,
Ҷумъа, 04-сентябр
Муддати зиёдест, ки байни равшанфикрон, нависандагон ва соҳибназарони кишвар оид ба масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ, моҳияти он ва чигунагии роҳу василаҳои расидан ба он баҳсҳо ҷараён доранд. Дар ин иртибот, як теъдод олимони кишвар мақолаҳои зиёде ба нашр расонда, ҷанбаҳои гуногуни ин масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд, ки аксарияти онҳо хеле дилчасп ва омӯзанда мебошанд.
Имрӯзҳо бисёр коршиносон, таҳлилгарон ва таҳқиқотчиёни соҳаи иҷтимоиву сиёсӣ суоле пеш меоранд: -Ба даст овардани чунин сулҳу ваҳдати солим ба мо - тоҷикон чи гуна муяссар гардид? Дар ҳақиқат, ин суоли воқеӣ ва муҳим аст, зеро дар тӯли таърихи рушди ҷомеаи башарӣ, ки ҳамеша бо ҷангу низоъҳо ҳамроҳ буд, насли инсоният натиҷаи низои дохилиро дар шакли чунин ваҳдати пӯлодин мушоҳида накардааст.
Таърихи бою кӯҳан ва инчунин охири асри сипаригаштаи кишварамон воқеаҳои бузурги сиёсиро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми онҳо дар марҳалаи худ нақши махсус доранд. Дар таърихи навин, аз нигоҳи мо, волотарин дастрасӣ ва дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар сарнавишти давлатдории навини тоҷикон марҳалаи тозаи таърихиро кушод.
Аммо бо вуҷуди барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар вазнин боқӣ мемонд. Гаравгонгирӣ, куштор ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, ҷинояткорӣ рӯз ба рӯз афзун мегашт. Шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ террор карда мешуданд ва ҳукумати вақт қудрати ҳимояи шаҳрвандони худро надошт. Эълони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 кишварро ба саҳнаи муборизаи беамон барои ҳокимият табдил дод. Зиддиятҳои гурӯҳӣ ба миён омада, оташи ҷанги бародаркуш аланга зад ва хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва парокандашавии миллат ба миён омад. Дар чунин вазъияти тақдирсоз, ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду хушбин, иродатманд ва миллатдӯст ниёзи шадид дошт.
Дар ҷаҳон ҳодисаҳое ба назар мерасанд, ки ё таърих шахсиятро ташаккул медиҳад ва ё шахсият дар таърихи ин ё он миллату давлат нақши калидиро иҷро менамояд. Хости сарнавишти миллати тоҷик ва бахти баланди ин миллату давлат буд, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе Роҳбари давлат интихоб шуд, ки тақдири миллату давлатро ба куллӣ тағйир дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати хоси сиёсӣ дар айёми мубҳаму бесарусомониҳо сарварии кишварро ба ӯҳда гирифта, чун сиёсатмадори дурандеш ташаккул ёфтанд ва соҳиби фазилатҳои хоси сарварони миқёси ҷаҳонӣ гардиданд. Музокироти пурсамари байни тоҷикон, пеш аз ҳама, бо ташаббус ва саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор, қатъ гардидани амалиёти ҳарбӣ дар марз, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва расидан ба ризояти миллӣ оғоз ёфт.
Вале ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчунон идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда, он лаҳзаҳои пурдоғу пурдардро беҳтар дарк мекунем ва мебинем, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷони худро ба гарави сулҳ гузошта буданд. Чуноне ки ин абармарди ватанпараст дар рӯзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш гуфта буд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам, ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам».
Дар он аём кам касон бовар доштанд, ки шахсе тавонад оташи шадиди эҳсоси интиқомро, ки аз хусусиятҳои ғаризии башар аст, фурӯ нишонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нияти неки худ содиқ монданд ва тавонистанд, ки ба ин дудмони бузург сулҳу оромиш биёранд ва бародарони ба ҳам шӯридаро сари як миз нишонда, нони оштӣ диҳанд. Ба арсаи сиёсат зуҳур намудани чунин шахсияти бузург аз лутфи Худованди якто ва тақдири баланди миллати тоҷик буд.
Дар он шароит, бо мақсади раҳоӣ аз вазъи сангин, моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди ҳайати Ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик оғоз ёфта, то моҳи июни соли 1997 идома кард ва 8 давраро фаро гирифт. Музокироти мазкур дар ҷумҳуриҳои Эрон, Русия, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардид.
Мебояд зикр намуд, ки таърих ва миллати тоҷик ғамхориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлатро дар раванди таъмини сулҳ ва ризояти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон (мулоқоти 11 декабри соли 1996), ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев «Роҳ ба сӯи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат, хатарнок ва бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте сарвари гурӯҳи мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар деҳаи Хосдеҳ (воқеъ дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор) гузаронанд, гӯё иродаи қавии Президентро месанҷид. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бе ҳеҷ дудилагӣ рози шуд: «Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва дар ҳар соат мулоқот кунам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад...»
Аз рӯи маслиҳати пешакӣ, чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта, сипас ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд, ки дар он ҷо сарлашкари машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд низ ҳузур дошт. Вале дар сарҳад чархболи Сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Ҳамроҳон ба Президент маслиҳат доданд, ки ба ақиб баргарданд, зеро парвоз дар ҳудуди давлати бегонае, ки дар он ҷанги дохилӣ авҷ гирифта буд, хатари бузурги ҷонӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро хуб дарк мекард, аммо ҳамзамон медонист, ки ҳар соати ғанимат агар бенатиҷа гузарад ва созишномаи оташбас имзо нашавад, ҷавонони зиёде аз ду ҷониб талаф меёбанд. Аз ин рӯ, Президент фармон доданд, ки ба парвоз идома диҳанд.
Ин амали боҷуръат ва саршор аз умеду боварӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Абдуллоҳи Нурӣ «Суръатҷаласа дар бораи ба танзим даровардани вазъияти сиёсӣ дар минтақаҳои ҷанг»-ро имзо карданд. Пас аз ин вохӯрӣ дар раванди гуфтушунидҳо дигаргуниҳои қатъӣ ва муҳим ворид гашта, амалан оташбас байни размандагон ва сарбозони ҳукуматӣ оғоз ёфт. Агар Президент он рӯз аз сарҳад ба Душанбе бармегаштанд, маълум набуд, ки садои тӯпҳо кай хомӯш мешуд. Бо чунин ҷонбозиҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба Тоҷикистон ва тоҷикистониён сулҳу суботро эҳдо намоянд.
Дар натиҷа, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид. Таҷрибаи музокироти тоҷикон, ки бо сулҳу созиш ба анҷом расид, барои давлатҳое, ки имрӯз ба чунин низоъҳо дучор шудаанд, намунаи ибрат аст. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмиву сиёсии ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир дар таърихи сулҳофаринии байналмилалӣ эътироф мекунанд.
Хулоса, хомӯш сохтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, пеша кардани фарҳанги сулҳофарӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи миллат, татбиқи авфи умум, пурра баргардонидани гурезаҳо, наҷоти Тоҷикистон аз хатари нобудӣ ва пойдор намудани амнияти саросариву ободкориҳо, ҳама самараи Ваҳдат ва нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ватанзода Шердил Ватан - доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ