,
Панҷшанбе, 10-сентябр
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки имрӯзҳо дар саросари кишварамон тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии муҳимтарин дастоварди миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифта истодаанд. Дарвоқеъ, истиқлолу озодӣ аз муҳимтарин омилҳои ҳастии давлату миллат ба ҳисоб рафта, сарчашмаи саодату хушрӯзии мардум дар масири нави давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Моҳият ва арзиши ин неъмати бебаҳо аз самари сиёсати инсондӯстонаву ватанпарварона ва мактаби ифтихори миллии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, меҳри он ҳамчун кафили ояндаи босубот ва зиндагии осоиштаи халқ дар замири пиру барно ҷой гирифтааст.
Ба бахти халқи Тоҷикистони азиз фарзонафарзанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити басо сангину норавшан ба арсаи сиёсат ворид гардид. Маҳз санъати бузурги роҳбарӣ, хиради воло, таҷрибаи рӯзгор ва рӯҳи шикастнопазири ӯ боис гардид, ки чунин як мактаби бузурги роҳбарӣ бунёд гардад. Нақш ва мақоми Мактаби ифтихори миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву худогоҳии халқи тоҷик, ба хусус ҷавонон, хеле бузург аст. Зарфияти он дар муттаҳид намудан ва пойдории сулҳу субот дар кишвар, инчунин ҷараёни ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони навин бо номи фарзанди баруманди халқи тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, маънидод карда мешавад.
Маҳз бо талошҳои пайваста ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки худшиносии миллӣ ба унвони масъалаи ҳаёти ҷамъиятӣ ташхис дода шуда, роҳу равиши густариш ва такомули он муайян карда шавад. Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Роҳбари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодию истиқлол маънидод кардааст. Инчунин, эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки Ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт ва ба истиқлолияти комил расид.
Сарвари тоҷикони олам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суннатҳои давлатдории гузаштагони худ - аз Куруши Кабир то Исмоили Сомониро бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд. Ва ҳамин тариқ сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллии хешро собит намуданд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зикр мекунанд: «То даме ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мо падид наояд, то даме ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем».
Воқеан, баъди талошу заҳматҳои зиёд тавонист давлати комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намояд. Ва ин ҳама натиҷаҳо нишонае аз мактаби сарварӣ ва худшиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, шинохтани ӯ ба сифати Пешвои миллат, Асосгузори давлати навини тоҷикон, аз рӯи адолати иҷтимоӣ буда, аз чорчӯбаи суннатҳои давлатдории ҷаҳони муосир берун нест. Инчунин, ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон рӯй додаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар назди имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин васила халқи куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрӯю манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз дар рӯзҳои аввали сардори давлати тоҷикон интихоб шуданашон чунин сухани воло гуфта буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам».
Аввалин армуғоне, ки дар мақоми роҳбарии давлат ба мардуми тоҷик оварданд, паёми сулҳ буд. Дар таълимоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, категорияҳои «ватандӯстӣ», «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқеву мақоми шахсият ва дарки умумияти нажодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ сурат мегирад. Ӯ бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида, мардуми шарафмандро беш аз пеш ба масоили худшиносиву худогоҳӣ ва инсондӯстию ватанпарастӣ даъват менамояд.
Ба андешаи Роҳбари давлат: «Афрӯхтани шӯълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад...».
Сарвари давлат ватандӯстию худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодию истиқлол маънидод мекунад ва нишон медиҳад, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум буд, ки Ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Бо дарназардошти чунин воқеият, масъалаи мазкур аввал ба дӯши давлат ва сипас ба зиммаи равшанфикрон ва аҳли зиёи миллат вогузор карда шуд. Воқеан, зиёиён метавонанд ғояи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, халқро ба якдигарфаҳмӣ ва меҳанпарастӣ омода созанд.
Пешвои миллат омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносии миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунад: «...рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте ба ҷо ва шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ, вагарна ифтихорат пучу бепоя, паст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт».
Дар воқеъ, хизматҳои барҷастаи Сардори давлат ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ мақому манзалати баланд доранд. Масалан, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин қайд кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз ин шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меёбад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Маврид ба зикр аст, ки мақсади аз ҳама муҳими миллати тоҷик ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ буд, ки мо ба он соҳиб шудем. Аз ин рӯ, метавон бо ифтихор изҳор намуд, ки истиқрори сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.
Воқеан, кишвари мо таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари мамлакат дар давоми 34 соли охир мустақилона тараққӣ ёфта, мушкилоти ҳаёти худро бо муваффақият ҳал карда, дар сохтмони давлатӣ ва эҳёи миллӣ комёбиҳои бузург ба даст овард. Ҳамзамон, вазъи сиёсии он ором буда, иқтисодиёти он муттасил тараққӣ мекунад, шароити зиндагии мардум торафт беҳтар мегардад ва равобити берунии мамлакат бештар вусъат меёбад.
Инчунин, баргузор намудани чорабиниҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бахшида ба:
ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (5 сентябри соли 1994);
ҷашни 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (4 сентябри соли 1995);
675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (сентябри соли 1996);
семинари байналмилалии илмии «Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ» (15 июни соли 1998);
ҷашни 90-солагии Бобоҷон Ғафуров (21 декабри соли 1998);
Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (Санкт-Петербург, 28 апрели соли 1999);
чорабиниҳо бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (сентябри соли 1999);
ҷашни 960-солагии Умари Хайём (26 октябри соли 2000);
Конфронси илмӣ бахшида ба 2700-солагии китоби «Авесто» (1–2 ноябри соли 2001);
конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба 5-умин ва 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (17 июни соли 2002, 25 июни соли 2007);
маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (8 сентябри соли 2006);
Конфронси байналмилалии илмии «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (сентябри соли 2007)
ро метавон ҳамчун нишони худшиносӣ ва худогоҳӣ аз мактаби ватандӯстӣ ва ифтихори миллии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзёбӣ намуд.
Рӯ овардан ба таърихи миллат, расму оин ва зуҳуроти анъанаҳо бояд дар доираи арзишҳои ҷомеаи мутамаддин ва нигоҳи навини бунёдгар бошад. Тадбирҳо ва ибтикорҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба он оварданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Аз тарафи дигар, Роҳбари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, тавассути хиради воло дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Ҳамин тавр, роҳи тайкардаи ин шахсияти таърихӣ барои халқи тоҷик аз бисёр ҷиҳат роҳи бунёдгарони давлатҳои миллиро дар замони муосир мемонад. Дар масири давлатдориву давлатсозии тоҷикон дар марҳилаи нав хизматҳои шабонарӯзии Роҳбари олии кишварро ба назар гирифта, месазад, ки ӯро чун Пешвои тоҷикони олам эътироф намоем.
Тавониста бошем бо меҳнати софдилонаву садоқат ба Ватан арзишҳои истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои давлатдориро дар ин марҳила ҳифз намуда, барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст талош намоем. Чун пайравони асили Пешвои миллат дар атрофи сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми назаррас гузорем.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ фархунда бод!
Абдуллоев Насрулло, дотсент, сардори шуъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ