,
Шанбе, 05-сентябр
Худованд миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар паҳнои таърих санаҳои муҳиме ҳастанд, ки ба хотираи абадии миллат табдил меёбанд ва роҳи фардои онро муайян месозанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургу сарнавиштсоз аст. Он барои миллати тоҷик оғози як марҳилаи тозаи соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва эҳсоси масъулияти бештар дар назди Ватан гардид. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки дар масири таърихи навин бо номи давлати соҳибистиқлол қадам гузорем, арзишҳои миллии худро гиромӣ дорем ва орзуи давлатдории муосири тоҷиконро бо иродаи худ амалӣ созем.
Истиқлолият ба миллат, пеш аз ҳама, имкони интихоби роҳи худ аст. Интихоби он ки чӣ гуна давлат созад, чӣ гуна зиндагӣ кунад, кадом арзишҳоро ҳифз намояд ва барои фарзандони худ чӣ гуна оянда бисозад. Барои тоҷикон, ки дар тӯли асрҳо забон ва фарҳанги худро ҳамчун сутуни ҳастии миллӣ нигоҳ доштаанд, соҳибистиқлолӣ имкони воқеии эҳёи давлатдорӣ ва таҳкими мавқеи миллиро фароҳам овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолиятро дар шароити печидаи сиёсиву иҷтимоӣ истиқбол гирифт. Барои нигоҳ доштани давлат, барқарор намудани оромӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа неруи бузурги сиёсӣ ва иродаи устувор зарур буд. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан муҳим гардид. Сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгиронаи ӯ барои барқарории субот ва таҳкими давлатдорӣ ба марҳилаи нави ҳаёти кишвар роҳ кушода, дар фазои орому осуда тадриҷан роҳҳои нав бунёд шуданд, муассисаҳо фаъол гардиданд, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ рушд карданд ва кишвар қадам ба қадам симои худро дигар намуд.
Аммо истиқлолият танҳо ба даст овардани як санади ҳуқуқӣ ё эълони соҳибихтиёрӣ нест. Истиқлолият имтиҳони бузурги таърих аст. Миллат бояд дар ин имтиҳон собит созад, ки метавонад тақдири худро ба дасти худ бигирад, давлат созад, қонунро эҳтиром кунад, сулҳро ҳифз намояд ва барои наслҳои оянда мероси шоиста ба ҷой гузорад.
31 августи соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва 9 сентябри ҳамон сол бо қабули қарор дар бораи истиқлолияти давлатӣ ин ормони деринаи миллат шакли воқеии сиёсӣ гирифт. Аз ҳамон рӯз 9 сентябр дар таърихи тоҷикон ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо кард, ки саҳифаест, ки бо ҳарфи заррин дар китоби сарнавишти миллат навишта шудааст.
Вале таърих гувоҳ аст, ки соҳибистиқлол шудан осонтар аз соҳибистиқлол мондан аст. Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон солҳои сахту пуртазод буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ захми амиқе ба ҷомеа расонд, ҳазорҳо хонавода азоб диданд, иқтисоди кишвар осеб дид ва садҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд ҷойи зисти худро тарк кунанд. Дар чунин шароит масъалаи асосӣ на танҳо сохтани давлат, балки ҳифзи худи давлат буд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон гардиши муҳиме ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин марҳила Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардид ва бо ваъдаи қотеонаи хеш, ки «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам», иродаи сиёсӣ ва масъулияти таърихии худро дар назди миллат баён намуд. Баъд аз ин роҳ ба сӯи сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳарчанд пурпечутобу душвор, тадриҷан оғоз гардид.
Сипас, музокироти тӯлонии байни тоҷикон, ки аз соли 1994 оғоз ёфта, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба марҳилаи таърихии худ расид, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар таърихи муосири кишвар гардид. Ин санад барои мардуми тоҷик дари нави зиндагиро боз кард. 27 июн ба рамзи пирӯзии гуфтугӯ бар силоҳ, мантиқ бар эҳсос ва ваҳдат бар ҷудоӣ табдил ёфта, Ваҳдати миллӣ бошад, сутуни дигари қасри истиқлол гардид.
Солҳои баъди истиқрори сулҳ барои Тоҷикистон давраи барқарорсозӣ ва рушди тадриҷӣ гардиданд. Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», НБО «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол», роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Чаноқ ва дигар лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ на танҳо иншооти иқтисодӣ, балки нишонаҳои ҳаракати кишвар ба сӯи худкифоӣ ва пайвастагии бештари минтақаҳо гардиданд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол эҳёи худшиносии миллӣ мебошад. Забон, таърих, фарҳанг, либоси миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва мероси маънавии гузашта дубора ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ворид шуданд. Дар ин миён таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ва баъдан 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар ҷашнҳои таърихиву фарҳангӣ танҳо як силсила чорабиниҳои идона набуданд. Онҳо талоши бозхонии таърих ва ба насли ҷавон нишон додани он ҳақиқати бузург буданд, ки миллати тоҷик дар харитаи тамаддуни ҷаҳонӣ решаҳои амиқ дорад.
Соли 2009 ба таърихи фарҳангии Тоҷикистон бо ҳарфҳои дигар ворид шуда, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2009-ро Соли байналмилалии забонҳо эълон кард. Имрӯз низ Парчами Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид парафшон аст. Садои давлати тоҷикон дар минбарҳои байналмилалӣ шунида мешавад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон густариш дода, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ талош менамояд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об ва захираҳои обӣ, қабули қатъномаҳои СММ оид ба эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нишон доданд, ки Тоҷикистон метавонад на танҳо масъалаҳои дохилии худро ҳал кунад, балки дар рӯзномаи ҷаҳонӣ низ мавқеи фаъол дошта бошад.
Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар меандозем, дар пеши назари мо на танҳо солҳои пур аз рӯйдод, балки қиссаи муборизаи як миллат барои зиндагии шоиста падид меояд. Миллате, ки рӯзҳои сахтро аз сар гузаронд, аммо шикаста нашуд. Миллате, ки захмҳои ҷангро дид, вале сулҳро интихоб кард. Миллате, ки ба ҷойи нафрат роҳи бахшиш, ба ҷойи ҷудоӣ роҳи ваҳдат ва ба ҷойи ноумедӣ роҳи созандагиро пеш гирифт.
Дар ин масир Истиқлолият агар дарахт бошад, решааш таърих, танааш ваҳдати миллӣ, шохаҳояш давлатдорӣ, баргҳояш фарҳанг ва мевааш зиндагии шоистаи мардум аст. Агар реша хушк шавад, дарахт мемирад, агар ваҳдат коста гардад, истиқлолият низ осебпазир мешавад.
Мо бояд шукргузор бошем, ки имрӯз давлати зебову пешрафта, Пешвои муҳибу ғамхор ва мардуми созандаву бунёдкор дорем. Миллатҳое ҳастанд, ки давлат доштанду аз даст доданд. Миллатҳое ҳастанд, ки сарзамин доштанду соҳибихтиёриро аз даст доданд. Миллатҳое ҳастанд, ки таърихи бузург доштанд, вале натавонистанд онро ба неруи созанда барои имрӯз табдил диҳанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз таърих на танҳо ифтихор намоем, балки сабақ бигирем, зеро ҳифзи Истиқлолият қарзи шаҳрвандии мост. Пас, вазифаи ҳар фарди миллат аст, ки ин дарахти муқаддаси Истиқлолиятро бо меҳри Ватан, бо оби дониш ва бо неруи созандагӣ сабзу пойдор нигоҳ дорад.
Бигзор офтоби нурбахши шукуҳу шуҳрати Истиқлоли Ватан ҳар субҳ аз фарози кӯҳҳои сарбафалаки Тоҷикистон тулӯъ намуда, Парчами давлатӣ дар насими Ватан парафшонӣ кунад!
Бигзор ҳақиқати соҳибихтиёрии миллати тоҷик чун садои кӯҳистон дар фазои таърих тарабафкану танинандоз бошад!
Обидамоҳ Худойдодова, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ