, Шанбе, 05-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


ИСТИҚЛОЛИЯТ - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ, рамзи озодӣ ва кафили давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик Истиқлолият танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки оғози марҳалаи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва муайян намудани сарнавишти ояндаи кишвар мебошад.

Аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол сипарӣ гардид. Халқи шарафманди тоҷик моҳи сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии хешро ба даст оварда, онро бо сарварии хирадмандона ва заҳмати бевоситаи марди шарифу хоксор, Пешвои раъиятпарвар, Қаҳрамони миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ҳифз карда, побарҷо нигоҳ доштанд. Тӯли ин солҳо дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии мамлакат таҳаввулот ва пешрафтҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.

Мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки солҳои 1992 то 1997 барои миллати тоҷик ва сарвари ҷавони он Эмомалӣ Раҳмон мушкилтарин давраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Сулҳофарӣ, ваҳдатсозӣ ва истиқлолиятро пойдор нигоҳ доштан кори осон набуд. Пеш аз ҳама, ватани маҳбуби мо бо сулҳу субот таъмин гардида, муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан гардонида шуда, миллати сарбаланди тоҷик муттаҳиду сарҷамъ гардида, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғул гаштанд, ки ин ҳама талошҳо қадами дигари Пешвои миллат ва миллати тоҷик дар роҳи таҳкими давлати миллӣ буд.

Комилан боварӣ дорем, ки дар он солҳо як нафари камиродаву ноустувор ба сари қудрат меомад, яқинан миллат ва давлати тоҷиконро рӯ ба нобудӣ меовард. Ин шахсият буд, ки аз баҳри амнияту ҷони худ сарфи назар карда, чун як пояи устувори давлатсозии миллии тоҷикон бо амри тақдир оташи низоъ ва бархӯрдҳоро нест мекард. Дар ҳақиқат, боз ҳам таърих гувоҳӣ медиҳад, ки то фарде бо як истеъдоде аз баҳри ҷони худ дар байни як миллат нагузарад, наметавонад, ки он миллат сарҷамъ ояду ташаккул ёбад. Ин рисолатро Қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда тавонист ва ин худфидоӣ омили дигари таҳкими давлатдории миллӣ то имрӯз ва тӯли қарнҳо дониста мешавад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро таъмин намудан, имрӯз миллати мо ташаккулу такомул меёбад ва кишвари азизамон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ оварда, боз ҳам зебову шукуфон мегардад.

Баробари рушди дигар соҳаҳо, соҳаи маориф, илм ва фарҳанг рушд карда, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари омӯзиш барои насли ҷавон корҳое муҳими солҳоӣ соҳибистиқлолӣ мебошанд. Имрӯз мардуми заҳматкаши тоҷик, зиёиён, олимон, мутахассисони гуногунсоҳа, намояндагони ҳизбу созмонҳо, ташкилоту муассисаҳо аз он рӯз ёдовар мешаванд, саҳифаи таърихро варақгардон мекунанд ва сад шукр ба Парвардигор менамоянд, ки миллати моро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт, халқи моро дар атрофи марди баору баномус, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳи тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ намуд.

Истиқлолият барои миллату ватани азизи мо - Тоҷикистон, дастовардҳои бузурге овард. Имрӯзҳо мо худ шоҳиди он ҳастем, ки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои созандагӣ, бунёдкорӣ, гулгулшукуфоӣ ва пешрафти иқтисоди кишвар чӣ қадар ҷидду ҷаҳд менамояд. Ҳатто баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳ, ваҳдат ва якдилию якдигарфаҳмӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои судманд намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шиносонид ва мақоми онро баланд бардошт. Ин корнамоӣ ва қаҳрамониҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Албатта, бо шарофати ин неъматҳои бузург муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатӣ  барафрохта, Суруди миллии мо дар ҳавои софу беғубори Ватани азизамон танинандоз аст. Вақте муҳаббат ба Ватан дар қалби як миллат меафзояд, ин маънии салтанати сулҳ дар он кишварро дорад. Хушбахтии миллати мост, ки Худованд ин марди одил- Пешвои ииллатро барои тоҷикон ато фармудааст ва ин марди бузург бо ҳимояву пуштибониҳо аз мавқеи мардум ва зиндагии шоистаи онҳо ин мақомро ёфтааст. Возеҳу равшан гуфтан мумкин аст, ки «...барои ҳимояи давлат неруи бузурги ҳарбӣ шарт нест. Дар ин масир неруи бузург он аст, ки агар халқи ваҳдатдӯст ба давлати худ муҳаббат дошта бошад ва дар ҳимояи он талош кунад».

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муттаҳидӣ бо халқи сарҷамъгаштааш сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда, барои рушди ҳамаи соҳаҳои стратегии кишвар фазои созгорро муҳайё сохт. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудият ва таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули қарорҳои сиёсии ҳаётан муҳим ва ниҳоятан дар дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими истиқлолияти сиёсию давлатӣ ва такмили пояҳои он вобаста аст.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имсол 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ифтихор аз он дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо аст. Мамлакат дар ҷодаи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ устуворона қадам мегузорад ва ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардидем. Имрӯз симои шаҳру деҳоти кишвар дигаргун гашта, ба рӯзгори мардум таровату ҳусни тоза зам намудааст. Миёни халқ як меҳру муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром ҷой дорад, ки ин боиси ифтихору шарафмандист. Нақши сулҳу ваҳдатро дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи ҷомеа баръало эҳсос менамоем. Сулҳ ва истиқлолияти тоҷиконро, ки бо хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик ва ҷоннисориҳои ҳазорон тоҷикон ба даст омадааст, ҳамеша бояд ҳифз намоем.

Аз ин рӯ, бақои истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои он барои мо - тоҷикон - вазифаи ҷонӣ мебошад. Зеро ҳамаи дастовардҳои дирӯзу имрӯзи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони фарзандони мо аз ҳолати ҳимояшавандагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан вобастагӣ дорад.

Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Акбарзода Маҳрам Нусратулло, дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо




Ба рӯйхат