҳама беш мавқеи ҳукмронони сулолаи Сомониён бузургтару қудратмандтар ба назар мерасид. Шуҳрату мавқеи намояндагони ин сулолаи овозадорро на танҳо ҳудуди бузургу паҳновар ва даромаду фавоиди иқтисодию молиявии онҳо, инчунин сиёсати дурусти илмию фарҳангиашон низ баланд мекард. Назми классикии асри X-ро маҳз Сомониён ба тахт бароварда буданд, ки онро Рӯдакии бузург сарварӣ мекард. Малики шоирони дарбори шоҳони сомонӣ аз сарварони адолатпарвару додхоҳи ин сулола ситоишҳо мекарду онҳоро ба халқпарварию раъиятдӯстӣ даъват.

Ситоиши Рӯдакӣ аз амирони Сомонӣ, ба вижа, Наср бинни Аҳмади Сомонӣ дар аксар абёти қасоидаш ба назар мерасад. Ин ситоиши ростин ва ифтихоромезе аст. Масалан, дар қасидаи «Модари май»-и шоир масъалаи хеле муҳими таърих – ба ҳукумати марказӣ содиқона тобеъ будани феодалҳои маҳаллӣ гузошта шудааст, ки ҳодисаи воқеии таърихан зарури ҳаёт буд. Ӯ подшоҳро ба адлу дод ва халқпарварию инсондӯстӣ даъват мекунад:

 Боз ба ҳангоми доду адл ба халқ,

 Нест ба гетӣ чун ӯ набиву мусулмон,

 Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,

 Ҳастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон.

Масалан, байтҳои зерин Наср бини Аҳмади Сомониро аввал дар саховат ба Ҳотами Той ва дар қаҳрамонӣ ба Рустами Дастон ташбеҳ дода, баъд ба тариқи руҷӯъ аз онҳо ҳам болотар гузоштааст:

Ҳотами Той туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Дар услуби шеърҳои ба шоҳон бахшидашуда, хусусан дар навъи қасида ба ҳақиқати ҳаётӣ мувофиқ кардани мамдуҳ шарт нест, зеро вай бояд аз будаш баландтар гузошта шавад. Дар ашъори Рӯдакӣ шахсияти хаёлии подшоҳ бо сифатҳои хубе васф карда мешавад, ки бояд озоднажод, душманкӯб, покдин, хирадманд, доно бошад.

Донишманди тоҷик Аълохон Афсаҳзод дар асараш “Одамушшуаро Рӯдакӣ” дар мавриди хислату шахсияти амирони Сомонӣ чунин андешаҳои ҷолиб баён кардааст: “Дар асл, аз чаҳор подшоҳи Сомонӣ – Насри I бинни Аҳмад, Исмоил бинни Аҳмад, Аҳмад бинни Исмоил ва Насри II бинни Аҳмад – валинеъматони Рӯдакӣ фақат Исмоил амири хирадманду ботадбир буд”.

Дар замони Насри II бинни Аҳмади Сомонӣ, ки мамдуҳи Рӯдакӣ ба шумор мерафт ва қисмати зиёди ҳаёти шоир маҳз дар дарбори ин шоҳи саховатпеша гузаштааст, вазирони сомонӣ Балъамӣ ва Ҷайҳонӣ дар ободии кишвару равнақи фарҳанг ҳиссаи бузург гузоштаанд. Накӯтарин хислате, ки Устод Рӯдакӣ дар шахсияти подшоҳу амирон мебинад, адлу саховатпешагӣ ва бахшандагиву надимнавозист, ки дар осори боқимонда ва дастраси ӯ қабл аз ҳама ва беш аз ҳама тарғибу талқини ҳамин хусусиятҳои наҷиб ба назар мерасад:

Ҷаҳоно, чӣ бинӣ ту аз баччагон,

Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро?!

На позер бояд туро, на сутун,

На девори хишту на оҳандаро!

Шоир адлу инсофро аз лашкару сипоҳи муқтадир ҳам боло мегузорад. Саховатмандӣ низ аз хислатҳои накуи шоҳон буда метавонад. Дар баробари диҳиш дод ҳам аз ҷиҳатҳои писандидаву матлуби амир аст. Адлу адолати пешакӣ ва додхоҳии амир орзуи ҳамешагии шоир аст (Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме – Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?!).

Шахси адолатпеша, дар мисоли ҳукмрони замон, аз нигоҳи Рӯдакӣ барои мардум чунон муътабар аст, ҷавру бахилию мумсикӣ аз силлату савлати чунин одам завол пазируфта, адлу осоишу саховат қад мефарозад. Шоир ба мамдуҳи худ мегӯяд:

Ту, ки ҷавру бахилӣ ба ту гирифт нишеб,

Чунон ки доду саховат ба ту гирифт фароз!

Ҷуд бо караму сахо ба сони либосест, ки шахси соҳибэҳсонро машҳур гардонида, ба ӯ азамату ҷалолат мебахшад:

Аз ҷуд қабо дорӣ, пӯшида мушаҳҳар

В-аз маҷд бино дорӣ, барбуда мушайяд!

Шеъри Рӯдакӣ дар васфи Бухоро тағаззули маъруфе дар ҳафт байт аст, ки бори аввал онро ва вазъи суруда шуданашро Низоми Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» нақл кардаааст. Аз назари аксар муҳаққиқин он беҳтарин намунаи ашъори васфӣ ва дар мавзуи тараннуми шоҳи ормонӣ иншошуда мебошад.

Қиссаи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, замони дароз дар ҳаволии Ҳирот, ё худ дар Бодғис монданаш ва барои ташвиқи ба Бухоро баргаштани вай сурудани ин шеър аз ҷониби Рӯдакӣ маъруф аст. Мо аз нақли он қисса худдорӣ мекунем ва бо овардани шеър, ки бар ҳасби мақсади ин мақола зарурат дорад, иктифо менамоем:

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.

Реги Омую дуруштий роҳи ӯ

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,

Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме.

Дар бораи Ҷӯйи Мӯлиён дар китоби «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ ахбори ҷолибе мавҷуд аст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти он Амир Исмоил «ба Ҷӯйи Мӯлиён саройҳо ва бӯстонҳо сохт ва бештар ба маволиён вақф кард». Калимаи Мӯлиён мухаффафи Маволиён ва ҷӯйи Мӯлиён номи ҷӯе дар Бухоро буда ва он минтақаро Ҷӯйи Мӯлиён мегуфтаанд [Наршахӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро, с. 39].

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён, ки ёди ёри меҳрубонро бо худ меорад, бо мазмуни тағаззули «Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд»-и Рӯдакӣ ҳамоҳангии яқин дорад. Дар ҳарду маврид бӯйи ёру диёр ба ҳам пайваста ва якҷоя меоянд. Онҳо бо бӯйи хуши обу рустаниҳою ёр аз ҷониби бод оварда мешаванд. Гӯянда кайфияти хушӣ аз ёди диёр, таровати он дорад ва чунин эҳсосу кайфияти қалбию равониро аз бӯйи хуши диёр шояд каси дигар қаблан насутуда бошад. Аз ин ҷиҳат гӯянда шахси воқеъбин аст, ки танҳо аз андешаи дар қайди банду назаре набудан сар зада метавонад.

Дуруштии реги Омӯ ва дар зери по чу парниён омаданаш аз ҳиссиёти хушӣ ва иштиёқи роҳи Бухорост, ки дуруштии онро пай намебарад. Бо ҳамин нишоти рӯйи дӯст оби Ҷайҳун аспи хинги (сафеди моил ба кабудӣ) моро то миён меояд. Ин ҷо то миёни асп омадани об муболиғаи шоир нест. Воқеан, вақте асп дар об шино мекунад, об то миёнаш (на то пушташ) меояд. Ҳама чиз дар ин шеър нидои шодӣ медиҳад ва Бухоро бояд шод бошаду дер зияд, ки мир зи он шодмон меояд. Мир ба монанди моҳу сарв аст, ки ба осмон ва бӯстон меоянд. Дар воқеъ, якҷоя сарв бо дурахши моҳ ҳусни нарми табиатро ба вуҷуд меоранд ва ҳамаи онҳоро шоир бо шахсияти мир пайванд медиҳад. Ин ҳамбастагӣ ҳусну зебоии пайваста бо ҳастии воқеӣ, табиати регу роҳу рӯду моҳу осмон ва шахсияти инсон дар симои мир ва худи гӯянда ба вуҷуд овардааст. Дар ин ҷо назару андешаи шоири ҷаҳонбин аст, ки кайфияту ҳолати мардумиро ба ҷаҳони зоҳирӣ пайванд дода, як вазъи зебоеро ба вуҷуд овардааст. Дар ҳамин ҳоли дақиқи пайванди ормони одамӣ бо воқеияти асоси ҳусни зебои нотакрор ва эстетикаи ин шеър аст, ки зиёда аз ҳазор сол боз ҳиссиёти моро ба бедорию шинохти он даъват менамояд.

Рӯдакӣ дар ашъори худ, ба вижа қасидаҳояш пас аз амирону ҳокимони давр феодалҳои маҳалҳо, сипаҳсолорҳо (мисли Абуҷаъфаи Аҳмад), раис-ул-вузаро (монанди Балъамӣ), вазирон (монанди Мусъабӣ) ва дигаронро низ васф мекунад, ки дар пеш бурдани корҳои давлатдорӣ ва нигоҳ доштани ҳукумати мутамарказ ба подшоҳ кӯмак мерасонанд. Онҳо идеали аввалдараҷаи шоир нестанд, балки тобеи идеали нахустдараҷа подшоҳ, султон ё амири ҳукумати марказӣ мебошанд. Онҳо бояд аз фикрҳои марказгурезӣ, ҷудоиталабӣ ва саркашӣ аз ҳукумати марказӣ дур, вале баръакс мубориз ва оштинопазир бо ҳамин гуна қувваҳо бошанд.

Намунаи ҳамин гуна ҳокими содиқ дар замони Рӯдакӣ Абуҷаъфар Аҳмад бинни Муҳаммад сипаҳсолори Сиистон буд. Вай аз саркардагони марказгурези давраи Сомонӣ ба муқобили Мокон бинни Қоқӣ, ки аз Насри II рӯй гардонда, аз Сомониён алоқаи худро канда буд, ҷангида, ӯро мағлуб ва асир гирифта, хабари хушро ба Насри II фиристод ва бо ҳамин садоқати худро ба ҳукумати марказӣ зоҳир кард. Намунаи қасидаҳое, ки Рӯдакӣ ба ин гуна саркардагони тобеи подшоҳи ҳукумати марказӣ бахшидааст, қасидаи мадҳия ба Абуҷаъфар Аҳмад аст, ки ҳоло қасидаи “Модари май” ном гирифтааст. Хушбахтона, ин қасидаи шоир, ки аз наваду чаҳор байт иборат аст, бе каму кост ба воситаи китоби “Таърихи Сиистон” – аз муаллифе гумном, ки тақрибан дар чоряки дувуми асри XI таълиф шудааст, то ба мо омада расидааст.

Ба ҳамин тариқ, Устод Рӯдакӣ вазифаи граждании адибу мақоми ҳаётии адабиётро дуруст дарк намуда, эҷодиёти худ ва пеш аз ҳама, асарҳои мадеҳавиашро ба сиёсати давлатии замон тобеъ гардонида, ба ин васила барои таҳкими давлати мутамаркази миллӣ фаъолият нишон додааст.

Дар мавриди мавзуи тараннуми шоҳи ормонӣ ва баёни ғояҳои олии шоир дар ашъори мадҳиявӣ ва тасвири симои сарвари адолатпарвару додхоҳ, хирадманду раъиятпарвар ба гуфторамон метавон идома бахшид, вале фурсати маҳдуд тавони идома додани суханро надорад ва умед аст ба ин мавзуъ дар оянда рӯ хоҳем овард.

Ашурова Нодира – доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат