, Панҷшанбе, 10-сентябр

МУВАФФАҚИЯТҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ


МУВАФФАҚИЯТҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз бо ба даст овардани истиқлолият давлат соҳибихтиёр гардида, роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардид ва ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф шуд.

Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Дар ин муддати начандон тӯлонии таърихӣ кишвари мо ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, аз давраи душвори сиёсиву иқтисодӣ ба марҳилаи рушди устувор ва созандагӣ расид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият маҳз аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Мутаассифона, дар оғози соҳибистиқлолӣ бар асари мудохилаи неруҳои беруна ва фаъолияти гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, вазъи сиёсии мамлакатро ниҳоят мураккаб намуд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бузургу безаволи халқи тоҷик ва дастоварди беназири таърихӣ дар муддати кӯтоҳ собит намуд, ки он самараи меҳнати фидокоронаи миллат, кӯшишу талошҳои ҳар як фарди ватандӯст ва меҳанпарвар мебошад. Имрӯз истиқлолият пояи пойдории давлат, рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмат ва ормони чандинасраи фарзандони асили миллат маҳсуб меёбад.

Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳким ёфтанд. Сиёсати давлатмеҳварона, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва фарҳанги баланди миллӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик дар масири таърих соҳиби анъанаҳои бузурги давлатдорӣ буда, ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва таҳаммулгаро дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Зикр бояд кард, ки дар даврони истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзанда ва манзалати хос касб намуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму ойинҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маросимҳои динӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром риоя мегарданд.

Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Ин иншооти муосири таълимӣ имрӯз яке аз марказҳои муҳими тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар минтақа ба шумор меравад.

Донишгоҳ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ имкониятҳои васеъ дорад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар факултети химия ва биология ҳашт озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯйи самтҳои химия ва биология бо таҷҳизоти замонавии лабораторӣ фаъолият намуда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявию биологӣ ҳамарӯза хизмат мерасонанд.

Имрӯз дар ин озмоишгоҳҳо магистрантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ машғул буда, таҳқиқоти бунёдӣ анҷом медиҳанд. Таъсиси чунин пойгоҳҳои илмӣ дар доираи амалисозии Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф сурат гирифта, барои рушди илми ватанӣ ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Илмҳои дақиқ, аз ҷумла химия, физика, математика ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин илмҳои табиатшиносӣ - биология, геология ва экология - имрӯз на танҳо барои пешрафти илми назариявӣ, балки барои рушди иқтисоди миллӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти калидӣ доранд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи давлат ба рушди ин соҳаҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати маориф ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар даврони истиқлолият Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тавонист як хобгоҳи нави замонавӣ барои 360 нафар донишҷӯдухтарро бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода диҳад. Ҳамзамон, дар биноҳои таълимӣ низоми муосири гармидиҳӣ насб гардида, барои беҳтар намудани шароити таълиму таҳсил тадбирҳои муассир амалӣ шуданд. Дар рӯзҳои наздик бошад, бинои нави баландошёнаи таълимӣ ва ду бинои хобгоҳи омӯзгорон, ки дорои 72 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошанд, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаи касбӣ ва рушди иқтидори илмии омӯзгорони ҷавон онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ин ғамхорӣ моро водор месозад, ки минбаъд низ бо масъулияти баланди ватандорӣ, садоқат ба касб ва рӯҳияи созандагӣ баҳри пешрафти илму маориф ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошем.

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдори миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватансозӣ мебошад. Ин ҳама маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯст ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муяссар гардидааст.

Маҳз роҳбарии хирадмандона ва сиёсати давлатмеҳваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон дар муддати 35 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ноил гардид. Имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ, ободиву созандагӣ зиндагӣ намуда, бо ифтихор аз комёбиҳои Ватани азизамон баҳри рушду шукуфоии он меҳнат менамоем.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Гарчи истиқлолияти давлатии мо ҷавон аст, аммо умри миллат ва таърихи давлатдории аҷдодони мо ҳазорсолаҳост.» Ин суханон ифодагари пайванди амиқи давлатдории муосири тоҷикон бо таърихи пурғановати миллат буда, моро ба ҳифз ва таҳкими истиқлолият раҳнамун месозанд.

Баҳри татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мо - аҳли илму маориф, ҳар як устоду мураббӣ, омӯзгору муҳассил, волидону фарзандон - вазифадорем, ки тамоми донишу заковат, ақлу хирад ва малакаи касбии худро барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созем. Зеро ояндаи дурахшони Ватан аз масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳнати содиқонаи ҳар як шаҳрванди он вобаста аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ, сулҳу осоиш, ваҳдати ҷовидона ва дар корҳои рӯзмарра муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Давлатмуродзода Мирзомурод, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат