, Чоршанбе, 16-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ - РОҲ БА СӮИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


ИСТИҚЛОЛИЯТ - РОҲ БА СӮИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон онро 35 сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талоши тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърих мебошад. Андешаи истиқлолият ва расидан ба давлатдории миллӣ дар зеҳни миллати мо дар тӯли беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Маҳз соҳибистиқлолӣ барои тоҷикон имконият фароҳам овард, ки тақдири давлат ва миллатро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди худро интихоб намоянд.

Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ҳаётӣ касб кардааст. Зеро ҷаҳони муосир бо пешрафти босуръати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари имкониятҳои нав, хатарҳои ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ, иттилоотӣ ва маънавиро низ ба миён овардааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо зиракии сиёсӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ барои таҳкими истиқлолият саҳми арзандаи худро гузорад.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», инчунин роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими маърифатпарварона мебошанд. Чоп ва ба ҳар як оилаи кишвар тақдим намудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» низ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани маърифати ҷомеа нақши муассир гузошт.

Дар баробари ин, танҳо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар солҳои охир ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Ин тадбирҳо бозгӯи сиёсати созандаи давлат ва талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ободии Ватан мебошанд.

Дар таърихи ҳар халқу миллат рӯйдодҳое ҳастанд, ки сарнавишти минбаъдаи давлатро барои даҳсолаҳо муайян мекунанд. Барои мардуми тоҷик Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи чунин воқеаҳои бузурги таърихист, ки дар ҳаёти миллат гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадам гузорад.

Соҳибистиқлолӣ ба ҷомеаи тоҷик рӯҳи нав бахшида, эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар миёни мардум тақвият дод. Дар ин давра миллати куҳанбунёди тоҷик тавонист марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар намуда, дар роҳи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ қадамҳои устувор гузорад.

Ба шарофати истиқлолият, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тамоми заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд. Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ даҳҳо лоиҳаи муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардида, ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ сохта шуданд, ки имрӯз ба манфиати мардуми Тоҷикистон хизмат мекунанд.

Бо вуҷуди буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон тавонист иқтисодиёти худро ба маҷрои рушди устувор равона созад. Имрӯз нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ ва энергетика гувоҳи пешрафти пайвастаи кишвари соҳибистиқлол мебошанд.

Аммо оғози истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят сангин буд. Дар замоне, ки миллат ҳанӯз рамзҳои давлати соҳибихтиёри худро пурра ташаккул надода буд, гурӯҳҳои хиёнаткор ва манфиатҷӯ кишварро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашиданд. Ҳадафи онҳо таҳмили фарҳанги бегона ва аз байн бурдани давлатдории миллии тоҷикон буд.

Дар натиҷа кишварро бесарусомонӣ ва бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Зиёда аз як миллион нафар ҳамватанон ба гурезаи иҷборӣ табдил ёфта, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ва пиронсолон ҷони худро аз даст доданд. Ҳазорон кӯдак ятим ва ҳазорҳо модар бесаробон монданд. Даҳшати бузургтарини он солҳо хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон буд.

Дар чунин шароити ниҳоят вазнин фарзандони огоҳи миллат ва неруҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат муттаҳид шуданд. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва нахустин қадами қатъӣ дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот гардид.

Миллати тоҷик бо иродаи қавӣ ва эътимод ба фардо соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлатро ҳифз намуд. Дар ҳамон марҳала мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ ва низоми идоракунии мамлакат аз нав барқарор гардида, фаъолияти онҳо ба манфиати давлат ва мардум равона карда шуд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ болоравии ҳувият, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон мебошад. Имрӯз вазифаи ҷомеа аз он иборат аст, ки ин арзишҳоро боз ҳам таҳким бахшида, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, омӯзиши илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намояд.

Қобили зикр аст, ки дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтанд. Ин соҳаҳо ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардида, дар ташаккули маънавии ҷомеа, густариши худшиносии миллӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши калидӣ доранд. Ифтихор аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули сиёсати хориҷӣ низ дар давраи истиқлолият саҳифаи тамоман нав буд. Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ин самт дар ихтиёри ҳукумати марказӣ қарор дошт. Баъди соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон маҷбур шуд, ки ҳамзамон бо ҳифзи давлатдорӣ сиёсати хориҷии мустақили худро низ ташаккул диҳад.

Ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишварро муайян намуданд: рушди муносибатҳо бо давлатҳои пасошуравӣ, махсусан Федератсияи Русия; таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ; густариши робита бо Эрону Афғонистон; инкишофи муносибат бо кишварҳои исломии Шарқ ва роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои Ғарб. Маҳз ҳамин сиёсати мутавозин Тоҷикистонро ба узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ табдил дод.

Дар солҳои душвори навадуми асри гузашта Тоҷикистон на танҳо худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд, балки таҷрибаи нодири сулҳофариро ба ҷаҳон нишон дод. Эътирофи байналмилалии талошҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат боиси болоравии обрӯи Тоҷикистон гардида, соли 2000 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ сарфароз гардонида шуданд.

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ - мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо - аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад. Ҳадафи давлат на танҳо сохтмони иншоот, балки муҳайё намудани шароити муосири таълиму тарбия, таъмин бо технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти замонавӣ мебошад. Ҳамаи ин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илмҳои дақиқ, забономӯзӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ равона гардидааст.

Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодааст, ҳар яки моро зарур аст, ки бо меҳнати содиқона, худшиносии баланд ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои таҳкими давлатдории мустақил ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро истиқлолият танҳо дастоварди гузашта нест, балки масъулияти бузург дар назди имрӯз ва фардои миллат мебошад.

Пулодов Амирҳамза, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат